Умеди "Толибон"* аз Русия барои сармоягузорӣ ба иқтисоди Афғонистон

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкКупюры американских долларов и монета с гербом Российской Федерации
Купюры американских долларов и монета с гербом Российской Федерации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2021
Обуна шудан
"Толибон"* умедвор аст, ки Русия дар барқарорсозии Афғонистон кумак хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. "Толибон"* умедвор аст, ки Русия барои барқарорсозии Афғонистон кумак хоҳад кард, хабар додааст ТАСС бо истинод ба муовини вазири иттилоот ва фарҳанги ҳукумати "Толибон"* дар Афғонистон Забеҳулло Муҷоҳид.
Ба гуфтаи ӯ, Кобул умедвор аст, ки Федератсияи Русия дар бозсозии Афғонистон, ки дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ дар даҳсолаҳои охир зарар дидааст, ширкат хоҳад кард.

"Русия як кишвари муҳим аз нигоҳи иқтисодӣ аст. Афғонистон дар рафти ҷанг хароб карда шуд, Русия ва дигар кишварҳо метавонанд барои барқарор кардани он кумак кунанд ",-гуфт намояндаи "Толибон"*.

Муҷоҳид изҳори умедворӣ ба ҳамкорӣ бо ҳама давлатҳо кард ва афзуд, ки сармоягузории хориҷӣ дар барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон метавонад нақши бузург бозад.
"Мо аз чунин кумак истиқбол мекунем ва ба дастгирии молӣ умедворем",-гуфт Забеҳуллоҳ Муҷоҳид.
Ҳамзамон намояндаи ҷунбиш ҳамчунин афзуд, "Толибон"* имкон дорад, кормандони сафорати Афғонистонро аз Маскав бозхонд кунанд.
Посольство Афганистана в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2021
"Толибон"* мехоҳад дипломатҳои Афғонистонро аз Русия бозхонд кунанд: сабаб
Ба гуфтаи онҳо, баъзе намояндагони шуъбаи дипломатӣ вазифаҳои худро дуруст иҷро намекунанд.
Ба гуфтаи Муҷоҳид, масъалаҳои тағйири кадрҳо бояд аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати нав ҳал шавад.
* - созмони фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ
Лентаи хабарҳо
0