https://sputnik.tj/20211221/hushdor-rahmon-omikron-tojikiston-1044300620.html
Ҳушдори Раҳмон аз мавҷи нави коронавирус: аз хориҷомадаҳо зери назорат бошанд
Ҳушдори Раҳмон аз мавҷи нави коронавирус: аз хориҷомадаҳо зери назорат бошанд
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон аз паҳншавии штамми нави коронавирус ҳушдор дод
2021-12-21T17:05+0500
2021-12-21T17:05+0500
2021-12-21T20:15+0500
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
эмомалӣ раҳмон
коронавирус
омикрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/17/1032512292_0:0:2653:1492_1920x0_80_0_0_a9ac0ffd580659c05887e7dd58b20520.jpg
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми солона ба парлумон аз таҳдиди мавҷи нави коронавирус гуфт.Ба гуфтаи президент, гарчанде дар Тоҷикистон феълан гирифторӣ ба коронавирус сабт намешавад, бояд мардум "ҳушёр" бошанд.Ӯ гуфт, имрӯз дар бисёр кишварҳои дунё мавҷи нави бемории сироятии КОВИД–19 ва фавти одамон идома дорад.Ӯ гуфт, баръакс мардум бояд "ҳушёру эҳтиёткор бошанд" ва маслиҳату тавсияи мутахассисону табибонро риоя намоянд.Ҳамчунин раисҷумҳур таъкид кард, ки мардуми аз хориҷ воридшуда, бояд зери назорат бошанд.Бино ба гузориши президент, то имрӯз 60 фоизи аҳолии Тоҷикистон алайҳи коронавирус ваксина гирифтааст ва раванди эмгузаронӣ бояд боз ҳам вусъат дода шавад.Кишвардор ваксинагириро ягона роҳи муассири эминӣ аз ин беморӣ хонд.Вазъи коронавирус дар ТоҷикистонБояд гуфт, наздик ба як моҳ мешавад, ки дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус қайд нашудааст.Дар маҷмуъ аз оғози ҳамагирӣ то кунун дар кишвар 17095 нафар гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 16966 шифо ёфта ва 124 нафар бар асари ин беморӣ фавтидааст.Феълан ҷаҳон аз паҳншавии штамми нави коронавирус - омикрон дар изтироб аст. Ба гуфтаи коршиносон, ин навъи вирус нисбат ба штамми делта 70 баробар зудтар паҳн мешавад.Ҳушдори Расулзода аз паҳншавии омикрон ва дастур барои пурзӯр кардани тадобирВазорати тандурустии Тоҷикистон то ҳол аз роҳ ёфтани штамми омикрон ба Тоҷикистон хабар надодааст.Омикрон ҳамакнун дар беш аз 86 кишвари ҷаҳон паҳн шудааст ва инро Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт боиси нигаронии зиёд медонад.Раҳбари ситоди муқобила бо коронавирус дар Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ин росто нишаст баргузор кард ва ба масъулини соҳа барои пешгирии паҳншавии омикрон дар Тоҷикистон супориш дод.Расулзода таъкид кард, ки танҳо бо роҳи гузаронидани ваксина ва риояи тавсияи мутахассисони соҳи тиб имкони пешгирии бемориҳои сироятӣ вуҷуд дорад.
https://sputnik.tj/20211221/emomali-rahmon-koronavirus-tojikiston-mardum-tavsiya-1044288781.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/17/1032512292_0:0:2653:1990_1920x0_80_0_0_a84cecfafc2187dd8dd59bd8c68cb8ae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, омикрон, тандурустӣ, саломатӣ, карантин,
эмомалӣ раҳмон, омикрон, тандурустӣ, саломатӣ, карантин,
Ҳушдори Раҳмон аз мавҷи нави коронавирус: аз хориҷомадаҳо зери назорат бошанд
17:05 21.12.2021 (Навсозишуда: 20:15 21.12.2021) Президенти Тоҷикистон аз паҳншавии штаммҳои нави коронавирус ҳушдор дод
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми солона ба парлумон аз таҳдиди мавҷи нави коронавирус гуфт.
Ба гуфтаи президент, гарчанде дар Тоҷикистон феълан гирифторӣ ба коронавирус сабт намешавад, бояд мардум "ҳушёр" бошанд.
Ӯ гуфт, имрӯз дар бисёр кишварҳои дунё мавҷи нави бемории сироятии КОВИД–19 ва фавти одамон идома дорад.
"Гарчанде ин беморӣ дар кишвари мо нест, сокинони мамлакат бояд бепарво набошанд, ба фориғболӣ роҳ надиҳанд ва ин масъаларо ҳазл нашуморанд", - таъкид кард перзидент.
Ӯ гуфт, баръакс мардум бояд "ҳушёру эҳтиёткор бошанд" ва маслиҳату тавсияи мутахассисону табибонро риоя намоянд.
Ҳамчунин раисҷумҳур таъкид кард, ки мардуми аз хориҷ воридшуда, бояд зери назорат бошанд.
"Онҳое, ки аз кишварҳои хориҷӣ меоянд, бояд ҳатман зери назорати табибон қарор дода шаванд. Чунин шахсон бояд фикри аъзои оила, хешовандон ва ҷомеаро кунанд", - гуфт кишвардор.
Бино ба гузориши президент, то имрӯз 60 фоизи аҳолии Тоҷикистон алайҳи коронавирус ваксина гирифтааст ва раванди эмгузаронӣ бояд боз ҳам вусъат дода шавад.
Кишвардор ваксинагириро ягона роҳи муассири эминӣ аз ин беморӣ хонд.
Вазъи коронавирус дар Тоҷикистон
Бояд гуфт, наздик ба як моҳ мешавад, ки дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус қайд нашудааст.
Дар маҷмуъ аз оғози ҳамагирӣ то кунун дар кишвар 17095 нафар гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 16966 шифо ёфта ва 124 нафар бар асари ин беморӣ фавтидааст.
Феълан ҷаҳон аз паҳншавии штамми нави коронавирус - омикрон дар изтироб аст. Ба гуфтаи коршиносон, ин навъи вирус нисбат ба штамми делта 70 баробар зудтар паҳн мешавад.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон то ҳол аз роҳ ёфтани штамми омикрон ба Тоҷикистон хабар надодааст.
Омикрон ҳамакнун дар беш аз 86 кишвари ҷаҳон паҳн шудааст ва инро Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт боиси нигаронии зиёд медонад.
Раҳбари ситоди муқобила бо коронавирус дар Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ин росто нишаст баргузор кард ва ба масъулини соҳа барои пешгирии паҳншавии омикрон дар Тоҷикистон супориш дод.
Расулзода таъкид кард, ки танҳо бо роҳи гузаронидани ваксина ва риояи тавсияи мутахассисони соҳи тиб имкони пешгирии бемориҳои сироятӣ вуҷуд дорад.