https://sputnik.tj/20211218/rusiya-kumak-bashardustona-afghoniston-1044238049.html
Русия боз як бастаи дигари кумаки башардӯстона ба Афғонистон равон кард
Русия боз як бастаи дигари кумаки башардӯстона ба Афғонистон равон кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои Русия аз ирсоли як бастаи нави кумакии дигар ба Афғонистон хабар дод. 18.12.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-12-18T12:10+0500
2021-12-18T12:10+0500
2021-12-20T14:39+0500
дар ҷаҳон
афғонистон
кӯмаки башардӯстона
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039138995_66:0:1629:879_1920x0_80_0_0_e6be4895efe00b47a97cbd5ccedb8000.jpg
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Вазорати дифои Русия аз ирсоли се ҳавопаймои низомии нақлиётӣ бо 36 тонна кумаки башардӯстона ба Афғонистон хабар дод. Ба гуфтаи Вазорати дифоъ, Сергей Шойгу як гурӯҳи авиатсионии иборат аз се ҳавопаймои низомии ҳомили бастаи кумакии иборат аз маводи ғизоӣ ва доруро ба Афғонистон фиристодааст. Қаблан низ ҳавопаймоҳои Русия бо кумаки башардӯстона ба Афғонистон ва ҳамзамон барои интиқоли 380 нафар аз ин кишвар дар фурудгоҳи Кобул нишаста буданд.Бастаи кумакҳои қаблӣ низ иборат аз маводи ғизоӣ ва доруворӣ буд.Қаблан Замир Кабулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон ва раиси бахши осиёии Вазорати хориҷаи Русия дар бораи имкони додани қарз ба Ҳукумати Афғонистон изҳори назар карда буд. Ба гуфтаи ин дипломат, агар ин тасмим аз сӯйи раисҷумҳури Русия Владимир Путин қабул шавад, Маскав метавонад ин корро анҷом диҳад. Кобулов таъкид кард, маҳз Ғарб дороиҳои Афғонистонро мунҷамид кард, аз ин рӯ Амрико ва кишварҳои ғарбӣ бояд масъулияти эҳёи пасазҷангии Афғонистонро пурра ба дӯш гиранд. Тасарруфи Афғонистон аз сӯйи толибон дар моҳи август сабаб шуд, ки донорҳо ироаи миллиардҳо доллар кумак ба ин кишварро қатъ кунанд.Дар ҳамин ҳол СММ ҳушдор медиҳад, дар сурати андешидани чораҳои фаврӣ миллионҳо афғонистонӣ, аз ҷумла кӯдакон, эҳтимол аз гуруснагӣ бимиранд.
https://sputnik.tj/20211011/umed-tolibon-rusiya-sarmoyaguzori-afghoniston-1042757520.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039138995_261:0:1433:879_1920x0_80_0_0_d6a7707ce0f773c9768a8a416c35258c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия кумак афғонистон
Русия боз як бастаи дигари кумаки башардӯстона ба Афғонистон равон кард
12:10 18.12.2021 (Навсозишуда: 14:39 20.12.2021) Вазорати дифои Русия аз ирсоли як бастаи нави кумакии дигар ба Афғонистон хабар дод.
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Вазорати дифои Русия аз ирсоли се ҳавопаймои низомии нақлиётӣ бо 36 тонна кумаки башардӯстона ба Афғонистон хабар дод.
Ба гуфтаи Вазорати дифоъ, Сергей Шойгу як гурӯҳи авиатсионии иборат аз се ҳавопаймои низомии ҳомили бастаи кумакии иборат аз маводи ғизоӣ ва доруро ба Афғонистон фиристодааст.
Қаблан низ ҳавопаймоҳои Русия бо кумаки башардӯстона ба Афғонистон ва ҳамзамон барои интиқоли 380 нафар аз ин кишвар дар фурудгоҳи Кобул нишаста буданд.
Бастаи кумакҳои қаблӣ низ иборат аз маводи ғизоӣ ва доруворӣ буд.
Қаблан Замир Кабулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон ва раиси бахши осиёии Вазорати хориҷаи Русия дар бораи имкони додани қарз ба Ҳукумати Афғонистон изҳори назар карда буд.
Ба гуфтаи ин дипломат, агар ин тасмим аз сӯйи раисҷумҳури Русия Владимир Путин қабул шавад, Маскав метавонад ин корро анҷом диҳад.
Кобулов таъкид кард, маҳз Ғарб дороиҳои Афғонистонро мунҷамид кард, аз ин рӯ Амрико ва кишварҳои ғарбӣ бояд масъулияти эҳёи пасазҷангии Афғонистонро пурра ба дӯш гиранд.
Тасарруфи Афғонистон аз сӯйи толибон дар моҳи август сабаб шуд, ки донорҳо ироаи миллиардҳо доллар кумак ба ин кишварро қатъ кунанд.
Дар ҳамин ҳол СММ ҳушдор медиҳад, дар сурати андешидани чораҳои фаврӣ миллионҳо афғонистонӣ, аз ҷумла кӯдакон, эҳтимол аз гуруснагӣ бимиранд.