Дар Хуҷанд ҳаракати автобусҳо мутаваққиф шуд: сабаб дар чист?

© Foto / Пресс-служба председателя города ХуджандВ Худжанде вводят в эксплуатацию автобусы с электронной системой платежей
В Худжанде вводят в эксплуатацию автобусы с электронной системой платежей - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2021
Обуна шудан
Сокинони Хуҷанд мегӯянд, ду рӯз ба ин тараф ҳаракати автобусҳо дар шаҳр қатъ шудааст ва ин ҳол вазъи мусофирбариро дар шимоли Тоҷикистон мушкил намудааст
ДУШАНБЕ, 16 дек – Sputnik. Фаъолият автобусҳои шаҳри Хуҷанд ҳамагӣ пас аз се моҳ ба мушкилӣ мувоҷеҳ шуд. Сокинони шаҳр мегӯянд, ду рӯз ба ин тараф дар истгоҳ ва роҳу кӯчаҳои шаҳр автобусҳо тамоман ба назар намерасанд ва ин ҳолат вазъи мусофирбариро мушкил намудааст.
Гулназар Бозоров, як донишҷӯи Донишгоҳи Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон иброз намуд, ки то ин вақт пайваста аз хидматрасонии автобусҳо истифода мекард ва барои ин корти электронии пардохт ҳам харидааст, аммо ду рӯз ба ин тараф ин намуд нақлиёти ҷамъиятӣ аз ҳаракат бозмондааст.

"Рӯзи гузашта расо ним соат, то соати 7:30 дақиқаи субҳ автобусро дар истгоҳ мунтазир будем, ки наомад. Пас аз анҷоми дарс ҳам дар истгоҳи назди бозори “Панҷшанбе” ҳудуди як соат автобусро интизор шудем, аммо наомад. Имрӯз ҳам баъди интизории зиёд автобус ба истгоҳ наомад”, – гуфт ин донишҷӯ.

Сокинони дигари Хуҷанд ҳам дар бораи мушоҳида нашудани ҳаракати автобусҳо дар роҳу кӯчаҳои шаҳр мегӯянд.
Хидматрасонии автобус ба фарқ аз дигар нақлиёти мусофирбарӣ дар Хуҷанд як сомонӣ муқаррар шуда буд. Арзиши роҳкирои дохилишаҳрии дигар микроавтобусҳои мусофиркашонӣ ду сомонӣ аст.
Ин бори аввал нест, ки автобусҳо дар Хуҷанд аз ҳаракат мемонанд. Тобистони соли ҷорӣ низ 90% -и ин навъ нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хуҷанд аз фаъолият бозмонда буд ва танҳо моҳи сентябр, баъди оғоз шудани соли таҳсил дар макотибу донишгоҳҳо ин мушкил бартараф шуд. Он замон Абдуҷалил Бобоҷонов, роҳбари татбиқи лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ"-и КВД “Нақлиёти мусофиркашон” -и шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон вазъи баамаломдаро ба болоравии нархи маводи сӯхт (солярка) рабт дода буд.
"Нархи солярка аз 9 сомонӣ гузашт. Агар ба ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт то бегоҳ маблағи соляркаро надиҳед, пагоҳ, саҳар сӯзишворӣ намедиҳанд. Ҳаракати автобусҳо, хароҷоти сӯзишвориро пӯшонида наметавонад, аз ҳамин ҷиҳат ҳаракати 90 адади автобусҳо боздошта шудааст”, - гуфта буд Бобоҷонов.
Зимнан масъулони КВД “Нақлиёти мусофиркашон” -и Хуҷанд дар бораи мушкили аз ҳаракат бозмондани автобусҳо, ки аз рӯзи 15 декабр шуруъ шудааст, то кунун расман чизе нагуфтаанд.
В Худжанде вводят в эксплуатацию автобусы с электронной системой платежей - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Натиҷаи гароншавии сӯзишворӣ: дар Хуҷанд 90 автобус аз ҳаракат монд
Абдуҷалил Бобоҷонов, роҳбари татбиқи лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ" -и КВД “Нақлиёти мусофиркашон” -и шаҳри Хуҷанд қаблан изҳор карда буд, ки болоравии босуръати арзиши сӯзишворӣ ба фаъолияти “Корхонаи мусофиркашонӣ” -и Хуҷанд таъсири амиқ расонидааст.
Ӯ қайд намуд, ки то ин замон даҳҳо ронанда бо сабаби сари вақт пардохт нашудани маош корро тарк намуда, ба муҳоҷират рафт.
"Дар ҳар шаҳри ҷаҳон ҳаракати автобус харҷ дорад. Аз сабаби набудани маблағи кофӣ таъмири автобусҳо иҷро намешавад. Маоши баъзе ронандаҳо ҳам сари вақт пардохт карда нашудааст”, - гуфта буд Бобоҷонов.
Ин дар ҳолест, ки се сол қабл барои татбиқи лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ" Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба идораи "Нақлиёти мусофиркашон"-и шаҳри Хуҷанд 26 миллион доллар қарзи даҳсола ҷудо карда буд. Аз ин ҳисоб 17, 5 миллион доллар қарз ва 8, 5 миллион доллари дигар қарзи бебозгашт (грант) гуфта мешавад.
Сафар аз Тошканд ба Хуҷанд ҳам имконпазир шуд: нарх 100 сомонӣ
Корхонаи "Нақлиёти мусофиркашон" дар Хуҷанд аз ҳисоби ин қарзи бонкӣ дар соли 2018 100 адад автобуси тамғаи "ЛИАЗ 4292" ва "ЛИАЗ 5292"-ро аз Федератсияи Русия ворид кард ва ҳаракати ин навъ нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хуҷанд ва навоҳии атрофи онро роҳандозӣ намуд. Корхонаи "Нақлиёти мусофиркашон" то имрӯз шаш марҳилаи пардохти қарзи хариди автобусҳоро сипарӣ намуда, беш аз 4,3 миллион доллар аз 17, 5 миллионро пардохт кардааст.
Ҳоло арзиши маводи сӯхт, аз ҷумла сӯзишвории дизелӣ назар ба чаҳор моҳи пеш беш аз як сомонӣ гарон шуда, ба 10,9 сомонӣ баробар шудааст. Зимнан масъулини Хуҷанд дақиқан шарҳ надодаанд, ки бо чӣ сабаб автобусҳо аз ҳаракат бозмондаанд ва кай ин мушкил рафъ хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0