Баррасии паёмадҳои COVID-19 ба иқтисод дар дидори Муҳридину Модӣ

© МИД РТГлава МИД РТ Сироджиддин Мухриддин и Премьер-министр Индии Нарендра Моди
Глава МИД РТ Сироджиддин Мухриддин и Премьер-министр Индии Нарендра Моди - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2021
Обуна шудан
Сарвазири Ҳиндустон ва вазири хориҷаи Тоҷикистон аз зарурати рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод таъкид карданд
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Дар Деҳлӣ Нарендра Модӣ, сарвазири Ҳиндустон бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ, ки барои иштирок дар нишасти 3-юми абзори мазкур дар Ҳиндустон қарор доранд, мулоқот намуд, иттилоъ додааст Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни ин дидору гуфтугӯ дар бораи ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои давлатҳо дар чаҳорчуби Муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ ва масъалаҳои умдаи марбут ба вазъи кунунии минтақаю ҷаҳон ва дигар таҳдидҳои амниятӣ табодули афкор сурат гирифт.
Манбаъ қайд кардааст, ки Нарендра Модӣ ба густариши робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо ҳар як кишвари узв таъкид намуд.
Сироҷиддин Муҳриддин ва Ом Бирла - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2021
Аз маориф то иқтисоду тандурустӣ: мулоқоти Муҳриддин бо Ом Бирла дар Ҳиндустон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо дарназардошти таъсири паёмадҳои ҳамагирии COVID-19 ба иқтисодиёти кишварҳои узви Муколама, зарурати рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, саноат, энергетика, нақлиёт, илму маориф, тандурустӣ ва сайёҳиро таъкид намуд.
“Доир ба зарурати дарёфти роҳу усулҳои нави ҳамкориҳои муштарак дар ин соҳаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид”, - қайд намудааст манбаъ.
ВУХ илова кардааст, ки дар поёни мулоқот изҳори умед карда шуд, ки натиҷаҳои нишасти сеюми Муколама ба таҳкими баъдии ин абзор ва расидан ба ҳадафҳои дарпешистода пурсамар хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0