https://sputnik.tj/20211217/jabha-tolib-16-viloyat-afghoniston-nobud-1044225630.html
Моҳирона ва бе осеби мулкиён: ҷабҳа 61 толибро дар 16 вилояти Афғонистон нобуд кард
Моҳирона ва бе осеби мулкиён: ҷабҳа 61 толибро дар 16 вилояти Афғонистон нобуд кард
Sputnik Тоҷикистон
Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ мегӯяд дар паи ин даргириҳо ягон мулкӣ осеб надидааст
2021-12-17T18:00+0500
2021-12-17T18:00+0500
2021-12-22T19:33+0500
амният ва мудофиа
толибон
ҳалокат
ҷабҳаи муқовимати миллии афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041900206_0:163:3068:1889_1920x0_80_0_0_9f7a87e0c028bfbe40c0896d050664b3.jpg
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар давоми ҳашт рӯзи ахир 61 ҷангҷӯи толибонро кушта, 42 тани дигар аз аъзои ин гурӯҳро захмӣ кардаанд, хабар медиҳад сухангӯи ҷабҳа Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ дар саҳифааш дар "Facebook".Ба гуфтаи Аҳмадӣ, дар пайи амалиёти вижае алайҳи толибон ин гурӯҳ дар 16 вилоят - Бағлон, Панҷшер, Кобул, Каписо, Самангон, Тахор, Парвон, Бодғис, Лағмон, Балх, Форёб, Ғазнӣ, Ғур, Ҳирот, Нангархор ва Кунар талафот додааст.Ӯ афзуда, ки Ҷабҳа амалиёти худро то комилан аз ҳукмронии толибон озод кардани Афғонистон идома медиҳад.Қаблан намояндагони Ҷабҳа изҳор дошта буданд, ки Ҷабҳа ҳузури худро дар Афғонистон густариш бахшида, ҳарчи бештар вилоятҳо дар кишвар ба неруҳои муқовимат ҳамроҳ мешаванд.Аммо мақомоти ҳукумати Толибон иддао доранд, ки Ҷабҳа алайҳи Толибон ҳеҷ гуна амалиёти низомӣ намегузаронад ва танҳо ба таври расмӣ вуҷуд дорад.Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон амалан 16 август, як рӯз баъд аз суқути Кобул дар дараи Панҷшер аз сӯйи фармондеҳони ҷиҳодӣ ва бақоёи пулису урдӯи собиқ, дар умум нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон эъломи мавҷудият карда буд.Раҳбарии онро Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати аввали Афғонистон (1996-2001) ба дӯш дорад. Ҷабҳаи муқовимат дар ҳоли ҳозир дар ягон маркази маъмурӣ дар Афғонистон ҳузур надорад.Нерӯҳои он дар баландкӯҳҳои вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон бо толибон муқовимат мекунанд.
https://sputnik.tj/20211210/kushta-jang-samangon-panjsher-1044075027.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041900206_225:0:2956:2048_1920x0_80_0_0_185c81479de6b0659f04b72ed632d93f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷабҳаи муқовимат, толибон, кушта шудан, панҷшер
ҷабҳаи муқовимат, толибон, кушта шудан, панҷшер
Моҳирона ва бе осеби мулкиён: ҷабҳа 61 толибро дар 16 вилояти Афғонистон нобуд кард
18:00 17.12.2021 (Навсозишуда: 19:33 22.12.2021) Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ мегӯяд, дар пайи ин даргириҳо ягон нафар мулкӣ осеб надидааст
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар давоми ҳашт рӯзи ахир 61 ҷангҷӯи толибонро кушта, 42 тани дигар аз аъзои ин гурӯҳро захмӣ кардаанд, хабар медиҳад сухангӯи ҷабҳа Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ дар
саҳифааш дар "Facebook".
Ба гуфтаи Аҳмадӣ, дар пайи амалиёти вижае алайҳи толибон ин гурӯҳ дар 16 вилоят - Бағлон, Панҷшер, Кобул, Каписо, Самангон, Тахор, Парвон, Бодғис, Лағмон, Балх, Форёб, Ғазнӣ, Ғур, Ҳирот, Нангархор ва Кунар талафот додааст.
"Душман аз ҳама бештар дар вилоятҳои Кобул, Каписо, Бағлон ва Панҷшер ба талафот дучор шуд. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ин амалиётро ба тавре моҳирона роҳандозӣ намуд, ки ҳеҷ касе аз аҳолии осоишта осеб надид. Дар ин амалиёт ду сарбози ҷасури мо ҳалок ва боз се нафар захмӣ шуд”, - омадааст дар хабар.
Ӯ афзуда, ки Ҷабҳа амалиёти худро то комилан аз ҳукмронии толибон озод кардани Афғонистон идома медиҳад.
Қаблан намояндагони Ҷабҳа изҳор дошта буданд, ки Ҷабҳа ҳузури худро дар Афғонистон густариш бахшида, ҳарчи бештар вилоятҳо дар кишвар ба неруҳои муқовимат ҳамроҳ мешаванд.
Аммо мақомоти ҳукумати Толибон иддао доранд, ки Ҷабҳа алайҳи Толибон ҳеҷ гуна амалиёти низомӣ намегузаронад ва танҳо ба таври расмӣ вуҷуд дорад.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон амалан 16 август, як рӯз баъд аз суқути Кобул дар дараи Панҷшер аз сӯйи фармондеҳони ҷиҳодӣ ва бақоёи пулису урдӯи собиқ, дар умум нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон эъломи мавҷудият карда буд.
Раҳбарии онро Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати аввали Афғонистон (1996-2001) ба дӯш дорад. Ҷабҳаи муқовимат дар ҳоли ҳозир дар ягон маркази маъмурӣ дар Афғонистон ҳузур надорад.
Нерӯҳои он дар баландкӯҳҳои вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон бо толибон муқовимат мекунанд.