Гинсбург гуфт, озмоиши ваксина алайҳи коронавирус барои кӯдакон се моҳ вақт мегирад

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкДиректор института ГУ НИИ эпидемиологии и микробиологии имени Н.Ф. Гамалеи, академик РАМН, профессор Александр Гинцбург
Директор института ГУ НИИ эпидемиологии и микробиологии имени Н.Ф. Гамалеи, академик РАМН, профессор Александр Гинцбург - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2021
Обуна шудан
Мудири Маркази таҳқиқоти эпидемиология ва микробиологияи ба номи Гамалея изҳор дошт, ки ҳуҷҷатҳо барои озмоиши ваксина аз COVID-19 барои кӯдакон аллакай пешниҳод шудаанд
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Александр Гинсбург, мудири Маркази миллии таҳқиқотии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Гамалея мегӯяд, пажуҳиши ваксина алайҳи коронавирус барои кӯдакони 6-11-сола метавонад ҳудуди се моҳ вақт гирад.
Ӯ дар филме аз тариқи шабакаи телевизионии "Россия 1" изҳор доштааст, ки бастаи ҳуҷҷатҳо барои гузарондани озмоиши клинкии ваксина алайҳи коронавирус барои кӯдакони кӯдакони 6-11-сола аллакай пешниҳод гардидааст.
"Умедворам, ки мутахассисони Вазорати тандурустӣ ин ҳуҷҷатҳоро на бештар аз як моҳ баррасӣ хоҳанд карду бо эродҳо ё бидуни онҳо ба мо иҷозат хоҳанд дод, ки озмоиши ваксина гузаронда шавад. Ин ҳудуди се моҳ вақт мегирад", - гуфт Гинсбург дар филми Ноили Аскарзода.
Вакцина от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
СҶБ шарҳ дод, ки чаро тасдиқи "Спутник V" ба таъхир афтодааст
Маврид ба зикр аст, ки Русия ваксина алайҳи коронавирус барои кӯдакони аз 12 то 17-соларо охири моҳи ноябри соли равон ба қайд гирифта буд.
Дар Вазорати тандурустӣ ваксинаи "Гам-КОВИД-Вак-М" сабт шуд, ки аз ҷониби Маркази Гамалея таҳия гардида, барои кӯдакони аз 12 то 17-сола пешбинӣ шудааст.
Ноиби сарвазири Русия Татяна Голикова изҳор дошта буд, ки ваксина бо розигии волидон ё худи ноболиғ, агар аз 15 сол бештар дошта бошад, гузаронда мешавад.
Дар феҳрасти аломатҳои гирифтории кӯдакон ба коронавирус, аз ҷумла доғҳо, дарди буғумҳо, илтиҳоби луобпардаҳо, дарди шикам, сулфа, ҳарорати баланд зикр мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0