https://sputnik.tj/20211221/iskandarov-etirofi-nashudani-tolibon-vobasta-az-khudi-onhost-1044295136.html
Искандаров: Эътирофи шудан ё нашудани толибон вобаста аз худи онҳост
Искандаров: Эътирофи шудан ё нашудани толибон вобаста аз худи онҳост
Sputnik Тоҷикистон
Коршиноси тоҷик гуфтааст, ба расмият шинохтани толибон аз иҷрои шартҳои мушаххасе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба онҳо пешниҳод карда, вобаста аст
2021-12-21T14:30+0500
2021-12-21T14:30+0500
2021-12-22T19:32+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
эътироф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102266/28/1022662856_102:0:1169:600_1920x0_80_0_0_d3733308af711696c6c2629828b8a434.jpg
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Қосимшоҳ Искандаров, раиси Маркази мутолиоти Афғонистон ва минтақаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мусоҳиба бо сомонаи "Миллат" афзуд, ки масъалаи эътироф кардан ё накардани Толибон пеш аз ҳама аз худи Толибон вобаста аст.Коршиноси тоҷик қайд кардааст, ҷомеаи байналмилал талаботи бисёр мушаххас дар назди толибон гузоштааст, ки то имрӯз ин гурӯҳ ба ҳеҷ яке аз хостаҳои он ҷавоби мусбат надодааст.“Инҳо иборатанд аз ташкили ҳукумати инклюзивӣ, риояи ҳуқуқи занон ба кор ва таҳсил, яъне ҳуқуқи баробар бо мардон, риояи ҳуқуқи ақаллиятҳои қавмӣ ва мазҳабӣ, роҳ надодан ба табдили дубораи Афғонистон ба лонаи гурӯҳҳои террористӣ ва ғайра. Агар толибон мехоҳанд узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ бошанд, бояд ин хостҳои ҷомеаи байналмилалро ба назар бигиранд”, - зикр кард доктори илмҳои таърих.Қосимшоҳ Искандаров гуфт, толибон, бешубҳа, дар масъалаҳои усулии ақидатӣ ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ ба тағйир намешаванд, зеро ин як тафаккур, як ақида ва як мактаб аст.Дар ҳамин ҳол коршиноси тоҷик бовар дорад, ки эҳтимоли роҳ додан ба баъзе нармишҳо дар масъалаи таъмини ҳуқуқи занон ба таҳсил дар доираи тафсири худашон аз шариат, албатта, иҷозати кор дар баъзе муассисаҳо, ба ҳукумат ҷалб намудани теъдоди бештари намояндагони ақвоми ғайрипаштун ва ғайра вуҷуд дорад, то ҳукуматашонро тавонанд фарогир ҷилва диҳанд. Зеро толибон, ки ба қудрати сиёсӣ расидаву ин қасру кушк ва зиндагии шаҳриро дар Кобул дидаанд, ҳаргиз намехоҳанд аз он ҷудо шаванд.Коршинос илова кард, толибон 20 сол барои аз кишвар хориҷ кардани амрикоиҳо мубориза карданд ва имрӯз роҳбарони ин ҷунбиш дуо мекунанд, ки амрикоиҳо баргарданд.Қосимшоҳ Искандаров гуфт, муовини вазири умури хориҷии иморати исломӣ Муҳаммад Аббос Станакзай изҳор намуд, ки “иншааллоҳ, амрикоиҳо бармегарданд. Аз рафтор ва ахлоқи онҳо, ки дар ҷараёни музокирот мушоҳида кардаам, онҳо бармегарданд, мо ҳама корро анҷом медиҳем, ки онҳо баргарданд”,- гуфт ӯ.Коршинос ҳамзамон зикр кард, ҳамин тавр, бо каме нармиш аз тарафи толибон роҳ ва ё гуфтан мумкин аст, баҳона барои эътирофи онҳо аз тарафи баъзе кишварҳои ҳомиашон пайдо мешавад.“Бо вуҷуди ин бо сиёсате, ки имрӯз амалӣ мекунанд, эҳтимолияти ташаккули ҷабҳа ё ҷабаҳоти зидитолибонӣ дар 5-6 моҳи оянда ва оғози марҳилаи нави ҷангҳо барои сарнагун намудани толибон вуҷуд дорад”, - ёдовар шуд коршиноси тоҷик.
