Елчанинов шикасти ҷудокорони тоҷик дар Токиоро шарҳ дод: маблағгузорӣ ба соҳаро ночиз хонд

© Sputnik Владимир Ельчанинов
Владимир Ельчанинов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Обуна шудан
Владимир Елчанинов, ки имсол дар Бозиҳои олимпии Токио - 2020 ширкат накард, гуфт, ки чӣ чиз барои гирифтани ҷоиза ба варзишгарони Тоҷикистон халал расонд
ДУШАНБЕ, 30 июл - Sputnik. Мураббии шоистаи ҷудои Русия Владимир Елчанинов, ки бо варзишгарони тоҷик ҳамкорӣ дорад, ба Sputnik Тоҷикистон шикасти ҷудокорони кишвар дар Олимпиадаи Токио - 2020 - ро шарҳ дод.
Дар Бозиҳои тобистона чаҳор ҷудокори тоҷик аллакай дар марҳилаҳои аввал мусобиқаро тарк кардаанд. Ин ба Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳ Устопириён, Акмал Муродов ва Темур Раҳимов дахл дорад.
"Ҷудокорони Тоҷикистон хеле меҳнатдӯст ва боистеъдоданд ва онҳо дар ҳоли ҳозир ҳама кори аз дасташон меомадаро мекарданд. Ман ҳамеша гуфтам, ки паҳлавонони Тоҷикистон метавонанд бисёр корҳоро анҷом диҳанд ва далели он, ки онҳо бидуни маблағгузории мувофиқ чаҳор роҳхатро ба Бозиҳо гирифтаанд як корнамоист", - гуфт Елчанинов.
Ба гуфтаи ӯ, Туркия, Украина, Италия ва Шветсия ба ҳамон миқдори роҳхатҳо аз миёни мардонро гирифтанд, ки барои омодагӣ маблағҳои зиёд сарф кардаанд.
Ва кишварҳое, ба монанди Австрия, Белгия, Канада, Португалия, Испания, Маҷористон, Чехия, Чин ва бисёр кишварҳои дигар нисбат ба Тоҷикистон камтар роҳхат гирифтанд.
"Танҳо ҳашт кишвар ҳамаи роҳхатҳоро ба даст оварданд. Чор нафар ширкаткунандагон натиҷаи истеъдоди ҷудокорони Тоҷикистон мебошанд", - таъкид кард мураббӣ.
Темур Рахимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Темур Раҳимов низ шикаст хӯрд: Олимпиадаи Токио барои ҷудокорони тоҷик хотима ёфт
Ҳамзамон Елчанинов афзуд, ки агар муносибати ин кишвар ба ҷудо тағйир ёбад, роҳхатҳо зиёд мешаванд ва "пахлавонҳо метавонанд барои медалҳо мубориза баранд."
"Ҳоло, бо чунин маблағгузории ночиз, бидуни теъдоди зиёди мусобиқаҳо ва ҷамъомадҳои омӯзишӣ таҷриба ва маҳорат ба даст овардан ғайриимкон аст ва аз ин рӯ, ба гирифтани медалҳо такя кардан душвор аст", - гуфт коршинос.
Аммо мураббӣ мутмаин аст, ки паҳлавонони тоҷик қодиранд ҳама гуна қуллаҳои ҷудоро фатҳ кунанд, агар ҳукумати кишвар муносибати худро ба ин намуди варзиш тағйир диҳад.
"Ман инро пас аз 15 соли ҳамкорӣ бо паҳлавонони тоҷик, ки 36 медалро бо худ дар бузургтарин мусобиқаҳои ҷудо гирифтаанд, гуфта метавонам", - гуфт ӯ.
Комроншох Устопириён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
"Натавонистам ҳунарамро нишон диҳам": Комроншоҳ аз мардуми Тоҷикстон узр пурсид
Мураббии ҷудокорони Тоҷикистон мутмаин аст, ки варзишгарон дар оянда бо натиҷаҳои худ ҳамаро шод хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки Мураббии шоистаи ҷудои Русия Владимир Елчанинов солҳои зиёдро ба тарбияи чанд ҷудокори тоҷик бахшидааст.
Расул Бокиев яке аз дастпарварони ӯст, ки таҳти роҳбарияш медали биринҷии Олимпиадаро ба даст овард, Комроншоҳ Устопириён дар мавсимҳо гузашта натиҷаҳои хуб нишон дод. Ҳоло ӯ Акмал Муродов ва Шакармамад Мирмамадовро тамрин медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0