https://sputnik.tj/20211214/afzoish-savdo-tijorat-tochikiston-1044152212.html
Афзоиши савдои хориҷӣ: шарики асосии тиҷоратии Точикистон маълум шуд
Афзоиши савдои хориҷӣ: шарики асосии тиҷоратии Точикистон маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон се шарики асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ муайян карда шуданд, ки ҳаҷми ҳамкориҳо бо онҳо, дар маҷмуъ беш аз 2,5 миллиард долларро ташкил додааст 14.12.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-12-14T16:55+0500
2021-12-14T16:55+0500
2021-12-15T14:18+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
воридот
содирот
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101769/29/1017692920_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_6b1f3fbaf5f06290b2df3da2e3abbd7b.jpg
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ беш аз 5,5 миллиард долларро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда 33,4 фисад аз ҳамин давраи соли гузашта бештар мебошад. Дар ҳамин ҳол бештари ҳаҷми муомилот бо Русия рост меояд.Ҷойи дуюмро Қазоқистон ишғол мекунад - 1,04 миллиард доллар.Баъдан Чину Швейтсария – ҳаҷми гардиши мол бо ин кишварҳо мутаносибан ба 769,9 ва 726,4 миллион доллар расидааст. Афзоиши бештари муомилоти Тоҷикистон бо Чин мушоҳида мешавад, ки нисбат ба соли гузашта 1,8 баробар афзоиш ёфтааст.Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, воридоти коло ба ҷумҳурӣ 3,7 миллиард долларро ташкил додааст. Ба ин тартиб Тоҷикистон дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта ба маблағи 898,7 миллион доллар ё 32% бештар маҳсулот ворид кардаст. Ҳамзамон дар ин давра аз ҷумҳурӣ ба маблағи тақрибан 1,8 миллиард доллар маҳсулот содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 36,4 фоиз ё 481,5 миллион доллар зиёд мебошад. Қаблан Андрей Кутепов, раиси Кумитаи сиёсати иқтисодии Шӯрои Федератсия гуфта буд, ки беш аз 80 минтақаи Русия бо Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд.
https://sputnik.tj/20210325/kolo-savdo-tojikiston-1033073993.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101769/29/1017692920_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_92aed5d20dfa0d927e49d19886d908b3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иқтисод, воридот, содирот, тиҷорат
дар тоҷикистон, иқтисод, воридот, содирот, тиҷорат
Афзоиши савдои хориҷӣ: шарики асосии тиҷоратии Точикистон маълум шуд
16:55 14.12.2021 (Навсозишуда: 14:18 15.12.2021) Дар Тоҷикистон се шарики асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ муайян карда шуданд, ки ҳаҷми ҳамкориҳо бо онҳо, дар маҷмуъ беш аз 2,5 миллиард долларро ташкил додааст
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ беш аз 5,5 миллиард долларро ташкил додааст.
Ин нишондиҳанда 33,4 фисад аз ҳамин давраи соли гузашта бештар мебошад.
Дар ҳамин ҳол бештари ҳаҷми муомилот бо Русия рост меояд.
"Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳаҷми табодули коло миёни ду кишвар 1 миллиарду 130 миллион долларро ташкил додааст", — омадааст дар гузоришҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо.
Ҷойи дуюмро Қазоқистон ишғол мекунад - 1,04 миллиард доллар.
Баъдан Чину Швейтсария – ҳаҷми гардиши мол бо ин кишварҳо мутаносибан ба 769,9 ва 726,4 миллион доллар расидааст.
Афзоиши бештари муомилоти Тоҷикистон бо Чин мушоҳида мешавад, ки нисбат ба соли гузашта 1,8 баробар афзоиш ёфтааст.
Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, воридоти коло ба ҷумҳурӣ 3,7 миллиард долларро ташкил додааст. Ба ин тартиб Тоҷикистон дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта ба маблағи 898,7 миллион доллар ё 32% бештар маҳсулот ворид кардаст.
Ҳамзамон дар ин давра аз ҷумҳурӣ ба маблағи тақрибан 1,8 миллиард доллар маҳсулот содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 36,4 фоиз ё 481,5 миллион доллар зиёд мебошад.
Қаблан Андрей Кутепов, раиси Кумитаи сиёсати иқтисодии Шӯрои Федератсия гуфта буд, ки беш аз 80 минтақаи Русия бо Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд.