https://sputnik.tj/20210722/tojikiston-sodirot-afzoish-1041096875.html
Афзоиши рекордии содирот дар Тоҷикистон: шарҳи Бонки миллӣ
Афзоиши рекордии содирот дар Тоҷикистон: шарҳи Бонки миллӣ
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ҳаҷми содирот дар нимсолаи аввал бесобиқа афзоиш ёфтааст
2021-07-22T15:05+0500
2021-07-22T15:05+0500
2021-07-22T15:08+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
содирот
бмт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/1b/1032353911_0:0:1025:577_1920x0_80_0_0_0350a4a5c6f4c358f23a099ea91c5af8.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2021 ҳаҷми содиротро назар ба ҳамин давраи соли гузашта 88 дар сад афзоиш дод, ки бесобиқа аст.Дар ин бора раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳаким Холиқзода дар рафти нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод.Дар давраи ҳисоботӣ молҳо ба маблағи 1 миллиарду 851 миллион доллар ворид ва ба маблағи 1 миллиарду 232 миллион доллар содир карда шудаанд.Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вай, дар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми ММД 40 миллиард сомониро ташкил додааст, ки он назар ба ҳамин давраи соли гузашта 5,7 дар сад афзоиш ёфтааст. Афзоиши ММД аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ- 3,4 фоиз, кишоварзӣ 8,1 фоиз, сохтмон 22,1 фоиз, гардиши савдои чакана 17,1 фоиз, хизматрасониҳои пулӣ 16,5 фоиз ва истеҳсоли маҳсулоти кишварзӣ 18,1 фоиз боло рафтааст.
https://sputnik.tj/20210712/istehsol-barq-tojikiston-kam-sodirot-ziyod-1040834961.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/1b/1032353911_80:0:919:629_1920x0_80_0_0_b9cbdf1d4230731a3cfeabfd6547b180.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
содирот
Афзоиши рекордии содирот дар Тоҷикистон: шарҳи Бонки миллӣ
15:05 22.07.2021 (Навсозишуда: 15:08 22.07.2021) Дар Тоҷикистон ҳаҷми содирот дар нимсолаи аввал бесобиқа афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2021 ҳаҷми содиротро назар ба ҳамин давраи соли гузашта 88 дар сад афзоиш дод, ки бесобиқа аст.
Дар ин бора раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳаким Холиқзода дар рафти нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод.
Дар давраи ҳисоботӣ молҳо ба маблағи 1 миллиарду 851 миллион доллар ворид ва ба маблағи 1 миллиарду 232 миллион доллар содир карда шудаанд.
"Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, мутаносибан ҳаҷми воридоти мол 23 фоиз ва содироти он 88 дар сад зиёд мебошад", - афзуд Холиқзода.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вай, дар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми ММД 40 миллиард сомониро ташкил додааст, ки он назар ба ҳамин давраи соли гузашта 5,7 дар сад афзоиш ёфтааст.
Афзоиши ММД аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ- 3,4 фоиз, кишоварзӣ 8,1 фоиз, сохтмон 22,1 фоиз, гардиши савдои чакана 17,1 фоиз, хизматрасониҳои пулӣ 16,5 фоиз ва истеҳсоли маҳсулоти кишварзӣ 18,1 фоиз боло рафтааст.