https://sputnik.tj/20211221/tolibon-imron-khon-tahdid-diish-1044283583.html
https://sputnik.tj/20211220/muhaqqiq-suqut-hukumat-tolibon-1044269529.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102266/28/1022662856_235:0:1035:600_1920x0_80_0_0_6af060c9184c94d7d0a0e89b17c73cd4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, коршиноси тоҷик, ба расмият шинохтан, толибон, ҷомеаи ҷаҳонӣ
афғонистон, коршиноси тоҷик, ба расмият шинохтан, толибон, ҷомеаи ҷаҳонӣ
Искандаров: Эътирофи шудан ё нашудани толибон вобаста аз худи онҳост
14:30 21.12.2021 (Навсозишуда: 19:32 22.12.2021) Коршиноси тоҷик гуфтааст, ба расмият шинохтани толибон аз иҷрои шартҳои мушаххасе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба онҳо пешниҳод карда, вобаста аст
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Қосимшоҳ Искандаров, раиси Маркази мутолиоти Афғонистон ва минтақаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мусоҳиба бо сомонаи "Миллат" афзуд, ки масъалаи эътироф кардан ё накардани Толибон пеш аз ҳама аз худи Толибон вобаста аст.
Коршиноси тоҷик қайд кардааст, ҷомеаи байналмилал талаботи бисёр мушаххас дар назди толибон гузоштааст, ки то имрӯз ин гурӯҳ ба ҳеҷ яке аз хостаҳои он ҷавоби мусбат надодааст.
“Инҳо иборатанд аз ташкили ҳукумати инклюзивӣ, риояи ҳуқуқи занон ба кор ва таҳсил, яъне ҳуқуқи баробар бо мардон, риояи ҳуқуқи ақаллиятҳои қавмӣ ва мазҳабӣ, роҳ надодан ба табдили дубораи Афғонистон ба лонаи гурӯҳҳои террористӣ ва ғайра. Агар толибон мехоҳанд узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ бошанд, бояд ин хостҳои ҷомеаи байналмилалро ба назар бигиранд”, - зикр кард доктори илмҳои таърих.
Қосимшоҳ Искандаров гуфт, толибон, бешубҳа, дар масъалаҳои усулии ақидатӣ ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ ба тағйир намешаванд, зеро ин як тафаккур, як ақида ва як мактаб аст.
Дар ҳамин ҳол коршиноси тоҷик бовар дорад, ки эҳтимоли роҳ додан ба баъзе нармишҳо дар масъалаи таъмини ҳуқуқи занон ба таҳсил дар доираи тафсири худашон аз шариат, албатта, иҷозати кор дар баъзе муассисаҳо, ба ҳукумат ҷалб намудани теъдоди бештари намояндагони ақвоми ғайрипаштун ва ғайра вуҷуд дорад, то ҳукуматашонро тавонанд фарогир ҷилва диҳанд. Зеро толибон, ки ба қудрати сиёсӣ расидаву ин қасру кушк ва зиндагии шаҳриро дар Кобул дидаанд, ҳаргиз намехоҳанд аз он ҷудо шаванд.
“Толибон бисёр кӯшиш доранд, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ, бахусус Амрикоро ҷалб кунанд, то ин кишвар ба Афғонистон баргардад”, - зикр кард раиси Маркази мутолиоти Афғонистон ва минтақаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Коршинос илова кард, толибон 20 сол барои аз кишвар хориҷ кардани амрикоиҳо мубориза карданд ва имрӯз роҳбарони ин ҷунбиш дуо мекунанд, ки амрикоиҳо баргарданд.
Қосимшоҳ Искандаров гуфт, муовини вазири умури хориҷии иморати исломӣ Муҳаммад Аббос Станакзай изҳор намуд, ки “иншааллоҳ, амрикоиҳо бармегарданд. Аз рафтор ва ахлоқи онҳо, ки дар ҷараёни музокирот мушоҳида кардаам, онҳо бармегарданд, мо ҳама корро анҷом медиҳем, ки онҳо баргарданд”,- гуфт ӯ.
“Ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки “ҷиҳоди толибон” бар алайҳи амрикоиҳо як василае буд барои ғасби қудрати сиёсӣ ва машруъ ҷилва додани ҷанги онҳо”, - қайд кардааст коршинос.
Коршинос ҳамзамон зикр кард, ҳамин тавр, бо каме нармиш аз тарафи толибон роҳ ва ё гуфтан мумкин аст, баҳона барои эътирофи онҳо аз тарафи баъзе кишварҳои ҳомиашон пайдо мешавад.
“Бо вуҷуди ин бо сиёсате, ки имрӯз амалӣ мекунанд, эҳтимолияти ташаккули ҷабҳа ё ҷабаҳоти зидитолибонӣ дар 5-6 моҳи оянда ва оғози марҳилаи нави ҷангҳо барои сарнагун намудани толибон вуҷуд дорад”, - ёдовар шуд коршиноси тоҷик.