https://sputnik.tj/20211220/huseynzoda-dushanbe-afghoniston-islomobod-1044277936.html
Ҳусейнзода мавқеи Душанберо дар мавриди Афғонистон дар Исломобод баён дошт
Ҳусейнзода мавқеи Душанберо дар мавриди Афғонистон дар Исломобод баён дошт
Sputnik Тоҷикистон
Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар Покистон мавқеи Душанберо дар мавриди Афғонистон баён дошт
2021-12-20T20:15+0500
2021-12-20T20:15+0500
2021-12-20T20:15+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
покистон
исломобод
қудрат
сҳи
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/14/1044277362_0:134:1201:809_1920x0_80_0_0_6f2fc46225bccb35e4ee730135ee97cb.jpg
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Ҳайати Тоҷикистонро дар ҷаласаи 17-уми ғайринавбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ, ки дар шаҳри Исломобод баргузор шуд, ноиби вазир, Музаффар Ҳусейнзода роҳбарӣ кард. Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, нишасти 17-уми ғайринавбатӣ ба мақсади ҳалли бӯҳрони башарӣ дар Афғонистон ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба мушкилиҳои мардуми азияткашидаи ин кишвар баргузор шуд. Таъкид гардидааст, ки мардуми ин кишвар зери хатари гуруснагӣ қарор доранд. Манбаъ афзуд, ки Ҳусейнзода мавқеи Тоҷикистонро нисбат ба вазъи кунунии Афғонистон баён дошта, барои пешгирии буҳрони башарӣ дар ин кишвар ибрози назар кард. Қаблан роҳбарияти Тоҷикистон эълон дошта буд, ки барои ироаи ҳар кумаки башардӯстона ба Афғонистон мусоидат хоҳад кард. Душанбе дар пайи сари қудрат омадани толибҳо дар Афғонистон, эълон дошт, ки ташкили ҳукумати ҳамашумул, бо иштироки тамоми гуруҳҳои этникиро интизор дорад. Дар нишасти Покистон дар баробари кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ инчунин намояндагони СММ, Русия, ИМА, Британияи Кабир, Фаронса, Чин, Русия, Олмон, Итолиё, Ҷопон ширкат карданд.
https://sputnik.tj/20211219/vazi-afghoniston-naqliyot-sirojiddin-muhriddin-hind-1044257168.html
афғонистон
покистон
исломобод
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/14/1044277362_0:0:1197:898_1920x0_80_0_0_45a06014f0a86c0875bf21517a3fa1b5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
музаффар ҳусейнзода, ноиби вазири умури хориҷӣ, тоҷикистон, покистон, афғонистон
музаффар ҳусейнзода, ноиби вазири умури хориҷӣ, тоҷикистон, покистон, афғонистон
Ҳусейнзода мавқеи Душанберо дар мавриди Афғонистон дар Исломобод баён дошт
Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар Покистон мавқеи Душанберо дар мавриди Афғонистон баён дошт
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Ҳайати Тоҷикистонро дар ҷаласаи 17-уми ғайринавбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ, ки дар шаҳри Исломобод баргузор шуд, ноиби вазир, Музаффар Ҳусейнзода роҳбарӣ кард.
Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, нишасти 17-уми ғайринавбатӣ ба мақсади ҳалли бӯҳрони башарӣ дар Афғонистон ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба мушкилиҳои мардуми азияткашидаи ин кишвар баргузор шуд. Таъкид гардидааст, ки мардуми ин кишвар зери хатари гуруснагӣ қарор доранд.
Манбаъ афзуд, ки Ҳусейнзода мавқеи Тоҷикистонро нисбат ба вазъи кунунии Афғонистон баён дошта, барои пешгирии буҳрони башарӣ дар ин кишвар ибрози назар кард.
Қаблан роҳбарияти Тоҷикистон эълон дошта буд, ки барои ироаи ҳар кумаки башардӯстона ба Афғонистон мусоидат хоҳад кард. Душанбе дар пайи сари қудрат омадани толибҳо дар Афғонистон, эълон дошт, ки ташкили ҳукумати ҳамашумул, бо иштироки тамоми гуруҳҳои этникиро интизор дорад.
Дар нишасти Покистон дар баробари кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ инчунин намояндагони СММ, Русия, ИМА, Британияи Кабир, Фаронса, Чин, Русия, Олмон, Итолиё, Ҷопон ширкат карданд.