https://sputnik.tj/20211217/donishjuy-maskav-jonibdori-diish-1044218523.html
Боздошти донишҷӯ дар Маскав барои ҷонибдорӣ аз ДИИШ*
Боздошти донишҷӯ дар Маскав барои ҷонибдорӣ аз ДИИШ*
Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти федералии амнияти Русия - "ФСБ" аз боздошти донишҷӯй аз Осиёи Марказӣ барои ҷонибдорӣ аз созмони террористии ДИИШ* хабар дод
2021-12-17T15:00+0500
2021-12-17T15:00+0500
2021-12-17T18:44+0500
амният ва мудофиа
парванда
дииш
мақомот
боздошт
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0c/1032990508_0:135:1497:977_1920x0_80_0_0_89adf3fb003e5f4cbaf33a4df4c8e5c4.jpg
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Дар Маскав донишӯи Донишгоҳи технологиии Русия боздошт гардид, ки миёни ҳамсолонаш ғояҳои ҷиноии ДИИШ-ро тарғиб мекардааст, хабар дод ФСБ. Ба иттилои тафтишот, ҷавони муттаҳам шаҳрванди яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, борҳо кори ҷангиёни ДИИШ-ро сафед карда, ба бунёди хилофат дар Ироқу Сурия даъват менамуд. Таъикд шудааст, ки ӯро дар хобгоҳи донишгоҳ боздошт намудаанд. Парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ барои даъвати оммаӣ ба фаъолияти террористӣ ва сафедкунии терроризм ифтитоҳ шудааст. Манбаъ афзуд, ки тайи ду соли охир мақомоти қудратии Русия беш аз 90 амали террористиро пешгирӣ кардаанд. Зикр шудааст, ки бештари онҳоро исломиёни тундгаро дар қисмати аврупоии Русия тарҳрезӣ мекарданд. *-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20211210/mujohid-diish-tahdidi-buzurg-afghoniston-1044080733.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0c/1032990508_194:0:1497:977_1920x0_80_0_0_ee357497c086552d6f6440877d7d3a75.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хадамоти федералии амният, русия, боздошт, донишҷӯй
хадамоти федералии амният, русия, боздошт, донишҷӯй
Боздошти донишҷӯ дар Маскав барои ҷонибдорӣ аз ДИИШ*
15:00 17.12.2021 (Навсозишуда: 18:44 17.12.2021) Хадамоти федералии амнияти Русия - ФСБ аз боздошти донишҷӯе аз Осиёи Марказӣ барои ҷонибдорӣ аз созмони террористии ДИИШ* хабар дод
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Дар Маскав донишӯи Донишгоҳи технологиии Русия боздошт гардид, ки миёни ҳамсолонаш ғояҳои ҷиноии ДИИШ-ро тарғиб мекардааст, хабар дод ФСБ.
"Аз фаъолияти ҷонибдори ДИИШ, ки талоши ҷалби донишҷӯёни яке аз донишгоҳҳои пойтахтро ба тундгароию терроризм дошт, ҷилавгирӣ шуд", - навиштааст РИА Новости бо такя ба иттилоияи Хадамоти федералии амният.
Ба иттилои тафтишот, ҷавони муттаҳам шаҳрванди яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, борҳо кори ҷангиёни ДИИШ-ро сафед карда, ба бунёди хилофат дар Ироқу Сурия даъват менамуд.
Таъикд шудааст, ки ӯро дар хобгоҳи донишгоҳ боздошт намудаанд. Парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ барои даъвати оммаӣ ба фаъолияти террористӣ ва сафедкунии терроризм ифтитоҳ шудааст.
Манбаъ афзуд, ки тайи ду соли охир мақомоти қудратии Русия беш аз 90 амали террористиро пешгирӣ кардаанд. Зикр шудааст, ки бештари онҳоро исломиёни тундгаро дар қисмати аврупоии Русия тарҳрезӣ мекарданд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар