https://sputnik.tj/20211218/elchaninov-judo-tojik-1044237100.html
Елчанинов аз дастоварди ҷудои тоҷик гуфту маслиҳат дод: Бо натоиҷ худро фирефта накунед
Елчанинов аз дастоварди ҷудои тоҷик гуфту маслиҳат дод: Бо натоиҷ худро фирефта накунед
Sputnik Тоҷикистон
Мураббии ҷудо Владимир Елчанинов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон натоиҷи ҳунарнамоии варзишгарони тоҷик дар арсаи ҷаҳониро арзёбӣ кард
2021-12-18T11:07+0500
2021-12-18T11:07+0500
2021-12-20T14:09+0500
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дзюдо
владимир елчанинов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103053/90/1030539068_0:275:1000:838_1920x0_80_0_0_8cc350b6699aa206a29cc3838aa930f2.jpg
ДУШАНБЕ, 18 дек – Sputnik. Мураббии маъруфи тоҷику рус Владимир Елчанинов натиҷаи ҳунарнамоии ҷудочиёнро дар мавсими соли 2021 ҷамъбаст кард. Елчанинов муддати тӯлонӣ бо ҷудои тоҷик робита дошт, ӯ солҳои зиёдро ба кор бо тими миллии Тоҷикистон бахшидаву варзишгаронро ба мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ мебурд. Ӯ устоди Расул Боқиев, ки барандаи медали биринҷии бозиҳои олимпӣ гардида буд, аст, ва Комроншоҳи Устопириёну дигар ҷудочиёнро низ тарбият кардааст. Устоди варзиш дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи баромадҳои варзишгарони тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ назари худро баён кард. Вай ҳамчунин дар бораи он ки ҷудои тоҷик чӣ гуна роҳи худро дар арсаи ҷаҳонӣ оғоз кардааст ва чаро ҳоло бархе аз ҷудочиён ба гирифтани медалҳо шуруъ намудаанд, изҳори назар кард.Ӯ ҳамчунин ибрози назар кард, ки чаро тоҷикон қаблан натавонистаанд ин қадар медал гиранд."Қаблан гуфтам, паҳлавонони тоҷик дар ҷудо маҳорати хеле зиёд доранд. Ин натиҷаи анъанаҳои чандинасраи куштии миллӣ аст, ки ба ҷудо хеле наздик аст", - гуфт устоди варзиш.Ба гуфтаи ӯ, солҳои қаблӣ натиҷаҳо асосан аз мусобиқоти қитъавии Осиё ба даст меомаданд ва чун қоида дар мусобиқоти наврасон медалҳо буданд. Мураббӣ афзуд, ҷудочиён хеле кам ба мусобиқоти калонтар мерафтанд. Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки ҳамчун мураббии ҷудо ширкат кардан дар чунин мусобиқаҳоро дӯст намедорад. Соли 2005, вақте ки Елчанинов ба тарбияи Расул Боқиев ва Неъмат Асронқулов шуруъ кард, онҳо дар бузургтарин мусобиқоти ҷудо мубориза бурданд. Ба қавли мураббӣ, онҳо таҷриба андӯхта, хатою норасоиҳоро пас аз куштигирӣ ислоҳ карданд ва пас аз чанд сол хеле қавӣ шудаву натиҷаҳои аввалин дар мусобиқаҳои калонро ба даст оварданд."Неъмат соли 2005 аввалин ва то ҳол ягона қаҳрамони мусобиқаи байналмиллалии "А" ("Тоскулоҳи бузург" аз рӯи низоми нав, ред.) аст, ӯ барандаи Ҷоми ҷаҳонии Боку ва аввалин тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Қоҳира гардид, ки ба ҳаштгонаи беҳтарин дохил шуд... Ва Расул ба гирифтани медалҳо дар ҷоми ҷаҳонии кишварҳои мухталиф шурӯъ кард. Ӯ дар соли 2007 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва ҳамчунин олимпиадаи соли 2008 соҳиби медалҳои биринҷӣ шуд. Сипас Комроншоҳ Устопириён ин корро идома дода, соҳиби медалҳои қаҳрамонии Осиё, ҷоми ҷаҳон ва гран-при гардиданд”, - мегӯяд мураббӣ.Ба гуфтаи ӯ, ба шарофати ин пешравони тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ дигар ҷудочиёни Тоҷикистон ва мураббиёнашон ба худ бовар, иштибоҳҳои худро дар омодасозӣ ислоҳ карда, дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ бештар ба минбар баромаданд. Ҳамин тариқ сатҳи касби умумии паҳлавонон боло рафта, онҳо дар ин намуди варзиш рақобатпазир шуда, ахиран дар Абузабӣ се медал ба даст оварданд."