https://sputnik.tj/20211222/afzoishi-sodiroti-mahsulot-sughd-khorij-1044324653.html
Афзоиши 1,8-баробарии содироти маҳсулот аз Суғд
Афзоиши 1,8-баробарии содироти маҳсулот аз Суғд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Суғд хабар додааст содироти маҳсулот аз вилоят ба хориҷ аз кишвар дар 11 моҳи соли равон ба 539 миллион доллар расидааст
2021-12-22T16:40+0500
2021-12-22T16:40+0500
2021-12-22T18:02+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
суғд
воридот
содирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103113/97/1031139782_0:264:3170:2047_1920x0_80_0_0_e648c2a1dc0b0530e2674233550b8c37.jpg
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Тибқи иттилои мақомоти вилояти Суғд, содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра ба 539 миллион доллар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 237,4 миллион доллар ё 1,8 баробар зиёд будааст.Манбаъ қайд кардааст, ки маҳсулоти асосии содиротӣ маъдану консентрат ва нахи пахта буда, ҳиссаи онҳо дар сохтори содирот назаррас мебошад.Инчунин манбаъ иттилоъ додааст, ки дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 17,2 миллион доллар 1082 тонна либосворӣ ба бозори хориҷӣ бароварда шуда, афзоиш нисбат ба соли қаблӣ мутаносибан 1,1 миллион доллар ва 71 тонна ҳисоб шудааст.Дар ҳамин ҳол ҳаҷми воридот 1481,8 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 291,1 млн. доллар ё 24,5 фоиз афзуд.Мақомоти вилояти Суғд қайд кардаанд, ки дар 11 моҳи соли 2021 ҳаҷми умумии гардиши савдо дар вилояти Суғд 12 492,6 млн. сомонӣ ва хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 3254 миллион сомониро ташкил дода, мутаносибан 115,5 ва 103,5 фоиз таъмин гардид.Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-ноябри соли 2021 ба 2020,9 миллион доллар расонида шуд.
https://sputnik.tj/20210722/tojikiston-sodirot-afzoish-1041096875.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103113/97/1031139782_441:0:3170:2047_1920x0_80_0_0_227a7d31410382b52967ef73035211a7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд, содирот, воридот, иқтисод
суғд, содирот, воридот, иқтисод
Афзоиши 1,8-баробарии содироти маҳсулот аз Суғд
16:40 22.12.2021 (Навсозишуда: 18:02 22.12.2021) Мақомоти Суғд хабар додаанд, содироти маҳсулот аз ин вилоят ба хориҷ аз кишвар дар 11 моҳи соли равон ба 539 миллион доллар расидааст
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Тибқи иттилои мақомоти вилояти Суғд, содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра ба 539 миллион доллар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 237,4 миллион доллар ё 1,8 баробар зиёд будааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки маҳсулоти асосии содиротӣ маъдану консентрат ва нахи пахта буда, ҳиссаи онҳо дар сохтори содирот назаррас мебошад.
Инчунин манбаъ иттилоъ додааст, ки дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 17,2 миллион доллар 1082 тонна либосворӣ ба бозори хориҷӣ бароварда шуда, афзоиш нисбат ба соли қаблӣ мутаносибан 1,1 миллион доллар ва 71 тонна ҳисоб шудааст.
Дар ҳамин ҳол ҳаҷми воридот 1481,8 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 291,1 млн. доллар ё 24,5 фоиз афзуд.
Мақомоти вилояти Суғд қайд кардаанд, ки дар 11 моҳи соли 2021 ҳаҷми умумии гардиши савдо дар вилояти Суғд 12 492,6 млн. сомонӣ ва хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 3254 миллион сомониро ташкил дода, мутаносибан 115,5 ва 103,5 фоиз таъмин гардид.
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-ноябри соли 2021 ба 2020,9 миллион доллар расонида шуд.