Астрофизики тоҷик барандаи Ҷоизаи Ситораҳои иттиҳод шуд

© ok.ru / Гульчехра КохироваДиректор Института астрофизики Гулчехра Кохирова
Директор Института астрофизики Гулчехра Кохирова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Обуна шудан
Дар Маскав маросими супурдани ҷоизаи асосии ИДМ барои дастовардҳои бузург дар соҳаи гуманитарӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Мудири Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова барандаи Ҷоизаи байнидавлатии Ситораҳои иттиҳод гардид.
Маросими супоридани ҷоиза барои дастовардҳои баландтарин дар соҳаи гуманитарӣ дар Маскав баргузор шуд.
"Мо дар дунёи мураккаб зиндагӣ мекунем ва ҷаҳон дар чунин вазъияти ноором аст. Аммо дар ин ҷо одамоне ҳастанд, ки медонанд, муносибот дар соҳаи маданият доимӣ мебошанд ва аз вазъи сиёсӣ вобаста нест. Барои мо ин мҳимтар аст", - гуфт Михаил Швидкой, намояндаи вижаи президенти Русия дар умури ҳамкориҳои фарҳангии байналмилалӣ.
Ҷоизаи Ситораҳои иттиҳод ҳамчунин ба намояндагони нӯҳ кишвари ИДМ тақдим шуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Қирғизистон Мурат Ҷуматаев, Нависандаи халқии Қазоқистон Олжас Сулаймонов ва роҳбари оркестри симфонии эстрадӣ Мансур Ташматов (Ӯзбекистон) низ ин барандаи ҷоиза гардиданд.
Мудири Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Тоҷикистон барандаи ҷоизаи "Ситораҳои Иттиҳод" шуд
Дар ин маросим ҳамчунин Ҷоизаи Иттиҳоди навкорон низ тақдим шуд. Он ҳамасола ба ҷавононе, ки дар арсаи гуманитарӣ дастовардҳое доранд, эъто мешавад.
Ин ҷоизаро муовини раиси бахши экскурсияи Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мубирхони Муминпур соҳиб шуд.
Ёдовар мешавем, Гулчеҳра Қоҳирова мудири Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон аст ва дар бахши омӯзиши ҷисмҳои осмонӣ фаъолият мекунад. Асарҳои вай ба доираи васеи астрофизикҳои ҷаҳон маълуманд.
Олимони тоҷик узви Академияи илмҳои байналмилалӣ шуданд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2020
Ду олими тоҷик академики Академияи илмҳои байналмилалӣ шуданд
Ҷоизаи байнидавлатии Ситораҳои иттиҳод аз ҷониби Шӯрои ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ ва ФБҲБ 21 майи соли 2009 таъсис ёфтааст.
Аз ҳамон вақт инҷониб ин ҷоиза барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи гуманитарӣ ҳамасола тақдим мегардад.
Ғолибони ҷоизаи мазкур бо диплом, нишони фахрӣ ва шаҳодатнома қадр мешаванд. Маблағи пулии ҷоиза муодили ду миллион рубли русӣ аст.
Лентаи хабарҳо
0