Ин хуб аст, аммо набояд аз ин натиҷа фирефта шуд ва бояд дарк кунед, тақрибан ҳамаи варзишгарони пешқадам, ки ба элитаи ҷаҳонии ҷудо дохил мешаванд, ҳоло истироҳат мекунанд ва танҳо дар моҳи июни соли 2022, вақте ки интихоби олимпӣ баргузор мешавад, ба майдон мебароянд", — ёдовар шуд Елчанинов."Натавонистам ҳунарамро нишон диҳам": Комроншоҳ аз мардуми Тоҷикстон узр пурсидВай афзуд, барои рақобат бо паҳлавонони пешқадами ҷаҳон дзюдочиёни Тоҷикистон бояд ба усули кор дар замин, техника ва тактикаи дзюдо таваҷҷуҳ зоҳир кунанд.Дар ҳамин ҳол Владимир Елчанинов тирамоҳи имсол пешниҳоди раҳбарии тими миллии дзюдои Қирғизистон ва омода кардани он ба Бозиҳои олимпии соли 2024-ро пазируфт."Ман ин пешниҳодро қабул кардам ва ҳоло ба ҳайси мураббии тими миллии Қирғизистон кор мекунам. Шароити ман олиҷаноб аст. Бо дастпарварони худ барои ба даст овардани натиҷаҳои баланд талош хоҳам кард. Мо вазифаҳои калон дорем, на танҳо худро дар арсаи ҷаҳонӣ нишон медиҳем, балки инчунин барои ба даст овардани роҳхатҳо ба бозиҳои ояндаи олимпӣ талош мекунем”, - гуфт мураббӣ.
https://sputnik.tj/20210730/elchaninov-shikast-judokoron-tojik-tokioro-sharh-1041308548.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103053/90/1030539068_0:182:1000:932_1920x0_80_0_0_5e18c38dae89904186b68700ef518b4e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
елчанинов натоиҷ ҷудо тоҷик масалиҳат
елчанинов натоиҷ ҷудо тоҷик масалиҳат
Елчанинов аз дастоварди ҷудои тоҷик гуфту маслиҳат дод: Бо натоиҷ худро фирефта накунед
11:07 18.12.2021 (Навсозишуда: 14:09 20.12.2021) Мураббии ҷудо Владимир Елчанинов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон натоиҷи ҳунарнамоии варзишгарони тоҷик дар арсаи ҷаҳониро арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 18 дек – Sputnik. Мураббии маъруфи тоҷику рус Владимир Елчанинов натиҷаи ҳунарнамоии ҷудочиёнро дар мавсими соли 2021 ҷамъбаст кард.
Елчанинов муддати тӯлонӣ бо ҷудои тоҷик робита дошт, ӯ солҳои зиёдро ба кор бо тими миллии Тоҷикистон бахшидаву варзишгаронро ба мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ мебурд.
Ӯ устоди Расул Боқиев, ки барандаи медали биринҷии бозиҳои олимпӣ гардида буд, аст, ва Комроншоҳи Устопириёну дигар ҷудочиёнро низ тарбият кардааст.
Устоди варзиш дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи баромадҳои варзишгарони тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ назари худро баён кард.
Вай ҳамчунин дар бораи он ки ҷудои тоҷик чӣ гуна роҳи худро дар арсаи ҷаҳонӣ оғоз кардааст ва чаро ҳоло бархе аз ҷудочиён ба гирифтани медалҳо шуруъ намудаанд, изҳори назар кард.
"Дар мавсими имсола ҷудочиёни Тоҷикистон натоиҷи хуб доштанд. Мехостам дастовардҳои онҳоро дар сабқати "Тоскулоҳи бузург" таъкид намоям. Сипас онҳо якбора ва ҳамзамон дар як мусобиқа се медал ба даст оварданд. Ин дастоварди бузург аст", - гуфт Елчанинов.
Ӯ ҳамчунин ибрози назар кард, ки чаро тоҷикон қаблан натавонистаанд ин қадар медал гиранд.
"Қаблан гуфтам, паҳлавонони тоҷик дар ҷудо маҳорати хеле зиёд доранд. Ин натиҷаи анъанаҳои чандинасраи куштии миллӣ аст, ки ба ҷудо хеле наздик аст", - гуфт устоди варзиш.
