Иҷозати парлумон барои ҳабсу ҷавобгарии ҷиноии Эраҷ Ширинзода

© Дафтари матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонТақдими медали "Хизмати шоиста" ба Эраҷ Ширинзода дар соли 2019 аз ҷониби раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон
Тақдими медали Хизмати шоиста ба Эраҷ Ширинзода дар соли 2019 аз ҷониби раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
Обуна шудан
Маҷлиси миллии Тоҷикистон додраси Додгоҳи олии иқтисодӣ, Ширинзода Эраҷ Сифотро аз дахлнопазирӣ маҳрум карда, барои ҳабсаш иҷозат дод
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Маҷлиси миллии Тоҷикистон таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ пешниҳоди Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишварро барои бекор кардани дахлнопазирии Ширинзода Эраҷ Сифот ҷонибдорӣ кард.
Ба иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси миллӣ, инчунин пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон барои бозхонди Эраҷ Ширинзода аз мақоми додраси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистонро тасвиб намуд. Дар ин пешниҳод, ки нимаи моҳи ноябр ба парлумон ироа гардид, роҳбари давлат далели бозхонди Ширинзодаро содир намудани кирдоре гуфт, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад.
Заседание Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
"Шаъну шарафро паст зад": президент додрас Шарифзодаро барканор кард
Манбаъ афзуд, инчунин аъзои Маҷлиси миллӣ бо ҷонибдорӣ аз пешниҳоди Юсуф Раҳмон барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳабс гирифтани Ширинзода ризоият доданд.
Тафсилоти кирдори Эраҷ Ширинзода зикр нагардидааст. Назари худи муттаҳам низ феълан маълум нест.
Дар матлабе, ки қаблан дар сомонаи Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дар бораи Ширинзода Эраҷ навишта шудааст, зикр гардидааст, ки ӯ "солҳои тӯлонӣ дар мақомоти судӣ софдилона ва поквиҷдонона кор ва фаъолият менамояд".
Ӯ соли 2019 дар қатори онҳое қарор дошт, ки барои фаъолияти корӣ ва натиҷаҳои назаррас бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуда буд. Раисҷумҳури Тоҷикистон моҳи августи он сол Ширинзода Эраҷ Сифотро бо медали "Хидмати шоиста" қадрдонӣ намуд.
Лентаи хабарҳо
0