Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар қатори беҳтарин донишгоҳҳои Аврупои Шарқӣ ва ОМ шомил шуд

© SputnikТаджикский национальный университет. Архивное фото
Таджикский национальный университет. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.12.2021
Обуна шудан
Бузургтарин муассисаи таҳсилоти олии Тоҷикистон ба феҳристи беҳтарин донишгоҳҳо шомил шуд
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) ба феҳристи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ шомил шуд.
Аз рӯи рейтинги ширкати бритониёии Quacquarelli Symonds (QS) ДМТ дар ҷои 241 ҷой гирифт.
Дар маҷмӯъ, рӯйхат 450 донишгоҳи беҳтаринро дар бар мегирад.
Ба гуфтаи коршиносон, "Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо таърихи 70-сола аз донишгоҳҳои пешрафта ва бузургтарини ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад".
Қобили зикр аст, ки айни замон дар донишгоҳ 19 факулта фаъолият мекунад, ки дар онҳо таълим дар се давра: бакалавр, магистратура ва докторантура сурат мегирад.
Дар маҷмӯъ донишҷӯён дар 98 самт таҳсил мекунанд.
Роҳбарияти ДМТ бо зиёда аз 190 донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ созишномаҳои дуҷониба оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидаанд.
Ключи от квартиры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Омӯзгорони иҷоранишини ДМТ соҳиби хона мешаванд
Инчунин дар донишгоҳ 107 кафедраи махсус ва 7 кафедраи умумии донишгоҳ, як институти илмӣ-тадқиқотӣ мавҷуд аст.
Ҳамзамон мактаббачагон дар литсейи риштаи табиию риёзӣ, ки дар ДМТ кушода шудааст, таҳсил мекунанд.
Донишгоҳ ҳамчунин дорои китобхонаи электронӣ, 112 лабораторияи илмию академӣ, марказҳои интернетӣ, 52 утоқи компютерӣ, 39 кабинети забономӯзӣ, маркази биотехнологӣ ва парки технологӣ мебошад.
Илова бар ин, ДМТ маркази илмии ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 1947 таъсис ёфта, дар пойтахти дар Душанбе ҷойгир аст. Аз январи соли 2020 роҳбарии Донишгоҳро Хушвахзода Ғобилҷон ба уҳда дорад. Қаблан дар вазифаи декани факултети молия ва иқтисоди ДМТ кор кардааст.
Лентаи хабарҳо
0