https://sputnik.tj/20211220/sughd-benzin-suzishvori-dizeli-gaz-1044270741.html
Дар Суғд бензину сӯзишвории дизелӣ арзонтар мешавад: гази моеъ чӣ?
Дар Суғд бензину сӯзишвории дизелӣ арзонтар мешавад: гази моеъ чӣ?
Sputnik Тоҷикистон
Дар шимоли Тоҷикистон қимати маводи сӯхт дар ҳоли шинокунанда қарор дорад. Дар ҳоле ки қимати гази моеъ баланд боқӣ мемонад, арзиши бензин дар минтақа поин рафтааст
2021-12-20T16:00+0500
2021-12-20T16:00+0500
2021-12-21T12:12+0500
дар тоҷикистон
хуҷанд
нарх
газ
сӯзишворӣ
бензин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/14/1044265975_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_542a65eabdd6ac10cacff79e985a965e.jpg
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Дар вилояти Суғд поин рафтани нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ мушоҳида шудааст, хабар медиҳанд "Sugdnews".Ба иттилои манбаъ, ин навъи сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории қад-қади роҳи Хуҷанд - Истаравшан нисбат ба нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Хуҷанд каме арзонтар фурӯхта мешавад: Дар ҳоле ки дар Хуҷанд ҳамин навъи бензин 10,90 сомонӣ (0,96 доллар), сӯзишвории дизелӣ 11 сомонӣ (0,97 доллар) фурӯхта мешуд.Дар мавриди гази моеъ бошад, нархи он тағйир наёфтааст. Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Суғд арзиши миёнаи он 7,20-7,30 сомонӣ (0,63-0,64 доллар) аст. Ин маънии онро дорад, ки арзиши гази моеъ тайи як ҳафтаи ахир тағйир наёфтааст. Кормандони НФС мисли пештара коҳиши арзиши маводи сӯхтро бо воридоти нав алоқаманд медонанд.Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон, тибқи иттилои расмӣ, беш аз 60 дарсади ронандагони нақлиёт истифода аз гази моеъро афзал медонанд. Аз ин рӯ болоравии нархи он ба арзиши нақлиёти мусофирбар таъсир расонд.Вазорат гуфт, Тоҷикистон чӣ қадар нафт истеҳсол ва чӣ қадар воридот кардаастИмрӯз роҳкиро дар минтақаҳои Суғд аз 25 то 50% боло рафтааст. Имсол дар Тоҷикистон афзоиши рекордии қимати гази моеъ - ҳудуди 9 сомонӣ шудани як литр сабт шуда буд, дар ҳоле ки қаблан қимат танҳо ҳангоми оғози корҳои кишоварзӣ метавонист каме боло равад.
https://sputnik.tj/20211216/khujand-avtobus-harakat-namekunand-1044200420.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/14/1044265975_227:0:2958:2048_1920x0_80_0_0_5182676b8d0a4efcc569a8b686c14db3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд бензин сӯзишворӣ дизелӣ арзон газ
суғд бензин сӯзишворӣ дизелӣ арзон газ
Дар Суғд бензину сӯзишвории дизелӣ арзонтар мешавад: гази моеъ чӣ?
16:00 20.12.2021 (Навсозишуда: 12:12 21.12.2021) Дар шимоли Тоҷикистон навасони қимати маводи сӯхт ба назар мерасад. Дар ҳоле ки қимати гази моеъ гарон аст, арзиши бензин дар минтақа поин рафтааст
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Дар вилояти Суғд поин рафтани нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ мушоҳида шудааст, хабар медиҳанд "Sugdnews".
Ба иттилои манбаъ, ин навъи сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории қад-қади роҳи Хуҷанд - Истаравшан нисбат ба нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Хуҷанд каме арзонтар фурӯхта мешавад:
Бензини АИ-92 - 10,40 сомонӣ (0,92 доллар);
солярка – 10,50 сомонӣ (0,93 доллар);
сӯзишвории дизелӣ - 10,70 сомонӣ (0,94 доллар).
Дар ҳоле ки дар Хуҷанд ҳамин навъи бензин 10,90 сомонӣ (0,96 доллар), сӯзишвории дизелӣ 11 сомонӣ (0,97 доллар) фурӯхта мешуд.
Дар мавриди гази моеъ бошад, нархи он тағйир наёфтааст. Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Суғд арзиши миёнаи он 7,20-7,30 сомонӣ (0,63-0,64 доллар) аст. Ин маънии онро дорад, ки арзиши гази моеъ тайи як ҳафтаи ахир тағйир наёфтааст.
Кормандони НФС мисли пештара коҳиши арзиши маводи сӯхтро бо воридоти нав алоқаманд медонанд.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон, тибқи иттилои расмӣ, беш аз 60 дарсади ронандагони нақлиёт истифода аз гази моеъро афзал медонанд. Аз ин рӯ болоравии нархи он ба арзиши нақлиёти мусофирбар таъсир расонд.
Имрӯз роҳкиро дар минтақаҳои Суғд аз 25 то 50% боло рафтааст.
Имсол дар Тоҷикистон афзоиши рекордии қимати гази моеъ - ҳудуди 9 сомонӣ шудани як литр сабт шуда буд, дар ҳоле ки қаблан қимат танҳо ҳангоми оғози корҳои кишоварзӣ метавонист каме боло равад.