https://sputnik.tj/20211221/halokat-8-nafa-sokhtmonho-sughd-1044302751.html
Ҳалокати ҳашт нафар дар сохтмонҳои Суғд: киҳо муҷозот шуданд?
Ҳалокати ҳашт нафар дар сохтмонҳои Суғд: киҳо муҷозот шуданд?
Sputnik Тоҷикистон
Давоми 11 моҳи соли ҷорӣ ҳангоми кор дар сохтмонҳои баландошёна дар вилояти Суғд 8 нафар ҳалокат шуда, 14 тани дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд
2021-12-21T17:35+0500
2021-12-21T17:35+0500
2021-12-21T20:33+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
суғд
сохтмон
муҷозот
ҳалокат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/18/1040408835_0:380:2965:2048_1920x0_80_0_0_391c5cf50f841dd6f6d6111bd06c17eb.jpg
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Давоми 11 моҳи соли ҷорӣ ҳангоми кор дар сохтмонҳои баландошёна дар вилояти Суғд ҳашт нафар ҳалокат шуда, 14 тани дигар ҷароҳат бардоштаандКамолҷон Толибзода, сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон аз омори ҳолатҳои нохуши фалокатбор зимни иҷрои корҳои сохтмонӣ гуфт.Ӯ гуфт, дар 11 моҳи соли ҷорӣ ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонии иморатҳои баланд ҳашт тан ба ҳалокат расида, 14 каси дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Толибзода дар шарҳи ин омор афзуд, бо вуҷуди таъкидҳои онҳо ва дигар мақомот ҳанӯз баъзе аз корфармоён ва роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ ҳуқуқи коргарон дар ҷиҳати ҳимояти ҷони ононро ҷиддӣ намегиранд, дар ҳоле ки ин кор бар зарари худи онҳо тамом мешавад. Бино ба омори расмӣ, дар вилояти Суғд алҳол ҳудуди 450 ширкатҳои сохтмонӣ фаъолият мекунад, вале на ҳамаи онҳо узви Иттифоқи касабаи сохтмончиҳо шудаанд. Пинҳонкорӣ ба хотири напардохтани андозКамолҷон Толибзода изҳор намуд, ки баъзе корфармоён ба хотири напардохтани андоз коргаронро ба таври ғайрирасмӣ ба кор ҷалб мекунанд. “Тибқи қонунгузорӣ, дар сурати расман ба кор қабул шудани коргар корфармоёнро зарур аст, ки сарулибос, шартномаи меҳнатӣ ва музди меҳнатро саривақт пардохт намуда, аз ин ҳисоб бояд ба давлат андоз низ супоранд. Ба ҳисоби оморӣ, маоши коргаре, ки дар сохтмонҳо кор мекунад на бояд аз 5 ҳазор сомонӣ кам бошад, ки аз ин ҳисоб 25% молиёт додан шарт аст. Мутаассифона, бисёре аз корфармоён ба хотири напардохтани андоз коргаронро ба таври ғайрирасмӣ ба кор қабул мекунанд”, - гуфт ӯ. Масъулони идораи Раёсати Хадамоти назорати давлатии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Суғд гуфтанд, ки дар пайи ҳолатҳои нохуш дар вақти иҷрои корҳои сохтмонӣ ба аъзои хонаводаи ҷабрдидаҳо беш аз 434 ҳазор сомонӣ аз корфармоён рӯёнида ва таҳвил шудааст. Ба ҷуз ин бинобар фавти коргарон, ҳашт масъули ширкатҳои сохтмонии Суғд, тибқи моддаи 154-и Кодекси ҷиноии ҶТ (барои аз ҷониби корфармоён риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, ки боиси маҷрӯҳ ва фавти корманд гардидааст), бо ҳукми додгоҳ муҷозот шудааст.Бар асоси Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, барои вайрон кардани қоидаҳои техникӣ ё дигар қоидаҳои ҳифзи меҳнат аз ҷониби шахсе, ки ба риоя кардани он масъул мебошад, ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ба муҳлати ду сол ба корҳои ислоҳӣ маҷбур кардани нафаре, ки ин банди қонунро нақз кардааст ё маҳрум сохтани ин гуна афрод аз озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо пешбинӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20211221/dastur-rahmon-manzilhoi-balandoshyona-shahr-navohi-1044287944.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/18/1040408835_580:431:2736:2048_1920x0_80_0_0_ed06d6519be157b32449292a94aeea66.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд., сохтмонҳо, ҳалокат,
суғд., сохтмонҳо, ҳалокат,
Ҳалокати ҳашт нафар дар сохтмонҳои Суғд: киҳо муҷозот шуданд?
