https://sputnik.tj/20211217/bayden-korbaron-internet-ghazab-1044218144.html
"Боз корашро кард!": амали Байден корбарони интернетро ба ғазаб овард - видео
"Боз корашро кард!": амали Байден корбарони интернетро ба ғазаб овард - видео
Sputnik Тоҷикистон
Президенти ИМА Байден номи раиси Пентагонро дубора фаромӯш кард ва дар Твиттер мавриди интиқод қарор гирифт
2021-12-17T14:45+0500
2021-12-17T14:45+0500
2021-12-17T18:33+0500
сиёсат
президент
има
корбарон
ҷо байден
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/01/1043201810_0:0:2872:1617_1920x0_80_0_0_ed3ad19eed631d16918c4a91b2761614.jpg
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Ҷо Байден, раисҷумҳури ИМА бори аввал натавонист ному насаби раиси Пентагон Ллойд Остинро талаффуз кунад, менависад РИА "Новости".Видеои суханронии сарвари ИМА-ро корбарони "Twitter" нашр кардаанд. Ин ҳодиса дар маросими супоридани медалҳои “Шараф” ба сарбозоне, ки дар амалиёти низомӣ дар Ироқу Афғонистон ширкат доштанд, рух додааст. Раҳбари Кохи Сафед ҳангоми изҳори миннатдорӣ номи вазири мудофиаи ИМА-ро муддати дароз ба хотир оварда натавонист. Шарҳнависон амали хиҷолатомези Байденро нодида гирифта натавонистанд. "Оё дар ҳақиқат хондани он чӣ дар варақ навишта шудааст, ин қадар душвор аст?" — пурсидааст Элания. Байден ба зону зада бо низомиён акс гирифт - видео"Вай боз ин корро боз кард!" - изҳори тааҷҷуб кардааст Чарли Спиринг. "Тамоми мамлакат аз вай шарм мекунад", — гуфт дар хотима Уго Бездек. Президенти ИМА мунтазам ба чунин ҳолатҳо дучор мешавад. Ҳамин тавр ӯ Либияву Сурия, Ироқу Эрон, Барак Обама ва Доналд Трампро ба ҳам омехта карда, бори аввал номи раҳбари Русия Владимир Путинро дуруст талаффуз карда натавонист ва сарвазири Австралияро “бачае аз он тараф" номид, чунки номашро фаромӯш карда буд.
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/01/1043201810_141:0:2872:2048_1920x0_80_0_0_902a80e709a6f512f220851fe1cc00db.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷо байден, пентагон, фаромӯш,
ҷо байден, пентагон, фаромӯш,
"Боз корашро кард!": амали Байден корбарони интернетро ба ғазаб овард - видео
14:45 17.12.2021 (Навсозишуда: 18:33 17.12.2021) Президенти ИМА Байден номи раиси Пентагонро дубора фаромӯш кард ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди интиқод қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Ҷо Байден, раисҷумҳури ИМА бори аввал натавонист ному насаби раиси Пентагон Ллойд Остинро талаффуз кунад, менависад РИА "Новости".
Видеои суханронии сарвари ИМА-ро корбарони "Twitter" нашр кардаанд.
Ин ҳодиса дар маросими супоридани медалҳои “Шараф” ба сарбозоне, ки дар амалиёти низомӣ дар Ироқу Афғонистон ширкат доштанд, рух додааст.
Раҳбари Кохи Сафед ҳангоми изҳори миннатдорӣ номи вазири мудофиаи ИМА-ро муддати дароз ба хотир оварда натавонист.
"Ман мехоҳам ба ҳамаи меҳмонони ҳозир дар ин ҷо изҳори сипос намоям. Ба раиси Ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳ, вазир... вазир Остин", - гуфт Байден.
Шарҳнависон амали хиҷолатомези Байденро нодида гирифта натавонистанд.
"Оё дар ҳақиқат хондани он чӣ дар варақ навишта шудааст, ин қадар душвор аст?" — пурсидааст Элания.
"Вай боз ин корро боз кард!" - изҳори тааҷҷуб кардааст Чарли Спиринг.
"Тамоми мамлакат аз вай шарм мекунад", — гуфт дар хотима Уго Бездек.
Президенти ИМА мунтазам ба чунин ҳолатҳо дучор мешавад.
Ҳамин тавр ӯ Либияву Сурия, Ироқу Эрон, Барак Обама ва Доналд Трампро ба ҳам омехта карда, бори аввал номи раҳбари Русия Владимир Путинро дуруст талаффуз карда натавонист ва сарвазири Австралияро “бачае аз он тараф" номид, чунки номашро фаромӯш карда буд.