https://sputnik.tj/20210927/bozdosht-siloh-sard-dushanbe-nobolighand-1042526551.html
Боздошти 36 нафар бо силоҳи сард дар Душанбе: 17 - тои онҳо ноболиғанд
Боздошти 36 нафар бо силоҳи сард дар Душанбе: 17 - тои онҳо ноболиғанд
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе мегӯяд, омори расонидани зарари ҷисмонӣ бо истифодаи аз силоҳи сард нисбат ба солҳои қаблӣ коҳиш ёфтааст 27.09.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-09-27T18:00+0500
2021-09-27T18:00+0500
2021-09-27T18:09+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
корд
рвкд ҷт дар шаҳри душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102967/45/1029674500_0:0:2996:1685_1920x0_80_0_0_6276dd48af248c69b7e8e5414299746a.jpg
ДУШАНБЕ, 27 сен – Sputnik. Дар Душанбе ба хотири ҷилавгирӣ аз содир шудани ҷиноятҳои куштору кордкашӣ, амалиёти "Корд" боз ҷоннок гардидааст.Бар хабари Раёсати умури дохилаи шаҳри Душанбе, кормандони ин ниҳод аз 21 то 26 - уми сентябр амалиёти мазкур роҳандозӣ намуданд, ки дар натиҷа 36 нафар ҷавонону ноболиғон боздошт шуданд, ки бо худ силоҳи сард мегардонданд.Манбаъ меафзояд, аз ин шумора 17 нафар ноболиғ буда, 18 тани дигарро ҷавонон ташкил медиҳанд."Аз онҳо дар маҷмӯъ 26 адад кордҳои гуногунтамға, 6 адад кастет ва 4 адад чубдаст дарёфту мусодира карда шуд", - омадааст дар хабар.РВУД дар пойтахт меафзояд, нисбати 6 нафар ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз 7 то 10 шабонарӯз ва дар қиболи волидони ноболиғон протоколҳои ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шуд.Дар ҳамин ҳол зикр гардид, ки ба фарқ аз солҳои пеш, содиршавии ҷинояти авбошӣ ва расонидани зарари ҷисмонӣ бо истифодаи аз силоҳи сард коҳиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20210225/Bozdosht-silohfurush-dushanbe-1032884529.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102967/45/1029674500_253:0:2920:2000_1920x0_80_0_0_8c4af4282b46e09d75272c92c7d10522.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, корд, рвкд ҷт дар шаҳри душанбе
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, корд, рвкд ҷт дар шаҳри душанбе
Боздошти 36 нафар бо силоҳи сард дар Душанбе: 17 - тои онҳо ноболиғанд
18:00 27.09.2021 (Навсозишуда: 18:09 27.09.2021) Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе мегӯяд, омори расонидани зарари ҷисмонӣ бо истифодаи аз силоҳи сард нисбат ба солҳои қаблӣ коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 27 сен – Sputnik. Дар Душанбе ба хотири ҷилавгирӣ аз содир шудани ҷиноятҳои куштору кордкашӣ, амалиёти "Корд" боз ҷоннок гардидааст.
Бар хабари Раёсати умури дохилаи шаҳри Душанбе, кормандони ин ниҳод аз 21 то 26 - уми сентябр амалиёти мазкур роҳандозӣ намуданд, ки дар натиҷа 36 нафар ҷавонону ноболиғон боздошт шуданд, ки бо худ силоҳи сард мегардонданд.
Манбаъ меафзояд, аз ин шумора 17 нафар ноболиғ буда, 18 тани дигарро ҷавонон ташкил медиҳанд.
"Аз онҳо дар маҷмӯъ 26 адад кордҳои гуногунтамға, 6 адад кастет ва 4 адад чубдаст дарёфту мусодира карда шуд", - омадааст дар хабар.
РВУД дар пойтахт меафзояд, нисбати 6 нафар ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз 7 то 10 шабонарӯз ва дар қиболи волидони ноболиғон протоколҳои ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шуд.
Дар ҳамин ҳол зикр гардид, ки ба фарқ аз солҳои пеш, содиршавии ҷинояти авбошӣ ва расонидани зарари ҷисмонӣ бо истифодаи аз силоҳи сард коҳиш ёфтааст.