https://sputnik.tj/20211221/milisa-dushanbe-furushanda-siloh-sard-habs-kard-1044306104.html
Милиса дар Душанбе фурӯшандаи силоҳи сардро ҳабс кард
Милиса дар Душанбе фурӯшандаи силоҳи сардро ҳабс кард
Sputnik Тоҷикистон
Фурӯшанда зимни пурсиш иқрор намуд, ки ба хотири ба даст овардани пул силоҳи сард ба фурӯш гузоштааст ва муштариёни ӯ аслан ҷавонону ноболиғон мебошанд
2021-12-21T19:20+0500
2021-12-21T19:20+0500
2021-12-22T13:58+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
раёсати вкд ҷт дар шаҳри душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0b/1041593317_0:134:1632:1052_1920x0_80_0_0_b1aea94ecf10332a735b57ab957adac5.jpg
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Дар Душанбе барои ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳои авбошӣ бо истифодаи аз силоҳи сард амалиёти шартии "Корд" баргузор шуд.Ба иттилои Раёсати умури дохилии пойтахт, зимни баргузории ин амалиёт як нафар фурӯшандаи силоҳи сард боздошт шуд.Манбаъ меафзояд, номбурда истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе буда, дар гузаргоҳи зеризаминии хиёбони Исмоили Сомонӣ ба соҳибкорӣ машғул будааст ва ба таври пинҳонӣ, бар хилофи талаботи қонунгузорӣ, ба фурӯши предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда даст задааст.Гуфта мешавад, аз фурӯшгоҳи ӯ 24 корди хурду калон, шаш чаки оҳанин (палочка), 13 чӯбдаст (дубинка), 2 электрошокер, 2 кастет ва дигар предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дарёфту мусодира шуд.Зимни пурсиш номбурда изҳор доштааст, ки силоҳи сардро ба хотири ба даст овардани даромад ба фурӯш гузоштааст ва муштариёни асосии ӯ ноболиғону ҷавонон мебошанд.Ба ҳамин минвол нисбати марди 51-сола протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода ва нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати панҷ шабонарӯз таъйин шуд.
https://sputnik.tj/20210927/bozdosht-siloh-sard-dushanbe-nobolighand-1042526551.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0b/1041593317_219:78:1632:1138_1920x0_80_0_0_7a0428bcec911e1b3f47af2269df3d3e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе рвуд силоҳи сард
Милиса дар Душанбе фурӯшандаи силоҳи сардро ҳабс кард
19:20 21.12.2021 (Навсозишуда: 13:58 22.12.2021) Фурӯшанда зимни пурсиш иқрор кард, ки ба хотири ба даст овардани пул силоҳи сард ба фурӯш гузоштааст ва муштариёни ӯ аслан ҷавонону ноболиғон мебошанд
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Дар Душанбе барои ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳои авбошӣ бо истифодаи аз силоҳи сард амалиёти шартии "Корд" баргузор шуд.
Ба иттилои Раёсати умури дохилии пойтахт, зимни баргузории ин амалиёт як нафар фурӯшандаи силоҳи сард боздошт шуд.
Манбаъ меафзояд, номбурда истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе буда, дар гузаргоҳи зеризаминии хиёбони Исмоили Сомонӣ ба соҳибкорӣ машғул будааст ва ба таври пинҳонӣ, бар хилофи талаботи қонунгузорӣ, ба фурӯши предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда даст задааст.
Гуфта мешавад, аз фурӯшгоҳи ӯ 24 корди хурду калон, шаш чаки оҳанин (палочка), 13 чӯбдаст (дубинка), 2 электрошокер, 2 кастет ва дигар предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дарёфту мусодира шуд.
Зимни пурсиш номбурда изҳор доштааст, ки силоҳи сардро ба хотири ба даст овардани даромад ба фурӯш гузоштааст ва муштариёни асосии ӯ ноболиғону ҷавонон мебошанд.
Ба ҳамин минвол нисбати марди 51-сола протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода ва нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати панҷ шабонарӯз таъйин шуд.