Ба гуфтаи ӯ, солҳои қаблӣ натиҷаҳо асосан аз мусобиқоти қитъавии Осиё ба даст меомаданд ва чун қоида дар мусобиқоти наврасон медалҳо буданд.
Мураббӣ афзуд, ҷудочиён хеле кам ба мусобиқоти калонтар мерафтанд.
Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки ҳамчун мураббии ҷудо ширкат кардан дар чунин мусобиқаҳоро дӯст намедорад.
Соли 2005, вақте ки Елчанинов ба тарбияи Расул Боқиев ва Неъмат Асронқулов шуруъ кард, онҳо дар бузургтарин мусобиқоти ҷудо мубориза бурданд.
Ба қавли мураббӣ, онҳо таҷриба андӯхта, хатою норасоиҳоро пас аз куштигирӣ ислоҳ карданд ва пас аз чанд сол хеле қавӣ шудаву натиҷаҳои аввалин дар мусобиқаҳои калонро ба даст оварданд.
"Неъмат соли 2005 аввалин ва то ҳол ягона қаҳрамони мусобиқаи байналмиллалии "А" ("Тоскулоҳи бузург" аз рӯи низоми нав, ред.) аст, ӯ барандаи Ҷоми ҷаҳонии Боку ва аввалин тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Қоҳира гардид, ки ба ҳаштгонаи беҳтарин дохил шуд... Ва Расул ба гирифтани медалҳо дар ҷоми ҷаҳонии кишварҳои мухталиф шурӯъ кард. Ӯ дар соли 2007 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва ҳамчунин олимпиадаи соли 2008 соҳиби медалҳои биринҷӣ шуд. Сипас Комроншоҳ Устопириён ин корро идома дода, соҳиби медалҳои қаҳрамонии Осиё, ҷоми ҷаҳон ва гран-при гардиданд”, - мегӯяд мураббӣ.
Ба гуфтаи ӯ, ба шарофати ин пешравони тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ дигар ҷудочиёни Тоҷикистон ва мураббиёнашон ба худ бовар, иштибоҳҳои худро дар омодасозӣ ислоҳ карда, дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ бештар ба минбар баромаданд.
Ҳамин тариқ сатҳи касби умумии паҳлавонон боло рафта, онҳо дар ин намуди варзиш рақобатпазир шуда, ахиран дар Абузабӣ се медал ба даст оварданд.
"Ин хуб аст, аммо набояд аз ин натиҷа фирефта шуд ва бояд дарк кунед, тақрибан ҳамаи варзишгарони пешқадам, ки ба элитаи ҷаҳонии ҷудо дохил мешаванд, ҳоло истироҳат мекунанд ва танҳо дар моҳи июни соли 2022, вақте ки интихоби олимпӣ баргузор мешавад, ба майдон мебароянд", — ёдовар шуд Елчанинов.
Вай афзуд, барои рақобат бо паҳлавонони пешқадами ҷаҳон дзюдочиёни Тоҷикистон бояд ба усули кор дар замин, техника ва тактикаи дзюдо таваҷҷуҳ зоҳир кунанд.
"Аз он хушҳолам, ки Устопириён бо ман тамос гирифт ва барои кори анҷомдодаамон ташаккур гуфт. Аммо ӯ аз кори мо чизи зиёдеро аз даст дод ва бояд ин вазъро ислоҳ кунад. Ба ҳамаи ҷудочиёни дигари Тоҷикистон низ дар оянда барори кор орзу мекунам!", — гуфт мураббӣ.
Дар ҳамин ҳол Владимир Елчанинов тирамоҳи имсол пешниҳоди раҳбарии тими миллии дзюдои Қирғизистон ва омода кардани он ба Бозиҳои олимпии соли 2024-ро пазируфт.
"Ман ин пешниҳодро қабул кардам ва ҳоло ба ҳайси мураббии тими миллии Қирғизистон кор мекунам. Шароити ман олиҷаноб аст. Бо дастпарварони худ барои ба даст овардани натиҷаҳои баланд талош хоҳам кард. Мо вазифаҳои калон дорем, на танҳо худро дар арсаи ҷаҳонӣ нишон медиҳем, балки инчунин барои ба даст овардани роҳхатҳо ба бозиҳои ояндаи олимпӣ талош мекунем”, - гуфт мураббӣ.