https://sputnik.tj/20211210/kushta-jang-samangon-panjsher-1044075027.html
“Амини Гург”: кушта шудани даҳҳо нафар дар ҷангҳои Самангону Панҷшер
“Амини Гург”: кушта шудани даҳҳо нафар дар ҷангҳои Самангону Панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
Дар пайи ҷангҳои ахир миёни нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва ҳаракати толибон дар Самангону Панҷшер даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуд 10.12.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-12-10T16:45+0500
2021-12-10T16:45+0500
2021-12-13T09:04+0500
афғонистон
толибон
панҷшер
ҷабҳаи муқовимати миллии афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042107146_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_ba72c90818603ca85032a2cfec325e4b.jpg
ДУШАНБЕ, 10 дек - Sputnik. Ин талафот дар пайи амалиёте мешавад, ки толибон алайҳи нерӯҳои муқовимат дар ин ду вилоят анҷом додаанд. Холид Аюбӣ, яке аз наздикони Аҷабхон, фармондеҳе дар Самангон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар пайи як ҷанги чандрӯза дар соҳоти Тайхона, Тандӯрак, Оғопета, Анҷирак ва Қаршингови вилояти Самангон 37 узви толибон, ба шумули 12 ӯзбеку туркмани худи вилоят кушта шудаанд.Вай афзуд, дар оғози ҷангҳо дар кӯҳистоноти Самангон 5 гурӯҳ ҳузур дошт, аммо ҳоло теъдоди онҳо ба 13 гурӯҳ расидааст, ки аз 10 то 70 сарбоз доранд. “Ин гурӯҳҳо аз Балху Бағлон ва Ғӯр худро ба соҳоти ҷанг расонидаанд. Чанд гурӯҳи дигар низ бо мо дар тамос шуда, омодагии пайвастан бо моро карданд. Маъмулан касоне ба ҷабҳа мепайванданд, ки зиндагиашон таҳти султаи толибон дар хатар аст”, - гуфт Холид Аюбӣ. Ду рӯзи қабл Мавлавӣ Ҳабибуллоҳ Ҳамос, фармондеҳи пулиси толибон барои Самангон гуфта буд, ки афзоиши афроди муқовимат дар кӯҳҳои Самангон дар як ҷаласаи мақомоти амниятии вилоят баррасӣ ва қарор шуд, ки як амалиёти махфӣ алайҳи онон роҳандозӣ шавад. “Муҷоҳидинро махфӣ он ҷо равон кардем. Дар қарияи Тайхона як нафари марбути муқовимат кушта, як тани дигар асир афтод ва яке ҳам рӯ ба фирор овард. Дар амалиёти ҷудогона дар Тандӯраку Оғопетаву Анҷирак се нафар, ба шумули як фармондеҳи муқовимат ба номи Неъмат кушта шуд. Мурдаҳояшон ҳоло дар шифохонаи Айбак аст. Чаҳор нафарро ҳам асир гирифтем”, - гуфт Мавлавӣ Ҳабибуллоҳ Ҳамос. Ҳамлаи нокомГузоришҳо аз таҷаммуи бештари нерӯҳо дар қаламравҳои таҳти идораи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аз вилояти Панҷшеру вулусволиҳои Андаробҳои вилояти Бағлон низ ба даст омадааст. Бино ба онҳо, гурӯҳҳои пароканда аз вилоятҳои Тахору Кундуз ва Бадахшон худро ба муқовиматгарон дар ин манотиқ мерасонанд. Яке аз онҳо Амини Бадахшонӣ, маъруф ба “Амини Гург” аст, ки бо ҳудуди 40 нафар ҷангиашро худро ба Панҷшер расондааст. Ҳамзамон се гурӯҳи дигар, иборат аз ӯзбеку туркманҳои вилоятҳои Тахору Кундуз низ ба Андаробҳо омадаанд, ки аз фармондеҳонашон ба далоили амниятӣ ном бурда намешавад. Зоҳиран таҷаммуи нерӯҳои зиддитолиб дар манотиқи таҳти идораи нерӯҳои муқовимат толибонро маҷбур ба анҷоми амалиётҳои тасфиявӣ кардааст. Манбаи Sputnik Тоҷикистон дар Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфт, толибон ду рӯзи қабл, 7 декабр, болои размандагони “Ҷабҳаи Холид ибни Валид”-и нерӯҳои Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон, воқеъ дар минтақаи Хоруи вулусволии Хинҷи вилояти Панҷшир аз чанд истиқомат лашкар кашидаанд. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд, ки моҳи август эъломи мавҷудият кард ва дар дараи Панҷшеру минтақаи Андаробҳо аввалин ҷангҳои худ алайҳи толибонро аввали моҳи сентябр оғоз намуд, ҳоло дар вилоятҳои Самангон ва Кописо низ ҷабҳа боз кардааст. Масъулини Ҷабҳа мегӯянд, таҳаррукоте, назири камин ва ҳамлаҳои чирикӣ аз сӯйи муқовиматгарон дар чандин вилояти дигар созмондеҳӣ ва иҷро шудаанд, аммо ҷабҳа бино ба бархе мулоҳизаҳо онҳоро расонаӣ намекунад.
https://sputnik.tj/20211203/uzbekho-masud-samangon-jabhai-tolibon-1043916226.html
https://sputnik.tj/20211207/amaliyot-qala-muqovimat-kopiso-jabhai-1043983175.html
афғонистон
панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042107146_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_922c7eb9feb6abc6402ef463525988e1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, панҷшер, ҷабҳаи муқовимати миллии афғонистон
афғонистон, толибон, панҷшер, ҷабҳаи муқовимати миллии афғонистон
“Амини Гург”: кушта шудани даҳҳо нафар дар ҷангҳои Самангону Панҷшер
16:45 10.12.2021 (Навсозишуда: 09:04 13.12.2021) Дар пайи ҷангҳои ахир миёни нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва ҳаракати толибон дар Самангону Панҷшер даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуд
ДУШАНБЕ, 10 дек - Sputnik. Ин талафот дар пайи амалиёте мешавад, ки толибон алайҳи нерӯҳои муқовимат дар ин ду вилоят анҷом додаанд.
