Талоши толибон барои ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон

© Sputnik / Alexey Kudenko / Гузариш ба медиабонкПредставитель движения "Талибан"* Абдул Салам Ханафи и министр экономики Афганистана, член руководства движения "Талибан"* Кари Дин Мохаммад Ханиф
Представитель движения Талибан* Абдул Салам Ханафи и министр экономики Афганистана, член руководства движения Талибан* Кари Дин Мохаммад Ханиф  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2021
Обуна шудан
Муовини нахуствазири толибон мегӯяд, ки талошҳо барои ташкили як ҳукумати фарогир ва мутахассис идома дорад ва дар ояндаи наздик ахборе дар ин замина мунташир хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Мавлавӣ Абдулсалом Ҳанафӣ, муовини нахуствазири ҳукумати толибҳо ин матлабро дар дидор бо намояндагони сафорати Эрон дар Кобул баён кардааст.
Ҳанафӣ дар ин дидор бо ишора ба бархе аз пешрафтҳо дар баҳси давлатдорӣ таъкид кард, ки ҳоло дар беш аз 50 дарсади минтақаҳои Афғонистон духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд ва дар ояндаи наздик ин раванд дар тамоми вилоятҳо роҳандозӣ хоҳад шуд.
Дар робита ба таъсиси ҳукумати фарогир, муовини нахуствазири толибон ҳамчунин изҳор дошт, ки талошҳо барои ташкили як ҳукумати фарогир ва тахассусӣ идома дорад ва дар ояндаи наздик дар ин бора хабар интишор хоҳад шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар нишасти 15-уми сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
Ҳушдори Раҳмон аз гуруснагию сармо дар Афғонистон: Ӯ аз ташкили ҳукумати фарогир гуфт
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар ин дидор (намояндагони сафорати Эрон бо муовини нахуствазири толибон) бар идомаи ҳамкориҳо ва кумакҳои башардӯстонаи Эрон ба мардуми Афғонистон дар остонаи зимистон таъкид шудааст.
Ёдрас мешавем, ки ташкили ҳукумати фарогир яке аз шартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз толибон мебошад. Дар ин бора руасоиҷумҳури Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон ва дигар кишварҳо борҳо таъкид карда буданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар як ҷаласаи ахири кишварҳои узви СҲИ дар ин бора низ ишора карда буд.
"Аз нигоҳи мо, ҳалли мушкилоти дар Афғонистон бамиёномада зарурати ташаккули ҳарчи зудтари ҳукумати фарогиррро дар ин кишвар бо иштироки ҳамаи гурӯҳҳои қавмӣ ва сиёсӣ тақозо менамояд", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Лентаи хабарҳо
0