17:35 21.12.2021 (Навсозишуда: 20:33 21.12.2021) Масъулини Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат мегӯянд, дар пайи ҳодисаҳои фалокатбор корфармоён ва масъулини ширкатҳои сохтмонӣ муҷозот шудаанд
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Давоми 11 моҳи соли ҷорӣ ҳангоми кор дар сохтмонҳои баландошёна дар вилояти Суғд ҳашт нафар ҳалокат шуда, 14 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд
Камолҷон Толибзода, сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд дар суҳбат ба
Sputnik Тоҷикистон аз омори ҳолатҳои нохуши фалокатбор зимни иҷрои корҳои сохтмонӣ гуфт.
Ӯ гуфт, дар 11 моҳи соли ҷорӣ ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонии иморатҳои баланд ҳашт тан ба ҳалокат расида, 14 каси дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.
“Дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд ду, Мастчоҳ як, Бобоҷон Ғафуров се, Конибодом як ва Зафаробод як ҳолати фавт дар вақти иҷрои кор дар сохтмон ба қайд гирифта шудааст”, - гуфт Толибзода.
Толибзода дар шарҳи ин омор афзуд, бо вуҷуди таъкидҳои онҳо ва дигар мақомот ҳанӯз баъзе аз корфармоён ва роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ ҳуқуқи коргарон дар ҷиҳати ҳимояти ҷони ононро ҷиддӣ намегиранд, дар ҳоле ки ин кор бар зарари худи онҳо тамом мешавад.
Бино ба омори расмӣ, дар вилояти Суғд алҳол ҳудуди 450 ширкатҳои сохтмонӣ фаъолият мекунад, вале на ҳамаи онҳо узви Иттифоқи касабаи сохтмончиҳо шудаанд.
Пинҳонкорӣ ба хотири напардохтани андоз
Камолҷон Толибзода изҳор намуд, ки баъзе корфармоён ба хотири напардохтани андоз коргаронро ба таври ғайрирасмӣ ба кор ҷалб мекунанд.
“Тибқи қонунгузорӣ, дар сурати расман ба кор қабул шудани коргар корфармоёнро зарур аст, ки сарулибос, шартномаи меҳнатӣ ва музди меҳнатро саривақт пардохт намуда, аз ин ҳисоб бояд ба давлат андоз низ супоранд. Ба ҳисоби оморӣ, маоши коргаре, ки дар сохтмонҳо кор мекунад на бояд аз 5 ҳазор сомонӣ кам бошад, ки аз ин ҳисоб 25% молиёт додан шарт аст. Мутаассифона, бисёре аз корфармоён ба хотири напардохтани андоз коргаронро ба таври ғайрирасмӣ ба кор қабул мекунанд”, - гуфт ӯ.
Масъулони идораи Раёсати Хадамоти назорати давлатии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Суғд гуфтанд, ки дар пайи ҳолатҳои нохуш дар вақти иҷрои корҳои сохтмонӣ ба аъзои хонаводаи ҷабрдидаҳо беш аз 434 ҳазор сомонӣ аз корфармоён рӯёнида ва таҳвил шудааст.
Ба ҷуз ин бинобар фавти коргарон, ҳашт масъули ширкатҳои сохтмонии Суғд, тибқи моддаи 154-и Кодекси ҷиноии ҶТ (барои аз ҷониби корфармоён риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, ки боиси маҷрӯҳ ва фавти корманд гардидааст), бо ҳукми додгоҳ муҷозот шудааст.
Бар асоси Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, барои вайрон кардани қоидаҳои техникӣ ё дигар қоидаҳои ҳифзи меҳнат аз ҷониби шахсе, ки ба риоя кардани он масъул мебошад, ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ба муҳлати ду сол ба корҳои ислоҳӣ маҷбур кардани нафаре, ки ин банди қонунро нақз кардааст ё маҳрум сохтани ин гуна афрод аз озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо пешбинӣ шудааст.