https://sputnik.tj/20211220/sadama-margbor-ruz-istirohat-tojikiston-1044261574.html
Сабти ду садамаи маргбор тайи рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон
Сабти ду садамаи маргбор тайи рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ду садамаи маргбор хабар додааст, ки рӯзҳои истироҳати гузашта ба қайд гирифта шудаанд
2021-12-20T11:57+0500
2021-12-20T11:57+0500
2021-12-20T11:57+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
мошин
душанбе
садама
восеъ
ҳалокат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102350/38/1023503835_0:0:1118:630_1920x0_80_0_0_fe17826d9110d9dced57afb938a9f4ed.jpg
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, бархӯрди маргбори ду "Опел" дар шаҳри Душанбе рух додааст. Ба иттилои ВУД, нимашаби 18-уми декабр ронандаи 39-солаи "Опел-Астра", сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди пойтахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра" бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи мошини дуюм, сокини 23-солаи шаҳри Душанбе ба ҳалокат расида, ду мусофираш зани 30-сола ва марди 31-сола дар беморхона бистарӣ шудаанд. Садамаи маргбори дигар дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудааст. Ронандаи 27-солаи "Тойота-камри" аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти тути канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири 30-солаи худрав, сокини ноҳияи Восеъ дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, феълан таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.
https://sputnik.tj/20211219/rasona-qurboniyon-sukhtor-pushkino-modaru-kudak-1044256945.html
душанбе
восеъ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102350/38/1023503835_0:0:1118:839_1920x0_80_0_0_0a793730bf0bd9c7b2fd255308622057.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
садама, маргбор, рӯзҳо, истироҳат, тоҷикистон
садама, маргбор, рӯзҳо, истироҳат, тоҷикистон
Сабти ду садамаи маргбор тайи рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ду садамаи маргбор хабар додааст, ки рӯзҳои истироҳати гузашта ба қайд гирифта шудаанд
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, бархӯрди маргбори ду "Опел" дар шаҳри Душанбе рух додааст.
Ба иттилои ВУД, нимашаби 18-уми декабр ронандаи 39-солаи "Опел-Астра", сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди пойтахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра" бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи мошини дуюм, сокини 23-солаи шаҳри Душанбе ба ҳалокат расида, ду мусофираш зани 30-сола ва марди 31-сола дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Садамаи маргбори дигар дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудааст. Ронандаи 27-солаи "Тойота-камри" аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти тути канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири 30-солаи худрав, сокини ноҳияи Восеъ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, феълан таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.