https://sputnik.tj/20211219/vazi-afghoniston-naqliyot-sirojiddin-muhriddin-hind-1044257168.html
Аз вазъи Афғонистон то сармоягузорӣ: Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳинд аз чӣ гуфт?
Аз вазъи Афғонистон то сармоягузорӣ: Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳинд аз чӣ гуфт?
Sputnik Тоҷикистон
Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи нишасти 3-юми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
2021-12-19T21:00+0500
2021-12-19T21:00+0500
2021-12-20T20:05+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
ҳамкорӣ
ҳиндустон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/13/1044257268_0:0:941:529_1920x0_80_0_0_5a497c0595a04132881ebd6991ad5bac.jpg
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин дар ин ҳамоиш дар шаҳри Деҳлӣ зарур хонд, ки аз иқтидори бузурги рушди иқтисодию сармоягузорӣ дар минтақа ба таври самаранок истифода шавад. Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Муҳриддин изҳор доштааст, ки Душанбе ба таҳкими бештари фаъолияти Муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ аҳамияти хос зоҳир менамояд. "Дар ин замина мусоидат ба раванди татбиқи лоиҳаҳои бузурги зербиноӣ, нақлиётӣ, иқтисоди сабз, рақамикунонӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҷиҳати тавсеаи иқтидор ва имкониятҳои содиротӣ таъкид гардид", - омадааст дар иттилоияи ВУХ. Таъкид шуд, ки масъалаи Афғонистон аз мавзуъҳои меҳварии дигари суҳбати вазирон будааст. Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, намояндагони кишварҳои узви муколама перомуни равандҳои ҷаҳонӣ ва минтақаӣ, аз ҷумла вазъият дар Афғонистон ва ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ барои аз байн бурдани мушкилоти гуманитарӣ дар кишвар табодули андеша намуданд.Инчунин Муҳриддин дар доираи ин сафар бо раиси Лок Сабҳа - палатаи поёнии парлумони Ҳиндустон Ом Бирла густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кардааст."Таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқӣ, фаъол намудани гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ ва табодули ҳайатҳои расмӣ ҷиҳати баррасии мавзуъҳои авлавиятноки дуҷониба ва эътимоди мутақобилаи ду давлати бо ҳам дӯст амри зарурӣ мебошанд", - таъкид намудааст Ом Била.Вазири тоҷик низ ҳамкориҳои бештари миёни парлумонҳои ду кишварро барои густариши равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, тиббӣ, афзоиши теъдоди бурсияҳои таълимӣ ва табодули таҷриба муҳим хондааст.
https://sputnik.tj/20211219/tekhnika-joponu-koreya-sud-sozishnoma-pokiston-1044250679.html
ҳиндустон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/13/1044257268_71:0:776:529_1920x0_80_0_0_638d0a96f7961c88be69809f16748e17.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сироҷиддин муҳриддин, вазири умури хориҷӣ, ҳиндустон, осиёи марказӣ
сироҷиддин муҳриддин, вазири умури хориҷӣ, ҳиндустон, осиёи марказӣ
Аз вазъи Афғонистон то сармоягузорӣ: Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳинд аз чӣ гуфт?
21:00 19.12.2021 (Навсозишуда: 20:05 20.12.2021) Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин дар ин ҳамоиш дар шаҳри Деҳлӣ зарур хонд, ки аз иқтидори бузурги рушди иқтисодию сармоягузорӣ дар минтақа ба таври самаранок истифода шавад.
Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Муҳриддин изҳор доштааст, ки Душанбе ба таҳкими бештари фаъолияти Муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ аҳамияти хос зоҳир менамояд.
"Дар ин замина мусоидат ба раванди татбиқи лоиҳаҳои бузурги зербиноӣ, нақлиётӣ, иқтисоди сабз, рақамикунонӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҷиҳати тавсеаи иқтидор ва имкониятҳои содиротӣ таъкид гардид", - омадааст дар иттилоияи ВУХ.
Таъкид шуд, ки масъалаи Афғонистон аз мавзуъҳои меҳварии дигари суҳбати вазирон будааст.
Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, намояндагони кишварҳои узви муколама перомуни равандҳои ҷаҳонӣ ва минтақаӣ, аз ҷумла вазъият дар Афғонистон ва ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ барои аз байн бурдани мушкилоти гуманитарӣ дар кишвар табодули андеша намуданд.
Инчунин Муҳриддин дар доираи ин сафар бо раиси Лок Сабҳа - палатаи поёнии парлумони Ҳиндустон Ом Бирла густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кардааст.
"Таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқӣ, фаъол намудани гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ ва табодули ҳайатҳои расмӣ ҷиҳати баррасии мавзуъҳои авлавиятноки дуҷониба ва эътимоди мутақобилаи ду давлати бо ҳам дӯст амри зарурӣ мебошанд", - таъкид намудааст Ом Била.
Вазири тоҷик низ ҳамкориҳои бештари миёни парлумонҳои ду кишварро барои густариши равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, тиббӣ, афзоиши теъдоди бурсияҳои таълимӣ ва табодули таҷриба муҳим хондааст.