https://sputnik.tj/20211219/sjb-tasdiq-sputnik-v-takhir-1044247513.html
СҶБ шарҳ дод, ки чаро тасдиқи "Спутник V" ба таъхир афтодааст
СҶБ шарҳ дод, ки чаро тасдиқи "Спутник V" ба таъхир афтодааст
Sputnik Тоҷикистон
Ваксинаи "Спутник V" аллакай аз ҷониби беш аз 70 кишвари ҷаҳон эътироф шудааст, ки дар онҳо беш аз 50 дарсади аҳолии ҷаҳон зиндагӣ мекунад
2021-12-19T11:00+0500
2021-12-19T11:00+0500
2021-12-20T18:23+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
дар ҷаҳон
тандурустӣ
сҷб
дар русия
ваксина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/13/1033034917_0:62:1200:737_1920x0_80_0_0_f881861cc8f4df50030fa71d33622619.jpg
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Созмонии Ҷаҳонии Беҳдошт ҳамоно дар тасдиқи ваксинаи сохти Русия таъхиркорӣ мекунад. Намояндаи расмии ин созмон Маргарет Ҳаррис ба хабаргузории RT сабаби то ҳол эътироф нашудани "Спутник V"-ро гуфтааст.Ҳаррис иддаҳо дар мавриди он ки ин созмон танҳо ваксинаҳои истеҳсоли Ғарбро мепазирад, рад кард ва аз сабти номи ваксинаҳои Чину Ҳиндустон мисол овард.Ӯ гуфт, тасдиқи баъзе доруҳое, ки дар Ғарб истеҳсол мегарданд, тӯлонӣ мешавад, зеро барои ин кор маълумоти бештари техникӣ лозим аст.Дар авоили моҳи октябр вазири тандурустии Русия Михаил Мурашко гуфта буд, тамоми монеаҳо барои тасдиқи "Спутник V" аз ҷониби СҶБ бартараф шуданд ва ҳоло баъзе расмиёти маъмурӣ боқӣ мондасту халос.Зимнан раиси Сандуқи сармоягузории мустақими Русия Кирилл Дмитриев қайд кард, ки ӯ дар ду моҳи оянда иҷозаи созмонро интизор аст.Дар моҳи декабр СҶБ эълон кард, ки як гурӯҳ аз мутахассисон барои арзёбии ваксинаи сохти Русия на пешар аз моҳи январи соли 2022 вориди ин кишвар мешаванд. Ҳанс Клюге, раҳбари аврупоии ин созмон гуфт, СҶБ метавонад ваксинаи мазкурро дар семоҳаи аввали соли оянда эътироф кунад.
https://sputnik.tj/20211017/nom-vaksina-covid-navrason-rusiya-1042915917.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/13/1033034917_133:0:1200:800_1920x0_80_0_0_2356cad517a531903205794864de2b7e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ваксина сҷб
СҶБ шарҳ дод, ки чаро тасдиқи "Спутник V" ба таъхир афтодааст
11:00 19.12.2021 (Навсозишуда: 18:23 20.12.2021) Ваксинаи "Спутник V" аллакай аз ҷониби беш аз 70 кишвари ҷаҳон эътироф шудааст, ки дар онҳо беш аз 50 дарсади аҳолии ҷаҳон зиндагӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Созмонии Ҷаҳонии Беҳдошт ҳамоно дар тасдиқи ваксинаи сохти Русия таъхиркорӣ мекунад. Намояндаи расмии ин созмон Маргарет Ҳаррис ба хабаргузории RT сабаби то ҳол эътироф нашудани "Спутник V"-ро гуфтааст.
"Сабабҳо: Мо файли техникии ваксинаи "Спутник -V"-ро арзёбӣ мекунем ва мунтазири маълумоти бештар ҳастем. Ин ҷараён ҳамоно идома дорад", - тавзеҳ додааст ӯ.
Ҳаррис иддаҳо дар мавриди он ки ин созмон танҳо ваксинаҳои истеҳсоли Ғарбро мепазирад, рад кард ва аз сабти номи ваксинаҳои Чину Ҳиндустон мисол овард.
Ӯ гуфт, тасдиқи баъзе доруҳое, ки дар Ғарб истеҳсол мегарданд, тӯлонӣ мешавад, зеро барои ин кор маълумоти бештари техникӣ лозим аст.
Дар авоили моҳи октябр вазири тандурустии Русия Михаил Мурашко гуфта буд, тамоми монеаҳо барои тасдиқи "Спутник V" аз ҷониби СҶБ бартараф шуданд ва ҳоло баъзе расмиёти маъмурӣ боқӣ мондасту халос.
Зимнан раиси Сандуқи сармоягузории мустақими Русия Кирилл Дмитриев қайд кард, ки ӯ дар ду моҳи оянда иҷозаи созмонро интизор аст.
Дар моҳи декабр СҶБ эълон кард, ки як гурӯҳ аз мутахассисон барои арзёбии ваксинаи сохти Русия на пешар аз моҳи январи соли 2022 вориди ин кишвар мешаванд.
Ҳанс Клюге, раҳбари аврупоии ин созмон гуфт, СҶБ метавонад ваксинаи мазкурро дар семоҳаи аввали соли оянда эътироф кунад.