Холид Аюбӣ, яке аз наздикони Аҷабхон, фармондеҳе дар Самангон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар пайи як ҷанги чандрӯза дар соҳоти Тайхона, Тандӯрак, Оғопета, Анҷирак ва Қаршингови вилояти Самангон 37 узви толибон, ба шумули 12 ӯзбеку туркмани худи вилоят кушта шудаанд.
“Нерӯҳои муқовимат низ талафоти зиёд доштанд. Дар ин ҷангҳо 8 сарбози мо кушта, 13 тани дигар захмӣ шуд. Захми аксари онҳо сабук аст ва таҳти тадовии духтурони ҷабҳа қарор доранд”, - гуфт Холид Аюбӣ.
Вай афзуд, дар оғози ҷангҳо дар кӯҳистоноти Самангон 5 гурӯҳ ҳузур дошт, аммо ҳоло теъдоди онҳо ба 13 гурӯҳ расидааст, ки аз 10 то 70 сарбоз доранд.
“Ин гурӯҳҳо аз Балху Бағлон ва Ғӯр худро ба соҳоти ҷанг расонидаанд. Чанд гурӯҳи дигар низ бо мо дар тамос шуда, омодагии пайвастан бо моро карданд. Маъмулан касоне ба ҷабҳа мепайванданд, ки зиндагиашон таҳти султаи толибон дар хатар аст”, - гуфт Холид Аюбӣ.
Ду рӯзи қабл Мавлавӣ Ҳабибуллоҳ Ҳамос, фармондеҳи пулиси толибон барои Самангон гуфта буд, ки афзоиши афроди муқовимат дар кӯҳҳои Самангон дар як ҷаласаи мақомоти амниятии вилоят баррасӣ ва қарор шуд, ки як амалиёти махфӣ алайҳи онон роҳандозӣ шавад.
“Муҷоҳидинро махфӣ он ҷо равон кардем. Дар қарияи Тайхона як нафари марбути муқовимат кушта, як тани дигар асир афтод ва яке ҳам рӯ ба фирор овард. Дар амалиёти ҷудогона дар Тандӯраку Оғопетаву Анҷирак се нафар, ба шумули як фармондеҳи муқовимат ба номи Неъмат кушта шуд. Мурдаҳояшон ҳоло дар шифохонаи Айбак аст. Чаҳор нафарро ҳам асир гирифтем”, - гуфт Мавлавӣ Ҳабибуллоҳ Ҳамос.
Гузоришҳо аз таҷаммуи бештари нерӯҳо дар қаламравҳои таҳти идораи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аз вилояти Панҷшеру вулусволиҳои Андаробҳои вилояти Бағлон низ ба даст омадааст.
Бино ба онҳо, гурӯҳҳои пароканда аз вилоятҳои Тахору Кундуз ва Бадахшон худро ба муқовиматгарон дар ин манотиқ мерасонанд. Яке аз онҳо Амини Бадахшонӣ, маъруф ба “Амини Гург” аст, ки бо ҳудуди 40 нафар ҷангиашро худро ба Панҷшер расондааст.
Ҳамзамон се гурӯҳи дигар, иборат аз ӯзбеку туркманҳои вилоятҳои Тахору Кундуз низ ба Андаробҳо омадаанд, ки аз фармондеҳонашон ба далоили амниятӣ ном бурда намешавад. Зоҳиран таҷаммуи нерӯҳои зиддитолиб дар манотиқи таҳти идораи нерӯҳои муқовимат толибонро маҷбур ба анҷоми амалиётҳои тасфиявӣ кардааст.
Манбаи Sputnik Тоҷикистон дар Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфт, толибон ду рӯзи қабл, 7 декабр, болои размандагони “Ҷабҳаи Холид ибни Валид”-и нерӯҳои Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон, воқеъ дар минтақаи Хоруи вулусволии Хинҷи вилояти Панҷшир аз чанд истиқомат лашкар кашидаанд.
“Забеҳурраҳмон Муҷоҳид, фармондеҳи ин ҷабҳа ба мо гузориш дод, ки ин ҳамла пас аз як даргирии шадид хотима ёфт ва толибон майдони ҷангро бо аҷала тарк карданд. Дар натиҷа 5 ҷангии толиб кушта шуд. Теъдоди захмиҳояшон маълум нест. Ба нерӯҳои ҷабҳаи мо ҳеҷ гуна осебе нарсид”, - гуфт манбаъ.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд, ки моҳи август эъломи мавҷудият кард ва дар дараи Панҷшеру минтақаи Андаробҳо аввалин ҷангҳои худ алайҳи толибонро аввали моҳи сентябр оғоз намуд, ҳоло дар вилоятҳои Самангон ва Кописо низ ҷабҳа боз кардааст.
Масъулини Ҷабҳа мегӯянд, таҳаррукоте, назири камин ва ҳамлаҳои чирикӣ аз сӯйи муқовиматгарон дар чандин вилояти дигар созмондеҳӣ ва иҷро шудаанд, аммо ҷабҳа бино ба бархе мулоҳизаҳо онҳоро расонаӣ намекунад.