Вазири хориҷаи толибон изҳороти Имрон Хон дар бораи таҳдиди ДОИШ-ро рад кард

© Sputnik / Alexey Kudenko / Гузариш ба медиабонкИО министра иностранных дел Афганистана, член руководства движения "Талибан"* Амир Хан Муттаки и представитель политического совета движения "Талибан"* Шахабуддин Делавар
ИО министра иностранных дел Афганистана, член руководства движения Талибан* Амир Хан Муттаки и представитель политического совета движения Талибан* Шахабуддин Делавар  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Обуна шудан
Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷии толибон изҳороти ахири Имрон Хон, нахуствазири Покистон дар бораи таҳдиди ДОИШ аз Афғонистон ба Покистонро рад кард
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Вазири хориҷаи ҳукумати таҳти раҳбарии толибон дар Кобул ба хабарнигорон гуфтааст, ки ҳеҷ қаламрави Афғонистон алайҳи касе истифода нахоҳад шуд, хабар медиҳад рӯзномаи "Ҳашти субҳ".
Вай таъкид кардааст, ки толибон ДОИШ-ро беҳтар аз дигарон назорат ва ин иддаои Имрон Хонро рад мекунанд.
Вазири хориҷаи ҳукумати толибон изҳор дошт, шояд нахуствазири Покистон дар назар дошта бошад, ки ҳукумати заиф дар Афғонистон наметавонад ДОИШ-ро назорат кунад. Вай инчунин изҳори умедворӣ кард, ки ин тавр нахоҳад шуд.
Бывший президент афганистана Хамид Карзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2021
Вокуниши тунди Карзай ба сарвазири Покистон: Аз номи Афғонистон суханронӣ накунед
Якшанбеи гузашта Исломобод мизбони нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ буд. Дар ин дидор нахуствазири Покистон гуфт, ки ДОИШ аз Афғонистон ба Покистон таҳдид мекунад.
Дар пайи ин изҳороти Хон Ҳомиди Карзай, раисҷумҳури собиқи Афғонистон дар вокуниши тунде ба ин изҳорот гуфт, гурӯҳи террористии ДОИШ нахуст таҳдиде аз Покистон ба Афғонистон буд.
Раисҷумҳури собиқ гуфт, ин изҳорот дуруст нест, таблиғоти ошкор ба муқобили Афғонистон ва як талош барои барангехтани ихтилоф миёни афғонҳову тавҳин ба мардуми Афғонистон аст.
Ба гуфтаи Ҳомиди Карзай, воқеан, таҳдиди ДОИШ аз аввал ба Афғонистон аз Покистон ба назар мерасид.
Вай аз Имрон Хон хост, ки дар нишастҳои байналмилалӣ аз номи Афғонистон сухан нагӯяд.
Лентаи хабарҳо
0