18 роҳи қонунигардонии пули ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон давоми як сол

© Sputnik / Алексей ДаничевМужчины с портфелем в руке. Архивное фото
Мужчины с портфелем в руке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2021
Обуна шудан
Қонуни нави афви дороиҳо дар Тоҷикистон, ки моҳи равон мавриди амал қарор гирифт, тартибу шарти қонунӣ гардондани маблағҳоеро, ки то ҳол расмӣ нестанд, муайян кардааст
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Моддаи 6 -и қонун дар бораи афв бинобар қонунӣ кардани дороиҳо 18 шарту тартиби қонунигардонии маблағҳоро муқаррар кардааст, ки аз фурӯши асъор ба бонкҳо то таъсиси корхона бо на кам аз 30 кормандро дар бар мегирад.
Роҳи аввал дар бонкҳои Тоҷикистон ба суратҳисобҳои пасандози муҳлатноки на кам аз яксола ва ё амонати исломӣ ба ҳамин муҳлат ба номи худ ворид намудани пули миллӣ ва ё асъор мебошад
Саҳмгузорӣ дар ташаккули сармояи оинномавии шахсони ҳуқуқии тиҷоратии Тоҷикистон, аз ҷумла дар раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ бе ҳуқуқи бозпас гирифтани маблағ аз сармоя дар давоми се сол, роҳи дуюми қонунигардонӣ мебошад.
Агроинвестбанк. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Пул ҳаст: аз муштариёни "Агроинвестбонк" хостанд, ки камеи дигар сабр кунанд
Харидории ҳиссаҳо ва саҳмияҳои шахсони ҳуқуқии тиҷоратии давлатӣ ва хусусии Тоҷикистон, харидории коғазҳои қиматноки давлатӣ ва хусусӣ, харидории евробондҳои ҷумҳурӣ, иштирок дар сохтмони ҳиссагии манзил дар ҳудуди кишвар, ташкили хоҷагии деҳқонӣ ва маблағгузории фаъолияти онҳо тавассути ворид намудани маблағ ба суратҳисоби бонкии онҳо ё саҳмгузорӣ дар фаъолияти хоҷагии деҳқонии амалкунанда, аз роҳҳои дигари қонунигардонӣ ҳастанд.
Сармоягузорӣ ба соҳибкории хурду миёна бо ё бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, пардохти молу маҳсулот, таҷҳизоти воридотии таъиноти соҳибкорӣ, сармоягузории корхонаҳои истеҳсолӣ, сармоягузорӣ ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, сармоягузорӣ ба минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар, сармоягузорӣ ба сохтмони молу мулки ғайриманқули ба фаъолияти соҳибкорӣ вобаста аз роҳҳои дигари қонунигардонӣ номбар шуданд.
Мирзонабот Алишер Худоберди - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2021
Норозигии раиси Хоруғ аз холӣ будани банкоматҳо
Сармоягузорӣ ба соҳаи пахтакорӣ, маблағгузорӣ барои таъсиси субъектҳои нави фаъолияти соҳибкорӣ бо ҷои корӣ барои на кам аз 30 корманд, сармоягузорӣ барои таъсис ва ё тавсеаи фаъолияти марбут ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар доираи талаботи қонунгузории амалкунанда, сармоягузории такрорӣ барои рушди соҳаҳои саноат, аз ҷумла истеҳсолӣ, коркард ва кишоварзӣ аз роҳҳои дигари қонунигардонӣ мебошанд.
Роҳи 18-уми қонунигардонии маблағ ба бонкҳои ваколатдор фурӯхтани асъор муқаррар шудааст.
Қонуни Тоҷикистон дар бораи афви дороиҳо моҳи равон равон нашр гардида, 12 моҳ амал хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0