https://sputnik.tj/20211221/eron-baroi-vurudi-muhojiron-devore-vujud-nadorad-1044309733.html
Эрон: Барои вуруди муҳоҷирон деворе вуҷуд надорад
Эрон: Барои вуруди муҳоҷирон деворе вуҷуд надорад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири дохилаи Эрон гуфтааст, ки кишвараш ҳаргиз девор барои мамнуият аз вориди муҳоҷирон накишидааст
2021-12-21T20:35+0500
2021-12-21T20:35+0500
2021-12-22T19:18+0500
муҳоҷират
афғонистон
эрон
осиёи марказӣ
вазири умури дохила
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/03/1042045337_0:136:3047:1850_1920x0_80_0_0_3e0ef3142f5e8a3e1741e363c72e3386.jpg
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Аҳмади Ваҳидӣ, вазири умури дохилии Эрон ахиран дар як нишасти муштарак бо Филиппо Гранде, комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон изҳорот дошт, ки Эрон ҳамеша аз нигоҳи башардӯстона бо шаҳрвандони хориҷӣ бархӯрди нек доштааст.Оқои Воҳидӣ афзуд, Эрон аз созмонҳои байналмилалӣ ва аврупоӣ интизор дорад, ки тааҳҳудоти молии худро дар заминаи паноҳандагон иҷро мекунанд.Вазири умури дохилии Эрон дар идома гуфтааст, атбоъи хориҷие, ки дар ин кишвар ҳастанд, мисли соири шаҳрвандони эронӣ хидматрасонии беҳдоштӣ ва дармонии муносибро дарёфт мекунанд.Вазири умури дохилии Эрон гуфт, аврупоиён ин тасаввурро доранд, ки Эрон муҳоҷиратро мепазираду аз ин ҷиҳат нигарони гусел шудани муҳоҷирон ба самти марзҳои худашон нестанд, ҳол он ки зарфиятҳои Эрон маҳдуданд ва бояд ҳимоятҳои ҷиддӣ дар ин хусус сурат гирад.Оқои Ваҳидӣ бо ишора ба авзоъ дар Афғонистон гуфт, шароити кунунӣ дар ин кишварро Амрико рақам задааст. Мунҷамид шудани пулҳои мардуми Афғонистон сабаби аслии мушкилоти имрӯзаи мардуми ин кишвар аст.Ин дар ҳолест, ки бо тассалути толибон ва оғози мавҷи муҳоҷират мақсади аксари муҳоҷирон Эрону Покистон ҳастанд. Аммо марзҳои ин ду кишвар ба рӯи паноҳҷӯён бастаанд.
https://sputnik.tj/20211220/barrasii-vazi-afghoniston-didori-vuzaroi-khorijii-eronu-tolibon-1044267206.html
афғонистон
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/03/1042045337_200:0:2847:1985_1920x0_80_0_0_17df241b1e3eadce1ace4a5625462cff.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, афғонистон, марз, муҳоҷирон, девор, марз, маҳдудият
эрон, афғонистон, марз, муҳоҷирон, девор, марз, маҳдудият
Эрон: Барои вуруди муҳоҷирон деворе вуҷуд надорад
20:35 21.12.2021 (Навсозишуда: 19:18 22.12.2021) Вазири дохилаи Эрон гуфтааст, ки кишвараш ҳаргиз девор барои мамнуият аз вориди муҳоҷирон накашидааст
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Аҳмади Ваҳидӣ, вазири умури дохилии Эрон ахиран дар як нишасти муштарак бо Филиппо Гранде, комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон изҳорот дошт, ки Эрон ҳамеша аз нигоҳи башардӯстона бо шаҳрвандони хориҷӣ бархӯрди нек доштааст.
“Аммо ин сабаби он нест, ки аврупоиҳо бо гурезаҳо саҳми худро иҷро накунанд”, - гуфт вай.
Оқои Воҳидӣ афзуд, Эрон аз созмонҳои байналмилалӣ ва аврупоӣ интизор дорад, ки тааҳҳудоти молии худро дар заминаи паноҳандагон иҷро мекунанд.
Вазири умури дохилии Эрон дар идома гуфтааст, атбоъи хориҷие, ки дар ин кишвар ҳастанд, мисли соири шаҳрвандони эронӣ хидматрасонии беҳдоштӣ ва дармонии муносибро дарёфт мекунанд.
"Эрон ҳеҷ гоҳ деворе барои ҷилавгирӣ аз вуруди муҳоҷирон насохтааст, аммо дастгирии байналмилалӣ аз хидматҳое, ки Эрон ба шаҳрвандони хориҷӣ ироа мекунад, ночиз аст", - афзуд Ваҳидӣ.
Вазири умури дохилии Эрон гуфт, аврупоиён ин тасаввурро доранд, ки Эрон муҳоҷиратро мепазираду аз ин ҷиҳат нигарони гусел шудани муҳоҷирон ба самти марзҳои худашон нестанд, ҳол он ки зарфиятҳои Эрон маҳдуданд ва бояд ҳимоятҳои ҷиддӣ дар ин хусус сурат гирад.
Оқои Ваҳидӣ бо ишора ба авзоъ дар Афғонистон гуфт, шароити кунунӣ дар ин кишварро Амрико рақам задааст. Мунҷамид шудани пулҳои мардуми Афғонистон сабаби аслии мушкилоти имрӯзаи мардуми ин кишвар аст.
Ин дар ҳолест, ки бо тассалути толибон ва оғози мавҷи муҳоҷират мақсади аксари муҳоҷирон Эрону Покистон ҳастанд. Аммо марзҳои ин ду кишвар ба рӯи паноҳҷӯён бастаанд.