Қурби рубл дар Тоҷикистон пас аз рӯзҳои истироҳат боз поин рафт

© Sputnik / Мария ДевахинаМонета
Монета - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2021
Обуна шудан
Арзиши асъори русӣ дар баробари сомонӣ дар Тоҷикистон давоми рӯзҳои истироҳатӣ наздик ба як сомонӣ коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар поён рафта, ҳоло 1000 рубл 152,5 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар барои 1000 рубл 153,5 сомонӣ медоданд.
Арзиши асъори аврупоӣ бошад, каме боло рафта, дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 12.7899 сомонӣ қимат дорад. Ду рӯз қабл дар кишвар бар ивази 1 евро 12.7584 сомонӣ медоданд.
Ин асъор тайи чанд моҳи ахир мунтазам устуворияшро аз даст медиҳад.
Арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон устуворияшро нигоҳ дошата, ҳафтаи навро бо каме болоравӣ оғоз кардааст. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.2985 сомонӣ аст. Охири ҳафтаи гузашта ин нишондиҳанда ба 11.2946 сомонӣ баробар буд.
Пачка долларов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2021
Иқтисоддон гуфт, ки навъи нави коронавирус чӣ гуна долларро тағйир медиҳад
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.2985 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.7899 то 12.8700 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1527 то 0.1530 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0