Расонаҳо: Ёвари тоҷикистонии роҳбари ДИИШ* дар Туркия маҳкум шуд

© AP / Sherin ZadaВооруженные сторонники движения ИГИЛ, архивное фото
Вооруженные сторонники движения ИГИЛ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Обуна шудан
Додгоҳи Туркия яке аз ёварони Абубакр Бағдодӣ, роҳбари пешини созмони террористии ДИИШ*-ро ба зиндон маҳкум кардааст
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Додгоҳ яке аз ёварони Бағдодӣ, раиси пешини созмони террористии ДИИШ*-ро барои ҳашт солу чор моҳ равонаи зиндон кардааст.
Ба навиштаи расонаҳои Туркия, маҳкумшуда зодаи Тоҷикистон буда, Аҳмад Сулаймон ибни Муҳаммад ном дорад. Расман мақомоти Тоҷикистон дар ин бора ҳанӯз изҳори назар накардаанд.
Манобеи туркӣ менависанд, ки Аҳмад Сулаймон зимни як амалиёти мақомоти истихборотӣ дар шаҳри Истанбул боздошт гардидааст. Расонаҳо ӯро яке аз ёварони наздики Абубакр Бағдодӣ муаррифӣ мекунанд.
Сотрудники ФСБ России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
Боздошти донишҷӯ дар Маскав барои ҷонибдорӣ аз ДИИШ*
Маврид ба зикр аст, ки худи Бағдодӣ 27 октябри соли 2019 дар пайи як амалиёти нерӯҳои амрикоӣ дар минтақаи Идлиб кушта шуд. Зимни амалиёт ҳамроҳаш чанд узви ДИИШ ва аъзои хонаводааш низ кушта шуданд.
Созмони "Давлати исломии Ироқу Шом" дар қаламрави Сурия ва Ироқ фаъолият дошта, як муддат қисмате аз минтақаҳои ин ду кишварро таҳти назорат гирифта буд. Аз Тоҷикистон низ ҳазорҳо нафар ба ин созмон ҷалб шуд, ки бархеашон кушта, бархеашон дар зиндон ва гурӯҳи дигаре таҳти пайгард қарор доранд. Даҳҳо нафар аз занону кӯдакони аъзои кушташудаи ДИИШ* ба Тоҷикистон баргардонда шудаанд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0