https://sputnik.tj/20211221/putin-vaz-nizomi-jahon-mushkil-khond-1044305833.html
Путин вазъи низомии ҷаҳонро мушкил хонд
Путин вазъи низомии ҷаҳонро мушкил хонд
Президент Путин вазъи низомиро дар ҷаҳон душвор номид
2021-12-21T19:05+0500
2021-12-21T19:05+0500
2021-12-22T13:44+0500
русия
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
владимир путин
дар русия
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044231154_0:0:3089:1737_1920x0_80_0_0_21924789209359b2acf480a000be415b.jpg
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин гуфт, Русия бояд ба такмил ва таҳкими нерӯҳои мусаллаҳи худ идома диҳад, менависад РИА "Новости".Путин ин сухаронро дар нишасти васеи Вазорати дифоъ гуфт. Ӯ афзуд, вазъи низомӣ дар ҷаҳон мушкил боқӣ мемонад."Рафиқони азиз, ба базаи мустаҳками солҳои охир, ба заминаи тавонои илмию техники такя намуда, мо, албатта, бояд қувваҳои мусаллаҳи худро минбаъд ҳам такмил диҳем ва мустаҳкам намоем. Вазъ дар ҷаҳон ҳамчунон мушкил боқӣ мемонад: дар як қатор минтақаҳо низоъ афзоиш ёфтааст, маконҳои нави ташаннуҷ ба вуҷуд омадаанд”, - гуфт Путин дар ҷаласаи васеи Вазорати дифои Русия.Ин дар ҳолест, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ зимни ироаи паёми солонааш ба парлумони кишвар ба мавзуи амният дахл кард.Кишвардори Тоҷикистон бо ишора ба вахомати вазъ дар минтақа барои таҳкими тавоноии артиш дастур дод.Раҳмон таъкид намуд, ки махсусан ба қӯшунҳои сарҳадӣ, ташкили дурусти ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодабошӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад.Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ мебошад, ки бо дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла, ифротгароӣ, савдои одамон ва харидуфурӯши силоҳ робитаи ногусастанӣ дорад.
https://sputnik.tj/20211221/murakkab-rahmon-tahkimi-omodaboshi-artish-1044302551.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044231154_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_77181ec35f21df8db99e85ef3a74d692.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
владимир путин, вазъи низомии ҷаҳон, ҷаҳон,
владимир путин, вазъи низомии ҷаҳон, ҷаҳон,
Путин вазъи низомии ҷаҳонро мушкил хонд
19:05 21.12.2021 (Навсозишуда: 13:44 22.12.2021) Президенти Русия Владимир Путин вазъи низомиро дар ҷаҳон душвор арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин гуфт, Русия бояд ба такмил ва таҳкими нерӯҳои мусаллаҳи худ идома диҳад, менависад РИА "Новости".
Путин ин сухаронро дар нишасти васеи Вазорати дифоъ гуфт. Ӯ афзуд, вазъи низомӣ дар ҷаҳон мушкил боқӣ мемонад.
"Рафиқони азиз, ба базаи мустаҳками солҳои охир, ба заминаи тавонои илмию техники такя намуда, мо, албатта, бояд қувваҳои мусаллаҳи худро минбаъд ҳам такмил диҳем ва мустаҳкам намоем. Вазъ дар ҷаҳон ҳамчунон мушкил боқӣ мемонад: дар як қатор минтақаҳо низоъ афзоиш ёфтааст, маконҳои нави ташаннуҷ ба вуҷуд омадаанд”, - гуфт Путин дар ҷаласаи васеи Вазорати дифои Русия.
Ин дар ҳолест, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ зимни ироаи паёми солонааш ба парлумони кишвар ба мавзуи амният дахл кард.
Кишвардори Тоҷикистон бо ишора ба вахомати вазъ дар минтақа барои таҳкими тавоноии артиш дастур дод.
Раҳмон таъкид намуд, ки махсусан ба қӯшунҳои сарҳадӣ, ташкили дурусти ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодабошӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ мебошад, ки бо дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла, ифротгароӣ, савдои одамон ва харидуфурӯши силоҳ робитаи ногусастанӣ дорад.