Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Номи ваксина алайҳи COVID барои наврасон дар Русия маълум шуд

© Sputnik / Алексей КуденкоДети в защитных масках
Дети в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2021
Обуна шудан
Ҳуҷҷатҳо барои сабти ваксина барои наврасон алайҳи коронавирус аллакай ба Вазорати тандурустӣ фиристода шудааст
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Ба Вазорати тандурустии Русия аллакай ҳуҷҷатҳо барои сабти ваксина алайҳи бемории коронавирус барои наврасон фиристода шуд.
Дар робита ба ваксини мазкур, директори Маркази ба номи Гамалей, Александр Гинсбург изҳор доштааст, ки номи ваксина барои кӯдакон шояд "Спутник М" интихоб шавад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳарфи "М" маънои "хурд"-ро ифода мекунад.

"Ҳатман номи "Спутник" боқӣ хоҳад монд ва дар робита ба он ки ин ваксин барои наврасон аст, аз ин рӯ ҳарфи "М", ба маънои "хурд" илова мешаваду халос", - афзудааст ӯ.

Қаблан Маркази миллии тадқиқотии эпидемиологӣ ва микробиологии ба номи В.И. Гамалей ба Вазорати тандурустии Русия бастаи ҳуҷҷатҳоеро барои сабти ваксинаи Гам-КОВИД-Вак-М фиристода буд, ки барои пешгирии COVID-19 дар байни наврасон пешбинӣ шудааст.
Медицинские работники во время обхода в госпитале для лечения больных COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Сабти рекордии фавт ва гирифторӣ ба коронавирус дар Русия
Дар ҳамин ҳол ёрдамчии вазири тандурустӣ Алексей Кузнетсов қаблан ба РИА "Новости" гуфта буд, ки дар сурати сабти ном шудани ин ваксина он танҳо бо ризоияти волидон ва ё намояндагони қонунии онҳо ба наврасон гузаронида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0