Беш аз 11 ҳазор нафар дар соли 2021 аз ҷавобгарӣ ва адои ҷазо озод шуд

© Sputnik Амнистия заключенных в Согдийской области
Амнистия заключенных в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар афви ахир, ки ба муносибати 30-солагии истиқлоли давлатӣ эълон шуд, 11 ҳазору 500 нафар аз ҷавобгарӣ озод шуд
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар ҷумҳурӣ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ 17 бор Қонун дар бораи авф қабул гардид.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш ба парлумон зикр намуд, ки дар маҷмуъ дар ҷумҳурӣ 170 ҳазор нафар мавриди афв қарор гирифта, аз адои ҷазо озод шуд.
Ӯ аз афви охир, ки моҳи сентябри соли равон ба муносибати Ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ қабул гардид, зикр намуда, иттилоъ дод, ки дар доираи ин қонун 11 ҳазору 500 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод гардид.
Раисҷумҳур инчунин аз қонунҳои афви амвол ва самари онҳо суҳбат кард.
Мужчины с портфелем в руке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2021
18 роҳи қонунигардонии пули ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон давоми як сол
"Дар замони соҳибистиқлолӣ чор бор қонун оид ба авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии кишвар бинобар қонунигардонии маблағҳо ва молу мулкашон қабул ва амалӣ гардонида шуд", - изҳор дошт раисҷумҳур.
Ӯ афзуд, ин иқдом барои беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ таъсири мусбат расонд.
Инчунин зикр гардид, дар доираи сиёсати башардӯстона бо фармони раисҷумҳур аз 30 апрели соли 2004 дар робита ба ҷазои ҳукми қатл ва иҷрои он дар кишвар мораторий эълон гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0