ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Ду олими тоҷик аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Акобир Мирзораҳимов ва Саидмуроди Хоҷазод академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ интихоб гардиданд.
Дар ин бора "Ховар" дар истинод ба донишгоҳ гузориш медиҳад.
Тавре аз Донишгоҳи мазкур ба АМИТ “Ховар” хабар доданд,
Гуфта мешавад, доктори илмҳои биология, профессор Акобир Мирзораҳимов муаллифи беш аз 15 таълифот ва доктори илмҳои филология, профессор Саидмуроди Хоҷазод муаллифи беш аз 20 китоб, дастур, монография ва васоити таълим мебошанд.
Олимони мазкур бо дастовардҳои бунёдӣ дар ҷодаи илм ва маориф чун мутахассисони варзидаи соҳаҳои худ эътироф шудаанд.
Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ соли 1992 бо мақсади мусоидат ба ҳалли мушкилоти муассисаҳои олии таълимӣ дар ҷодаи гузариш ба низоми нави таҳсилот, рушди илм, ҳамгироии кишварҳои ҷаҳон дар низоми таҳсилоти касбӣ таъсис ёфтаст.
Беш аз 1200 олимони муътабари сатҳи ҷаҳониро аз 45 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон муттаҳид менамояд.
Президенти АИБ МО ходими илм ва техникаи Федератсияи Россия Валентин Ефимович Шукшунов буда, марказаш дар шаҳри Маскав ҷойгир аст.
Бояд тазаккур дод, ки номзадҳо ба Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ бояд докторони илм ва профессорони дар арсаи ҷаҳонӣ шинохташуда бошанд.
Шахсоне, ки аъзои ҳақиқии Академия интихоб мешаванд ба унвони Академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ мушарраф мегарданд.
Донишманди тоҷик узви Академияи илмҳои табиии Русия интихоб шуд
Аъзои Академия бояд бобати рушди соҳаҳои маориф ва илм пайваста саҳми фаъол гузоранд, барои реформаи ин соҳаҳо пешниҳодҳои ҷолиб намояд, ҷиҳати ҳамгироии кишварҳои ҷаҳон дар соҳаи маориф ва илм ва таҳаввулоти соҳа иқдом варзанд.