https://sputnik.tj/20211203/omuzgoron-ijoranishin-dmt-sohib-khona-1043910932.html
Омӯзгорони иҷоранишини ДМТ соҳиби хона мешаванд
Омӯзгорони иҷоранишини ДМТ соҳиби хона мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳудуди 25 омӯзгори иҷоранишини худро бо манзили зист таъмин менамояд ва бунёди хона барои даҳҳо нафари дигар давом дорад
2021-12-03T12:05+0500
2021-12-03T12:05+0500
2021-12-03T13:40+0500
дар тоҷикистон
маориф
хона
омӯзгор
дмт
иҷора
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/02/1039905967_0:234:1921:1314_1920x0_80_0_0_7bce2a2331897e23516ddf4befe9e335.jpg
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Қобилҷон Хушвахтзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хонаҳоро ба 25 омӯзгор аз ҳисоби хобгоҳҳои маҳаллаи Гипрозем тақдим менамояд. "Ин хонаҳо дуҳуҷрагӣ буда, дастовезу кӯмаки хубе барои онҳое мешавад, ки солҳои зиёд дар хонаҳои иҷора зиндагӣ менамоянд", - омадааст дар иттилоияе, ки масъулини ДМТ нашр кардаанд. Таъкид шудааст, ки дар навбати аввал аз ҳар як факулта як нафар устод аз ранҷи бехонагӣ озод мегардад.Дар қатори нақшаҳои дигаре, ки раёсати ДМТ дорад, бунёди маҷмааи истиқоматии дигар барои омӯзгорон мебошад. Зикр шудааст, ки бино дар маҳаллаи Лучоб барои 140 нафар омӯзгор аст.Ҳамчунин гуфта мешавад, ба наздикӣ шароити зиндагии аспиранту унвонҷӯён низ беҳтар мешавад, чун хобгоҳи 12-ошёна барои духтарон дар маҳаллаи Лучоб мавриди истифода қарор мегираду хобгоҳҳои дигар холӣ мешаванд.Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 1947 таъсис ёфта, феълан бузургтарин муассисаи таълимии ҷумҳурӣ мебошад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/02/1039905967_0:1:1921:1441_1920x0_80_0_0_cd47d032ab6fcbe6b28639bb28bb374b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дмт, тоҷикистон, хона, манзил, иҷора
дмт, тоҷикистон, хона, манзил, иҷора
Омӯзгорони иҷоранишини ДМТ соҳиби хона мешаванд
12:05 03.12.2021 (Навсозишуда: 13:40 03.12.2021) Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳудуди 25 омӯзгори иҷоранишини худро бо манзили зист таъмин менамояд ва бунёди хона барои даҳҳо нафари дигар давом дорад
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Қобилҷон Хушвахтзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хонаҳоро ба 25 омӯзгор аз ҳисоби хобгоҳҳои маҳаллаи Гипрозем тақдим менамояд.
"Ин хонаҳо дуҳуҷрагӣ буда, дастовезу кӯмаки хубе барои онҳое мешавад, ки солҳои зиёд дар хонаҳои иҷора зиндагӣ менамоянд", - омадааст дар иттилоияе, ки масъулини ДМТ нашр кардаанд.
Таъкид шудааст, ки дар навбати аввал аз ҳар як факулта як нафар устод аз ранҷи бехонагӣ озод мегардад.
Дар қатори нақшаҳои дигаре, ки раёсати ДМТ дорад, бунёди маҷмааи истиқоматии дигар барои омӯзгорон мебошад. Зикр шудааст, ки бино дар маҳаллаи Лучоб барои 140 нафар омӯзгор аст.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ба наздикӣ шароити зиндагии аспиранту унвонҷӯён низ беҳтар мешавад, чун хобгоҳи 12-ошёна барои духтарон дар маҳаллаи Лучоб мавриди истифода қарор мегираду хобгоҳҳои дигар холӣ мешаванд.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 1947 таъсис ёфта, феълан бузургтарин муассисаи таълимии ҷумҳурӣ мебошад.