https://sputnik.tj/20211221/rahmon-tojikiston-bunbast-enerzhi-1044290415.html
Раҳмон: Тоҷикистон тавонист аз бунбасти энержӣ берун шавад
Раҳмон: Тоҷикистон тавонист аз бунбасти энержӣ берун шавад
Sputnik Тоҷикистон
Давоми 20 соли охир кишвар аз буҳрони энергетикӣ бомуваффақият баромада, дар мамлакат қариб 300 объекти нави ин соҳа ба истифода дода шуд 21.12.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-12-21T12:36+0500
2021-12-21T12:36+0500
2021-12-21T13:25+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
паёми солонаи президенти ҷт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/0f/1032097791_0:159:3077:1890_1920x0_80_0_0_27a3bd4f487c56bd17bbb8b4e334020d.jpg
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни суханронии худ ба порлумони кишвар гуфт, ки дар солҳои истиқлол дар бахши энержӣ чӣ гуна тағйирот ба вуҷуд омадааст. Аз соли 2011 инҷониб кишвар аз бунбасти энергетикӣ баромада, ба системаи ягонаи энергетикӣ гузашт. Аз ин давра то кунун дар Тоҷикистон 287 иншооти нави энергетики ба истифода дода, қариб 1,5 ҳазор километр хатти баландшиддати нерӯи барқ ва 50 истгоҳ ба истифода дода шуд.Ба соҳаи энергетика беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб шудааст, ки 59 миллиард сомонӣ мустақиман мебошад. Вай ҳамчунин афзуд, ки ҳоло рушди энержии сабз ва алтернативӣ муҳим аст ва ин бояд яке аз ҳадафҳои асосии рушди давлат гардад. Ёдовар мешавем, ки дар паёми солонаи худ сарвари давлат натоиҷи соли гузаштаро ҷамъбаст намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро барои соли оянда баён мекунад.
https://sputnik.tj/20211221/panjsola-rushd-sanoat-tojikiston-1044285342.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/0f/1032097791_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_1cbe04e95ac61092c2ae61e0ececee02.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, паёми солонаи президенти ҷт
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, паёми солонаи президенти ҷт
Раҳмон: Тоҷикистон тавонист аз бунбасти энержӣ берун шавад
12:36 21.12.2021 (Навсозишуда: 13:25 21.12.2021) Давоми 20 соли охир кишвар аз буҳрони энергетикӣ бомуваффақият баромада, дар мамлакат қариб 300 объекти нави ин соҳа ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни суханронии худ ба порлумони кишвар гуфт, ки дар солҳои истиқлол дар бахши энержӣ чӣ гуна тағйирот ба вуҷуд омадааст.
Аз соли 2011 инҷониб кишвар аз бунбасти энергетикӣ баромада, ба системаи ягонаи энергетикӣ гузашт.
Аз ин давра то кунун дар Тоҷикистон 287 иншооти нави энергетики ба истифода дода, қариб 1,5 ҳазор километр хатти баландшиддати нерӯи барқ ва 50 истгоҳ ба истифода дода шуд.
"Дар ҷумҳурӣ 75% тамоми системаҳои энергетикӣ нав карда шуданд. Дар ин муддат тавлиди зиёда аз ду ҳазор киловатт нерӯи барқ ба роҳ монда шуд", - гуфт президент.
Ба соҳаи энергетика беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб шудааст, ки 59 миллиард сомонӣ мустақиман мебошад.
Вай ҳамчунин афзуд, ки ҳоло рушди энержии сабз ва алтернативӣ муҳим аст ва ин бояд яке аз ҳадафҳои асосии рушди давлат гардад.
Ёдовар мешавем, ки дар паёми солонаи худ сарвари давлат натоиҷи соли гузаштаро ҷамъбаст намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро барои соли оянда баён мекунад.