Баррасии вазъи Афғонистон дар дидори вузарои хориҷии Эрону толибон

© Sputnik / Руслан КривобокХосейн Амир Абдоллахиян, галава МИД Ирана
Хосейн Амир Абдоллахиян, галава МИД Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2021
Обуна шудан
Сарпарасти Вазорати хориҷаи толибон бо вазири хориҷаи Эрон дидор кард
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Ҳусейни Амирабдуллоҳиён, ки барои ширкат дар ҳафдаҳумин нишасти изтирории вазирони хориҷаи Созмони Ҳамкории Исломӣ дар бораи Афғонистон ба Исломобод сафар кард, дар ин мулоқот гуфт: Эрон ҳамчунон барои ташкили давлати фарогир бо мушорикати ҳамаи ақвом дар Афғонистон талош ва ҳамаи тарафҳоро барои таъмини ин ҳадаф ташвиқ мекунад, иттилоъ додааст хабаргузории “Тасним”.
Вазири умури хориҷии Эрон гуфт, мардуми Афғонистон дар остонаи фасли сармову шароити сахте, ки доранд, бояд мавриди ҳимояти ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор бигиранд.
Вай гуфт, кумакҳои инсондӯстона бояд ба самти ин кишвар сарозер шаванд.
Али Акбар Салехи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2021
Собиқ вазири Эрон гуфт, вазъи Афғонистон ба Осиёи Марказӣ чӣ хатар дорад
Ҳусайни Амирабдуллоҳиён ҳамчунин чаҳор пешниҳод барои кумак ба мардуми Афғонистон ироа кард ва афзуд, кишварҳои исломӣ ҳайати ҳокимаи сарпарастии Афғонистон ва ҳамаи тарафҳоро ба ташкили давлати фарогир ташвиқ кунанд.
Вазири хориҷаи Эрон афзуд, Теҳрон амнияти пойдор ва суботи сиёсиву иҷтимоӣ дар Афғонистонро дар ростои манофеи ҷамъии минтақа арзёбӣ мекунад.
Оқои Амирабдуллоҳиён илова кард, ки Эрон дар 40 соли гузашта мизбони миллионҳо муҳоҷиру овораи афғонистонӣ будааст.
“Ин муҳоҷирону оворагон ҳосили таҷовузу ишғолгарии Амрико будаанд”, - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол Амирхони Муттақӣ, сарпарасти Вазорати хориҷаи давлати толибон низ дар ин мулоқот гуфт, ҳама бояд бипазиранд, ки инзивои сиёсии Афғонистон барои касе суде надорад ва ниёз аст, то ин кишвар аз назари сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳимоят шавад.
Вай афзуд, ба тамоми ҷаҳон ва бавижа кишварҳои исломӣ итминон медиҳам, ки аз хоки Афғонистон алайҳи касе истифода нахоҳад шуд ва бо кишту қочоқи маводи мухаддир ба шиддат мубориза мешавад.
Лентаи хабарҳо
0