Аскар Акаев сафед шуд: Ӯ пас аз бозпурсии навбатӣ ба Русия рафт

© Sputnik / Александр НатрускинДоктор экономических наук, профессор, иностранный член РАН, экс президент Кыргызстана Аскар Акаев
Доктор экономических наук, профессор, иностранный член РАН, экс президент Кыргызстана Аскар Акаев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2021
Обуна шудан
Муайян гардид, ки собиқ кишвардори Қирғизистон аз мансаб сӯистифода накардааст ва дар фасод низ даст надоштааст
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Аввалин президенти Қирғизистон, Аскар Акаев пас аз бозпурсии навбатӣ Қирғизистонро тарк кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон аз қавли собиқ муовини сарвазир, бекболот Талғарбеков.
"Акаев як рӯз пеш ба Маскав парвоз кард. Пеш аз ин ӯ аз бозпурсии КДАМ гузашт. Муайян карда шуд, ки дар аъмоли ӯ сӯиистифода аз мақом ва ё фасоди молӣ мушоҳида нашудааст. Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дигар ба ӯ суол надорад", - гуфт Талғарбеков.
Вай қайд кард, ки тамоми чораҳои тафтишотӣ бо иштироки Акаев ба анҷом расидаанд.
Номбурда тавзеҳ дод, ки нисбати Акаев парвандаи ҷиноӣ кушода набуд ва ӯ танҳо дар қазияи "Кумтор" шоҳидӣ дод.
Аз сафари Акаев ба Қирғизистон рӯзи 14 декабр маълум шуд. Вай ҳамроҳи писараш аз Маскав бо даъвати КДАМ барои 2-3 рӯз омада буд.
Ёдовар мешавем, ки Аскар Акаев бори нахуст баъди ҳодисаҳои моҳи марти соли 2005 барои анҷоми амалиёти тафтишотӣ ва рӯшан кардани дигар масъалаҳое, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доранд, рӯзи 2 августи соли равон ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карда буд.
Аллея молодежи и панарамный вид на город Бишкек - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2021
Ҳадафи сафари Аскар Акаев ба Қирғизистон маълум шуд
Аскар Оқоев нахустин раисҷумҳури Қирғизистон аст ва дар солҳои 1990 — 2005 бар он кишвар раёсат мекард. Вай дар паи инқилоби мардумии соли 2005 аз раёсат бар канор шуд ва Қирғизистонро тарк кард.
Мардум ӯ ва хешовандону наздиконашро муттаҳам ба ғорати кишвар дар ҷараёни хусусисозии дороиҳои давлатӣ карда буданд. Қурбонбек Боқиев, ки дар паи ин инқилоб ҷойгузини Аскар Оқоев шуда буд, низ дар паи инқилоби мардумӣ дар апрели соли 2010 аз раёсат барканор ва кишварро тарк карда буд.
Бо тағйири чанд кишвардор, ҳоло дар маснади Президентии Қирғизистон Содир Ҷабборов қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0