"Вазъ торафт мураккаб мешавад": Раҳмон хостори таҳкими омодабошии артиш шуд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПарад военных посвященный дню милиции
Парад военных посвященный дню милиции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ишора ба шиддати вазъ дар минтақа барои таҳкими тавоноии артиш дастур дод
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, вазъияти минтақа ва ҷаҳон торафт мураккаб гардида истодааст ва дар чунин шароит таъмини боэътимоди амнияти давлатро муҳим хонд.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба парлумон бо зикри ин нукта ба мақомот супориш дод, ки ба масъалаҳои мунтазам беҳтар кардани шароити хидмат ва зиндагии афсарону сарбозон, аз лиҳози техникиву таҷҳизот, навсозӣ кардани қувваҳои мусаллаҳ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
Раҳмон таъкид намуд, ки махсусан ба қӯшунҳои сарҳадӣ, ташкили дурусти ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодабошӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Афганское движение сопротивления и силы противодействия талибам отдыхают во время патрулирования на вершине холма в районе Дарбанд в районе Анаба, провинция Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Ғаразе надорем: Раҳмон роҳи ба сулҳ расидани Афғонистонро нишон дод
Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ мебошад, ки бо дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла ифротгароӣ, савдои одамон ва харидуфурӯши силоҳ робитаи ногусастанӣ дорад.
Дар мавриди вазъи дохилӣ раисҷумҳур гуфт, барои такрор нашудани фоҷиаи солҳои 90-уми асри гузашта бояд қонунҳо риоя шаванд. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, риоя нагардидани талаботи қонун боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон, манфиатҳои давлату ҷомеа, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, афзоиши ҷинояткорӣ ва бенизомӣ мегардад.
Ӯ ба мақомоти додситонӣ дастур дод, ки назорати риоя ва иҷрои қонунҳоро аз ҷониби вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз мансубият ва шакли моликияташон пурзӯр намоянд.
Лентаи хабарҳо
0