https://sputnik.tj/20211219/muloqot-muhriddin-om-birla-hinduston-1044249865.html
Аз маориф то иқтисоду тандурустӣ: мулоқоти Муҳриддин бо Ом Бирла дар Ҳиндустон
Аз маориф то иқтисоду тандурустӣ: мулоқоти Муҳриддин бо Ом Бирла дар Ҳиндустон
Sputnik Тоҷикистон
Зимни мулоқот аз ҷумла масъалаи афзоиши теъдоди бурсияҳои таълимӣ баррасӣ шуд 19.12.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-12-19T13:30+0500
2021-12-19T13:30+0500
2021-12-20T18:50+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
ҳиндустон
вух-и тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/13/1044249682_0:0:1064:599_1920x0_80_0_0_b32f8ad08f8b341c780d8cc961b4c2c4.jpg
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Ҳиндустон қарор дорад.Дафтари матбуотии ВУХ Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Муҳриддин дар ҷараёни сафари расмӣ бо раиси Лок Сабҳа - палатаи поёнии парлумони Ҷумҳурии Ҳиндустон Ом Бирла мулоқот намуд.Гуфта мешавад, ҷонибҳо зимни суҳбат аз ҳамкориҳои феълии байнипарлумонӣ изҳори хушнудӣ намудаанд. Манбаъ меафзояд, дипломати тоҷик низ аз рушди ҳамкориҳои бештар миёни парлумонҳои ду кишварро ба мақсади мусоидат дар густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, тиббӣ, афзоиши теъдоди бурсияҳои таълимӣ ва табодули таҷриба гуфт.Ҷонибҳо инчунин атрофи дурнамои равобити дуҷониба дар чаҳорчӯби абзорҳои ҳамкорӣ, ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули афкор намуданд.Ёдовар мешавем, Ҳиндустон аз деҳаи Чортут то гардиши Айнӣ дар Душанбе шоҳроҳи ҳаштхаттӣ месозад, ки арзиши тахминии лоиҳа 17,54 миллион доллари маблағҳои грантиро ташкил медиҳад.Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 35 дарсади корҳо ба поён расида, 65 фоизи боқимонда бояд то моҳи октябри соли 2022 анҷом дода шаванд.
https://sputnik.tj/20211217/hinduston-tojikiston-vada-kumak-1044212910.html
ҳиндустон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/13/1044249682_54:0:998:708_1920x0_80_0_0_9f096bc90204ee7999f10ed4566b93cf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сиёсат , ҳиндустон, вух-и тоҷикистон
дар тоҷикистон, сиёсат , ҳиндустон, вух-и тоҷикистон
Аз маориф то иқтисоду тандурустӣ: мулоқоти Муҳриддин бо Ом Бирла дар Ҳиндустон
13:30 19.12.2021 (Навсозишуда: 18:50 20.12.2021) Зимни мулоқот аз ҷумла масъалаи афзоиши теъдоди бурсияҳои таълимӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Ҳиндустон қарор дорад.
Дафтари матбуотии ВУХ Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Муҳриддин дар ҷараёни сафари расмӣ бо раиси Лок Сабҳа - палатаи поёнии парлумони Ҷумҳурии Ҳиндустон Ом Бирла мулоқот намуд.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо зимни суҳбат аз ҳамкориҳои феълии байнипарлумонӣ изҳори хушнудӣ намудаанд.
"Таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқӣ, фаъол намудани гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ ва табодули ҳайатҳои расмӣ ҷиҳати баррасии мавзуъҳои авлавиятноки дуҷониба ва эътимоди мутақобилаи ду давлати бо ҳам дӯст амри зарурӣ мебошанд", - таъкид намудааст Ом Била.
Манбаъ меафзояд, дипломати тоҷик низ аз рушди ҳамкориҳои бештар миёни парлумонҳои ду кишварро ба мақсади мусоидат дар густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, тиббӣ, афзоиши теъдоди бурсияҳои таълимӣ ва табодули таҷриба гуфт.
Ҷонибҳо инчунин атрофи дурнамои равобити дуҷониба дар чаҳорчӯби абзорҳои ҳамкорӣ, ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, Ҳиндустон аз деҳаи Чортут то гардиши Айнӣ дар Душанбе шоҳроҳи ҳаштхаттӣ месозад, ки арзиши тахминии лоиҳа 17,54 миллион доллари маблағҳои грантиро ташкил медиҳад.
Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 35 дарсади корҳо ба поён расида, 65 фоизи боқимонда бояд то моҳи октябри соли 2022 анҷом дода шаванд.