https://sputnik.tj/20210914/darguzasht-gurz-shinokhta-shuravi-rekordsmeni-jahon-1042258882.html
Даргузашти гурзандози шинохтаи шӯравӣ: касе ҳанӯз рекордашро нашикастааст
Даргузашти гурзандози шинохтаи шӯравӣ: касе ҳанӯз рекордашро нашикастааст
Sputnik Тоҷикистон
Юрий Седих, гурзандози шинохтаи Иттиҳоди шӯравӣ, рекордсмени сатҳи ҷаҳонӣ дар синни 66 даргузашт
2021-09-14T19:35+0500
2021-09-14T19:35+0500
2021-09-14T19:35+0500
дар ҷаҳон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
рекорд
гурзпарто
иттиҳоди шӯравӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0e/1042253527_0:0:3006:1691_1920x0_80_0_0_bc174e9ede0b35b89ca03ba38a1e382d.jpg
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Қаҳрамони дукаратаи олимпӣ, ки аз ӯ супермени варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ ном мебаранд, дар синни 66 дунёро падруд гуфт. Тибқи иттилои Федератсияи умумирусиягии варзиши сабук, сабаби даргузашти Седих сактаи қалбӣ мебошад. Рекорди ҷаҳонии варзишкори шӯравӣ дар гурзандозӣ 86,74 метрро ташкил медиҳад, ки соли 1986 дар Штутгарт гузошта шуда, то ҳанӯз бо гузашти 35 сол касе натавонистааст ба ин фосила гурз партояд. Седих барандаи Бозиҳои олимпии 1976 ва 1980 шуда, инчунин медали нуқра дар соли 1988 - ро соҳиб шудааст. Ӯ инчунин як медали тилло ва як нуқра аз қаҳрамониҳои ҷаҳон ва се медали олимпиро аз қаҳрамониҳои Аврупо дошт. Маълум аст, ки Седих аз аввали соли 1990 бо ҳамсари дуюмаш дар Порис зиндагӣ мекард. Ӯ ба ҳайси омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ дар макотибу коллеҷҳои Фаронса кор мекард. Духтари Юрий - Алексия Седих қаҳрамони бозиҳои олимпии соли 2010 миёни ҷавонон дар риштаи гурзпартоӣ дар Сингапур мебошад. Ӯ аз номи Фаронса дар мусобиқаҳо иштирок мекунад.
https://sputnik.tj/20210323/Zebiniso-Rustamova-Nazarov-himoya-1033053245.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0e/1042253527_275:0:3006:2048_1920x0_80_0_0_7fca618a701f93c3576de0894d821b3a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гурзандоз, даргузашт, иттиҳоди шӯравӣ, ҷаҳон
гурзандоз, даргузашт, иттиҳоди шӯравӣ, ҷаҳон
Даргузашти гурзандози шинохтаи шӯравӣ: касе ҳанӯз рекордашро нашикастааст
Юрий Седих, гурзандози шинохтаи Иттиҳоди шӯравӣ, рекордсмени сатҳи ҷаҳонӣ дар синни 66 даргузашт
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Қаҳрамони дукаратаи олимпӣ, ки аз ӯ супермени варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ ном мебаранд, дар синни 66 дунёро падруд гуфт.
Тибқи иттилои Федератсияи умумирусиягии варзиши сабук, сабаби даргузашти Седих сактаи қалбӣ мебошад.
Рекорди ҷаҳонии варзишкори шӯравӣ дар гурзандозӣ 86,74 метрро ташкил медиҳад, ки соли 1986 дар Штутгарт гузошта шуда, то ҳанӯз бо гузашти 35 сол касе натавонистааст ба ин фосила гурз партояд.
Седих барандаи Бозиҳои олимпии 1976 ва 1980 шуда, инчунин медали нуқра дар соли 1988 - ро соҳиб шудааст. Ӯ инчунин як медали тилло ва як нуқра аз қаҳрамониҳои ҷаҳон ва се медали олимпиро аз қаҳрамониҳои Аврупо дошт.
Маълум аст, ки Седих аз аввали соли 1990 бо ҳамсари дуюмаш дар Порис зиндагӣ мекард. Ӯ ба ҳайси омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ дар макотибу коллеҷҳои Фаронса кор мекард.
Духтари Юрий - Алексия Седих қаҳрамони бозиҳои олимпии соли 2010 миёни ҷавонон дар риштаи гурзпартоӣ дар Сингапур мебошад. Ӯ аз номи Фаронса дар мусобиқаҳо иштирок мекунад.