https://sputnik.tj/20211222/qoidahoi-khud-muhojiron-rusiyaro-tahdid-mekunand-1044320538.html
Бо қоидаҳои худ: чаро муҳоҷирон Русияро таҳдид мекунанд?
Бо қоидаҳои худ: чаро муҳоҷирон Русияро таҳдид мекунанд?
Sputnik Тоҷикистон
Бархе аз атбои хориҷӣ дар Русия рафтори хашин доранд: онҳо қоидаҳои худро муқаррар менамоянду ҷиноят содир мекунанд
2021-12-22T15:00+0500
2021-12-22T15:00+0500
2024-01-27T15:28+0500
муҳоҷират
таҳдид
мушкилот
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/1a/1050262234_0:148:2818:1733_1920x0_80_0_0_8155703efc09011d7692f3f8684b214c.jpg
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Ҷиноёти муҳоҷирони кишварҳои хориҷи наздик ба яке аз таҳдидҳои аслии Русия табдил ёфтааст, гуфт Александр Михайлов, генерал-майори мустаъфии ФСБ-и Русия дар суҳбат бо “Лента.ру”.Вай қайд кард, ки мақомоти амниятии Русия ба як чолиши ҷиддӣ, яъне теъдоди зиёди ҷиноятҳои марбут ба гурӯҳҳои мухталифи қавмӣ рӯ ба рӯ шудаанд.Генерал-майори ФСБ гуфт, бархе аз муҳоҷироне, ки ба Русия меоянд, кӯшиш мекунанд, дар қаламрави ин кишвар тартиботи худро ба таври хашин муқаррар намоянд.Михайлов таъкид кард, "ҳама гуна низоъҳои миёни қавмҳо ҳамеша боиси ҳаяҷон ва нороҳатии зиёди ҷомеаи Русия мегардад, ки ин як мушкили ҷиддии амниятии кишвар аст".Генерали рус роҳҳалли ин мушкилотро дар ихроҷи фаврии шаҳрвандони хориҷӣ, онҳое, ки бо судури аъмоли дар боло зикршуда муқаррарори қавонини Русияро нақз мекунанд, аз Русия мебинад.Михайлов дар мусоҳиба бо "Lenta.ru" шарҳ дод, ҳамватанони онҳо баъзан гаравпулӣ ё ҷарима месупоранд, бинобар ин муттаҳам озод мешавад.Ӯ қайд кард, ин гуна шахсон ҳиссе пайдо мекунанд, ки барои онҳо ҳама чиз иҷозат аст.Ёдовар мешавем, дар Русия тадриҷан ба қонунгузории муҳоҷират тағйирот ворид карда мешавад. Яке аз онҳо аз 29 декабр эътибор пайдо мекунад.Ҳамин тавр ба муҳоҷирон кортҳое дода мешавад, ки мушобеҳи кортҳои ҳушманди миллӣ ҳастанд.Он акси муҳоҷир, ному насаб, санаи таваллуд, шаҳрвандӣ, рақами шиноснома, касб, номи минтақа, изи ангуштон ва ғайраро дар бар мегирад.
https://sputnik.tj/20211216/mujozoti-afghoniston-rusiya-naqzi-qavonini-muhojirat-1044194269.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/1a/1050262234_157:0:2662:1879_1920x0_80_0_0_d155948de1911e342f488006b14f9e48.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, муҳоҷират, таҳдид, хатар, қоида, хашин
русия, муҳоҷират, таҳдид, хатар, қоида, хашин
Бо қоидаҳои худ: чаро муҳоҷирон Русияро таҳдид мекунанд?
15:00 22.12.2021 (Навсозишуда: 15:28 27.01.2024) Бархе аз атбои хориҷӣ дар Русия рафтори хашин доранд: онҳо қоидаҳои худро муқаррар менамоянду ҷиноят содир мекунанд
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Ҷиноёти муҳоҷирони кишварҳои хориҷи наздик ба яке аз таҳдидҳои аслии Русия табдил ёфтааст, гуфт Александр Михайлов, генерал-майори мустаъфии ФСБ-и Русия дар суҳбат бо “Лента.ру”.
Вай қайд кард, ки мақомоти амниятии Русия ба як чолиши ҷиддӣ, яъне теъдоди зиёди ҷиноятҳои марбут ба гурӯҳҳои мухталифи қавмӣ рӯ ба рӯ шудаанд.
Генерал-майори ФСБ гуфт, бархе аз муҳоҷироне, ки ба Русия меоянд, кӯшиш мекунанд, дар қаламрави ин кишвар тартиботи худро ба таври хашин муқаррар намоянд.
Михайлов таъкид кард, "ҳама гуна низоъҳои миёни қавмҳо ҳамеша боиси ҳаяҷон ва нороҳатии зиёди ҷомеаи Русия мегардад, ки ин як мушкили ҷиддии амниятии кишвар аст".
Генерали рус роҳҳалли ин мушкилотро дар ихроҷи фаврии шаҳрвандони хориҷӣ, онҳое, ки бо судури аъмоли дар боло зикршуда муқаррарори қавонини Русияро нақз мекунанд, аз Русия мебинад.
Михайлов дар мусоҳиба бо "Lenta.ru" шарҳ дод, ҳамватанони онҳо баъзан гаравпулӣ ё ҷарима месупоранд, бинобар ин муттаҳам озод мешавад.
Ӯ қайд кард, ин гуна шахсон ҳиссе пайдо мекунанд, ки барои онҳо ҳама чиз иҷозат аст.
Ёдовар мешавем, дар Русия тадриҷан ба қонунгузории муҳоҷират тағйирот ворид карда мешавад. Яке аз онҳо аз 29 декабр эътибор пайдо мекунад.
Ҳамин тавр ба муҳоҷирон кортҳое дода мешавад, ки мушобеҳи кортҳои ҳушманди миллӣ ҳастанд.
Он акси муҳоҷир, ному насаб, санаи таваллуд, шаҳрвандӣ, рақами шиноснома, касб, номи минтақа, изи ангуштон ва ғайраро дар бар мегирад.