https://sputnik.tj/20211217/namoyandagii-doimii-afghoniston-sozmoni-milal-muarrifi-1044215842.html
Сарпарасти намояндагии доимии Афғонистон дар Созмони Милал муаррифӣ шуд
Сарпарасти намояндагии доимии Афғонистон дар Созмони Милал муаррифӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Носир Аҳмад Фоиқ ба ҷои Ғуломмуҳаммад Исҳоқзай сарпарасти намояндагии доимии афғонистон дар Созмони милила шуд
2021-12-17T12:45+0500
2021-12-17T12:45+0500
2021-12-17T14:42+0500
афғонистон
смм
муаррифӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102919/93/1029199354_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_a5129127c38c19972a74c3a571620167.jpg
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Дар пайи нашри гузоришҳо дар бораи истеъфои Ғуломмуҳаммад Исҳоқзай Носир Аҳмад Фоиқ ба унвони сарпарасти намояндагии доимии Афғонистон дар СММ муаррифӣ шуд.Оқои Фоиқ низ дар паёме дар "Твиттер" ин хабарро таъйид кардааст.Вай гуфт, ин масъулияти бузургро дар шароити душвор ва ноороме бар дӯш гирифта ва талош хоҳад кард, то садои мардуми Афғонистонро ба кишварҳои узви СММ ва шахсони масъул бирасонад, ки имрӯзҳо аз мизони баланди бекорӣ, гуруснагӣ, фақр, ҳавои сард ва нақзи ҳуқуқи башар азият мекашад."Ин масъулияти бузурги таърихӣ дар ин шароити сахт ва нобасомонро на ба унвони як имтиёз, балки вазифа ва уҳдадории бузурги ватанӣ ба манзури хидмат ба мардуми худ ва таҳқиқи манофеи волои кишвари азизам медонам", - афзуд Фоиқ.Қаблан Созмони Милали Муттаҳид эълом карда буд, ки Ғуломмуҳаммади Исҳоқозай, намояндаи ҳукумати Ашраф Ғанӣ дар ин ниҳод инсироф додааст.
https://sputnik.tj/20211216/taloshi-tolibon-tashkili-hukumati-farogir-afghoniston-1044203197.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102919/93/1029199354_148:0:2879:2048_1920x0_80_0_0_205cecbb0ac1e4b338b35980ee208ee8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, смм, намояндаи доимӣ, муаррифӣ,
афғонистон, смм, намояндаи доимӣ, муаррифӣ,
Сарпарасти намояндагии доимии Афғонистон дар Созмони Милал муаррифӣ шуд
12:45 17.12.2021 (Навсозишуда: 14:42 17.12.2021) Носир Аҳмад Фоиқ ба ҷои Ғуломмуҳаммад Исҳоқзай сарпарасти намояндагии доимии Афғонистон дар Созмони Милал шуд
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Дар пайи нашри гузоришҳо дар бораи истеъфои Ғуломмуҳаммад Исҳоқзай Носир Аҳмад Фоиқ ба унвони сарпарасти намояндагии доимии Афғонистон дар СММ муаррифӣ шуд.
Оқои Фоиқ низ дар паёме дар "Твиттер" ин хабарро таъйид кардааст.
Вай гуфт, ин масъулияти бузургро дар шароити душвор ва ноороме бар дӯш гирифта ва талош хоҳад кард, то садои мардуми Афғонистонро ба кишварҳои узви СММ ва шахсони масъул бирасонад, ки имрӯзҳо аз мизони баланди бекорӣ, гуруснагӣ, фақр, ҳавои сард ва нақзи ҳуқуқи башар азият мекашад.
"Ин масъулияти бузурги таърихӣ дар ин шароити сахт ва нобасомонро на ба унвони як имтиёз, балки вазифа ва уҳдадории бузурги ватанӣ ба манзури хидмат ба мардуми худ ва таҳқиқи манофеи волои кишвари азизам медонам", - афзуд Фоиқ.
Қаблан Созмони Милали Муттаҳид эълом карда буд, ки Ғуломмуҳаммади Исҳоқозай, намояндаи ҳукумати Ашраф Ғанӣ дар ин ниҳод инсироф додааст.