https://sputnik.tj/20211221/rahmon-afzoish-mmd-tojikiston-1044284160.html
Раҳмон дар бораи афзоиши ММД дар Тоҷикистон гуфт
Раҳмон дар бораи афзоиши ММД дар Тоҷикистон гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Дар 20 соли охир Тоҷикистон сарфи назар аз омилҳои беруна тавонист ба рушди назарраси иқтисодӣ ноил гардад 21.12.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-12-21T10:52+0500
2021-12-21T10:52+0500
2021-12-21T16:02+0500
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
паёми солона
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/15/1044296859_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_52bd93ca066946636f78f5da755671bc.jpg
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон дар Паёми имсолааш ба парлумони Тоҷикистон, ки дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе идома дорад, гуфт, давоми 20 соли охир рушди миёнаи солонаи иқтисодӣ 7,5 фоизро ташкил дод. Ба гуфтаи Раҳмон, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар аз 1,8 миллиард сомонӣ дар соли 2000 дар соли 2021 ба 95 миллиард сомонӣ расидааст.Дар мавриди ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ бошад, он дар ин муддат беш аз 30 баробар афзуд. Илова бар ин, дар давоми ду даҳсола даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт. Ёдовар мешавем, ки дар паёми солонаи худ сарвари давлати Тоҷикистон натоиҷи соли гузаштаро ҷамъбаст карда, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишварро барои соли оянда баён мекунад. Имсол дар толори Кохи Сомон вакилони палатаи болоии парлумон, муовинон, сарвазир, аъзои дастгоҳи президент, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилояту ноҳияҳо, сафирони Тоҷикистон ва меҳмонони хориҷӣ ҳузур доранд.Илова бар ин, аҳли илму фарҳанг ва намояндагони ҷомеа ба ин паём гӯш медиҳанд ва суханронии раисиҷумҳур аз тамоми шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон пахш мешавад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/15/1044296859_231:0:2048:1363_1920x0_80_0_0_4dab35ba8180e8f64fb87c1f57426605.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сиёсат , эмомалӣ раҳмон, паёми солона
сиёсат , эмомалӣ раҳмон, паёми солона
Раҳмон дар бораи афзоиши ММД дар Тоҷикистон гуфт
10:52 21.12.2021 (Навсозишуда: 16:02 21.12.2021) Дар 20 соли охир Тоҷикистон сарфи назар аз омилҳои беруна тавонист ба рушди назарраси иқтисодӣ ноил гардад
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон дар Паёми имсолааш ба парлумони Тоҷикистон, ки дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе идома дорад, гуфт, давоми 20 соли охир рушди миёнаи солонаи иқтисодӣ 7,5 фоизро ташкил дод.
Ба гуфтаи Раҳмон, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар аз 1,8 миллиард сомонӣ дар соли 2000 дар соли 2021 ба 95 миллиард сомонӣ расидааст.
"Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 маротиба ва буҷети давлатӣ 111 баробар афзуд", - гуфт президент.
Дар мавриди ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ бошад, он дар ин муддат беш аз 30 баробар афзуд.
Илова бар ин, дар давоми ду даҳсола даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт.
Ёдовар мешавем, ки дар паёми солонаи худ сарвари давлати Тоҷикистон натоиҷи соли гузаштаро ҷамъбаст карда, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишварро барои соли оянда баён мекунад.
Имсол дар толори Кохи Сомон вакилони палатаи болоии парлумон, муовинон, сарвазир, аъзои дастгоҳи президент, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилояту ноҳияҳо, сафирони Тоҷикистон ва меҳмонони хориҷӣ ҳузур доранд.
Илова бар ин, аҳли илму фарҳанг ва намояндагони ҷомеа ба ин паём гӯш медиҳанд ва суханронии раисиҷумҳур аз тамоми шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон пахш мешавад.