Баррасии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Туркия дар Анкара

© МИД РТШералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Фуат Октай, ноиби раисҷумҳури Туркия
Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Фуат Октай,  ноиби раисҷумҳури Туркия  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2021
Обуна шудан
Вазири саноати Тоҷикистон бо ноиби раисҷумҳури Туркия густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ яке аз масоили аслии музокироти Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо Фуат Октай, ноиби раисҷумҳури Туркия дар шаҳри Анқара буд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, тарафҳо зимни вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва имконияти рушди муносибатҳои Тоҷикистону Туркия, аз ҷумла дар доираи Комиссияи байниҳукуматии иқтисодии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

“Тарафҳо ба зарурати танзими мулоқоту музокирот ва тамосҳои сатҳи олӣ дар ояндаи наздик таъкид намуда, барои густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ иқдоми ташкили бизнес-форуми Тоҷикистон ва Туркия дар шаҳри Қунияро қобили дастгирӣ шумориданд”, - таъкид кардааст манбаъ.

Лозим ба ёдоварист, ки 16 декабр дар шаҳри Қунияи Туркия бизнес-форуми Тоҷикистон ва Туркия баргузор мешавад.
Шерали Кабир, Министр промышленности и новых технологий РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Иштироки Шералӣ Кабир дар маросими ёдбуди Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Туркия
Бизнес-Форум дар ҳошияи сафари расмии Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир ба Туркия ва иштирок дар маросими 748-солагии маросими “Шаби арӯс” (ёдбуд аз Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ) ба нақша гирифта шудааст.
Инттизор меравад, ки дар форуми мазкур намояндагони зиёда аз 150 ширкату корхонаи соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистон ва Туркия, аз ҷумла саноати фармасевтӣ, саноати нассоҷӣ, молияву бонкдорӣ, маъдан, логистикӣ, истеҳсоли мошинаҳо, маҳсулоти озуқа, кишоварзӣ ва тиҷорат, инчунин вазорату идораҳои давлатии ҷонибҳо иштирок намоянд.
Ҳамзамон дар доираи ин форум вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ҳар ду кишвар дар формати “Соҳибкор бо соҳибкор” (B2B) баргузор хоҳад гашт.
Қарор аст, дар ҳошияи чорабинии мазкур баимзорасонии чанд санади ҳамкорӣ сурат гирад.
Лентаи хабарҳо
0