https://sputnik.tj/20211222/afzoish-hajmi-savdo-tojikiston-somoni-sokin-1044319773.html
Афзоиши ҳаҷми савдо дар Тоҷикистон: 3,2 ҳазор сомонӣ сари ҳар сокин
Афзоиши ҳаҷми савдо дар Тоҷикистон: 3,2 ҳазор сомонӣ сари ҳар сокин
Sputnik Тоҷикистон
Ҳаҷми савдои дохилӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо соли гузашта ҳудуди 13 дарсад афзоиш ёфт
2021-12-22T14:30+0500
2021-12-22T14:30+0500
2021-12-22T18:54+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
табодули мол
ғизо
хориҷӣ
савдо
маҳсулот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039139097_0:156:3000:1844_1920x0_80_0_0_f70e4eb1a3ef07fb68bbe80c80e48de6.jpg
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Савдои чакана ва яклухт дар Тоҷикистон тайи 11 моҳи соли равон афзоиш ёфтааст. Аз январ то ноябри соли равон ҳаҷми савдо дар Тоҷикистон ҳудуди 35,8 миллиард сомониро ташкил додааст. Ин дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2020 ҳудуди 13 дарсад зиёд аст. Аз ҷумла дар дӯкону бозорҳои ғизоӣ, молӣ ва омехта ба андозаи 11,7 миллиард сомонӣ маҳсулот фурӯхта шудааст, ки 39 дарсади ҳаҷми умумии савдои чаканаро ташкил медиҳад, хабар додааст сухангӯи Вазорати рушди иқтисоду савдои кишвар. Ҳаҷми фурӯши ҳайвонот беш аз 2,8 миллиард сомонӣ, маҳсулоти нафтӣ 6,9 миллиард, мошинҳои боркашу сабукрав баробари 714 миллион сомонӣ шудааст. Таъкид шудааст, ки ҳиссаи маводи ғизоӣ дар ҳаҷми умумии савдо муодили 14,8 миллиард сомонӣ ё 49,1 фоиз ва ғайриғизоӣ 15,3 миллиард сомонӣ ё 50,9 фоиз гардидааст. Дар таркиби маводи ғизоӣ ҳиссаи савдои маҳсулоти гӯштӣ назаррас буда, шакар, нон, рӯған ва орд низ аз маҳсулоти умда дар Тоҷикистон будаанд. Дар бахши маводи ғайриғизоӣ ҳаҷми нисбатан бештарро маҳсулоти нафтӣ, матоъ, масолеҳи сохтмонӣ, либосворӣ ва таҷҳизоти электронӣ доранд. Ба ҳисоби миёна ҳаҷми савдо сари ҳар сокини Тоҷикистон ҳудуди 3,2 ҳазор сомониро ташкил додааст.
https://sputnik.tj/20211214/afzoish-savdo-tijorat-tochikiston-1044152212.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039139097_167:0:2834:2000_1920x0_80_0_0_2751301017b23bd072a972b913267fa0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш, савдо, тоҷикистон, яклухт, чакана
афзоиш, савдо, тоҷикистон, яклухт, чакана
Афзоиши ҳаҷми савдо дар Тоҷикистон: 3,2 ҳазор сомонӣ сари ҳар сокин
14:30 22.12.2021 (Навсозишуда: 18:54 22.12.2021) Ҳаҷми савдои дохилӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо соли гузашта ҳудуди 13 дарсад афзоиш ёфт
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Савдои чакана ва яклухт дар Тоҷикистон тайи 11 моҳи соли равон афзоиш ёфтааст.
Аз январ то ноябри соли равон ҳаҷми савдо дар Тоҷикистон ҳудуди 35,8 миллиард сомониро ташкил додааст. Ин дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2020 ҳудуди 13 дарсад зиёд аст.
Аз ҷумла дар дӯкону бозорҳои ғизоӣ, молӣ ва омехта ба андозаи 11,7 миллиард сомонӣ маҳсулот фурӯхта шудааст, ки 39 дарсади ҳаҷми умумии савдои чаканаро ташкил медиҳад, хабар додааст сухангӯи Вазорати рушди иқтисоду савдои кишвар.
Ҳаҷми фурӯши ҳайвонот беш аз 2,8 миллиард сомонӣ, маҳсулоти нафтӣ 6,9 миллиард, мошинҳои боркашу сабукрав баробари 714 миллион сомонӣ шудааст.
Таъкид шудааст, ки ҳиссаи маводи ғизоӣ дар ҳаҷми умумии савдо муодили 14,8 миллиард сомонӣ ё 49,1 фоиз ва ғайриғизоӣ 15,3 миллиард сомонӣ ё 50,9 фоиз гардидааст.
Дар таркиби маводи ғизоӣ ҳиссаи савдои маҳсулоти гӯштӣ назаррас буда, шакар, нон, рӯған ва орд низ аз маҳсулоти умда дар Тоҷикистон будаанд.
Дар бахши маводи ғайриғизоӣ ҳаҷми нисбатан бештарро маҳсулоти нафтӣ, матоъ, масолеҳи сохтмонӣ, либосворӣ ва таҷҳизоти электронӣ доранд.
Ба ҳисоби миёна ҳаҷми савдо сари ҳар сокини Тоҷикистон ҳудуди 3,2 ҳазор сомониро ташкил додааст.