https://sputnik.tj/20210701/darguzashti-ubaydullo-rajabov-1040564384.html
Убайдулло Раҷабов даргузашт
Убайдулло Раҷабов даргузашт
Sputnik Тоҷикистон
Убайдулло Раҷабов Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон аз олам даргузашт
2021-07-01T14:18+0500
2021-07-01T14:18+0500
2021-07-01T16:12+0500
дар тоҷикистон
талафот
фарҳанг
душанбе
убайдулло раҷабов
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/01/1040565017_0:38:719:442_1920x0_80_0_0_bc181b152c5d74436f122b42911f2992.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Ҳаҷвнигори маъруфи тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов дар синни 80 - солагӣ аз олам чашм пӯшид.Бино ба гузориши манобеи Sputnik Тоҷикистон, ҳунарпеша нисфирӯзӣ дар манзилаш дар шаҳри Душанбе вафот кард.Фарҳангиён, шогирдону ҳаводорони ҳунарманди номдор дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба аҳли хонаводаву ёру дӯстон, изҳори ҳамдардӣ карда аз марги ӯ изҳори таассуф мекунанд.Убайдулло Раҷабов 20 марти соли 1941 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Ӯ дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ мебошад.Убайдулло Раҷабов хатмкардаи студияи маҳорати актёрии назди Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ (1964) ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1982) мебошад.Фаъолияти кории худро Убайдулло Раҷабов соли 1968 дар Театри вилоятии драмаи мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб оғоз кардааст. Солҳои 1970-1989 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ буд. Аз соли 1990 то 2000 ба ҳайси роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии "Оина", фаъолият кард.Солҳои 2000—2004 раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 2004 бошад, директори кулли Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии "Пойтахт-80" ва роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии "Оина" фаъолият мекард.Ҳамзамон аз соли 1994 муаллиф, таҳиягар ва роҳбари бадеии ҷашну маросимҳои бузурги оммавӣ, намоишҳои театришуда ва консертҳои давлатӣ, омода намудани гурӯҳҳои ҳунармандон ба сафарҳои хориҷӣ буд.Даргузашти Убайдулло Раҷабов барои фарҳанги тоҷик талафоти бузург аст.
https://sputnik.tj/20210629/motam--honavoda-alovuddin-abdulloev-barodar-darguzasht-1040523817.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/01/1040565017_40:0:680:480_1920x0_80_0_0_dcb479b8afc621ce86c1acd43d59f354.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даргузашт, убайдулло раҷабов,
даргузашт, убайдулло раҷабов,
Убайдулло Раҷабов даргузашт
14:18 01.07.2021 (Навсозишуда: 16:12 01.07.2021) Убайдулло Раҷабов Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Ҳаҷвнигори маъруфи тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов дар синни 80 - солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Бино ба гузориши манобеи
Sputnik Тоҷикистон, ҳунарпеша нисфирӯзӣ дар манзилаш дар шаҳри Душанбе вафот кард.
Фарҳангиён, шогирдону ҳаводорони ҳунарманди номдор дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба аҳли хонаводаву ёру дӯстон, изҳори ҳамдардӣ карда аз марги ӯ изҳори таассуф мекунанд.
Убайдулло Раҷабов 20 марти соли 1941 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Ӯ дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ мебошад.
Убайдулло Раҷабов хатмкардаи студияи маҳорати актёрии назди Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ (1964) ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1982) мебошад.
Фаъолияти кории худро Убайдулло Раҷабов соли 1968 дар Театри вилоятии драмаи мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб оғоз кардааст.
Солҳои 1970-1989 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ буд. Аз соли 1990 то 2000 ба ҳайси роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии "Оина", фаъолият кард.
Солҳои 2000—2004 раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Аз соли 2004 бошад, директори кулли Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии "Пойтахт-80" ва роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии "Оина" фаъолият мекард.
Ҳамзамон аз соли 1994 муаллиф, таҳиягар ва роҳбари бадеии ҷашну маросимҳои бузурги оммавӣ, намоишҳои театришуда ва консертҳои давлатӣ, омода намудани гурӯҳҳои ҳунармандон ба сафарҳои хориҷӣ буд.
Даргузашти Убайдулло Раҷабов барои фарҳанги тоҷик талафоти бузург аст.